Асосӣ › Сураҳо › Сураи Muhammad
Сураи Muhammad محمد
38 оят · Мадина · тартиби нузул 95
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَصَدُّوا۟ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ أَضَلَّ أَعْمَٰلَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло талоши кофиронро, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд, табоҳ мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَءَامَنُوا۟ بِمَا نُزِّلَ عَلَىٰ مُحَمَّدٍ وَهُوَ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّهِمْ كَفَّرَ عَنْهُمْ سَيِّـَٔاتِهِمْ وَأَصْلَحَ بَالَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва онон, ки муъмин ва накукор буданд ва ба оёти ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон бар Муҳаммад нозил шудааст, имон овардаанд, бадиҳояшонро мезудояд ва умур [-и дунё ва дин]-ашонро сомон мебахшад [ва ислоҳ мекунад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ ٱتَّبَعُوا۟ ٱلْبَٰطِلَ وَأَنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱتَّبَعُوا۟ ٱلْحَقَّ مِن رَّبِّهِمْ كَذَٰلِكَ يَضْرِبُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ أَمْثَٰلَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин [подош ва ҷазо] бад-он сабаб аст, ки кофирон пайрави ботил шуданд ва муъминон пайрави [оёти] ҳаққи Парвардигорашон. Аллоҳ таоло барои мардум масалҳояшонро чунин баён мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِذَا لَقِيتُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَضَرْبَ ٱلرِّقَابِ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَثْخَنتُمُوهُمْ فَشُدُّوا۟ ٱلْوَثَاقَ فَإِمَّا مَنًّۢا بَعْدُ وَإِمَّا فِدَآءً حَتَّىٰ تَضَعَ ٱلْحَرْبُ أَوْزَارَهَا ذَٰلِكَ وَلَوْ يَشَآءُ ٱللَّهُ لَٱنتَصَرَ مِنْهُمْ وَلَٰكِن لِّيَبْلُوَا۟ بَعْضَكُم بِبَعْضٍ وَٱلَّذِينَ قُتِلُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ فَلَن يُضِلَّ أَعْمَٰلَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Чун бо кофирон [дар майдони ҷанг] рӯ ба рӯ шудед, ононро гардан бизанед [ва ҷангро идома диҳед], то он ки [бисёре аз онҳоро] бикушед, он гоҳ асиронро ба банд кашед, сипас ё бар онон миннат гузоред [ва бидуни ҳеҷ чашмдоште озодашон кунед] ё [аз онон] фидя бигиред [ва раҳояшон кунед], то сангинии ҷанг фурӯкаш кунад. Ин [ҳукми илоҳӣ] аст ва агар Аллоҳ таоло мехост, худ аз онон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то шуморо дар баробари якдигар озмоиш кунад ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шуданд, [Аллоҳ таоло ҳаргиз] натиҷаи талошашонро табоҳ намекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَيَهْدِيهِمْ وَيُصْلِحُ بَالَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло [ба роҳи рост] ҳидояташон хоҳад кард ва умурашонро сомон хоҳад бахшид
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيُدْخِلُهُمُ ٱلْجَنَّةَ عَرَّفَهَا لَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center ва ононро ба биҳиште, ки [авсофашро] барояшон баён кардааст, ворид хоҳад намуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِن تَنصُرُوا۟ ٱللَّهَ يَنصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Эй касоне, ки имон овардаед, агар [дину Паёмбари] Аллоҳро ёрӣ кунед, ӯ низ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро [собиту] устувор медорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَتَعْسًا لَّهُمْ وَأَضَلَّ أَعْمَٰلَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бар кофирон нагунсорӣ ва ҳалок бод! Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَرِهُوا۟ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَٰلَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Зеро он чиро, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, хуш надоштанд, пас, Аллоҳ таоло низ аъмолашонро табоҳ намуд.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَلَمْ يَسِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَيَنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ دَمَّرَ ٱللَّهُ عَلَيْهِمْ وَلِلْكَٰفِرِينَ أَمْثَٰلُهَا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Аллоҳ таоло [хонаҳояшонро] бар сарашон вайрон кард [ва ононро нобуд сохт] ва ин кофирон [низ кайфаре] ҳаммонанди он [дар пеш] хоҳанд дошт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ مَوْلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَأَنَّ ٱلْكَٰفِرِينَ لَا مَوْلَىٰ لَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Зеро Аллоҳ таоло [ёвару] корсози муъминон аст, ва[-ле] кофирон ҳеҷ корсозе надоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱللَّهَ يُدْخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ يَتَمَتَّعُونَ وَيَأْكُلُونَ كَمَا تَأْكُلُ ٱلْأَنْعَٰمُ وَٱلنَّارُ مَثْوًى لَّهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло муъминони накукорро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва кофирон [танҳо дар дунё] баҳраманд мешаванд ва ҳамчун чаҳорпоён мехӯранд ва оташ [-и дузах] ҷойгоҳашон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكَأَيِّن مِّن قَرْيَةٍ هِىَ أَشَدُّ قُوَّةً مِّن قَرْيَتِكَ ٱلَّتِىٓ أَخْرَجَتْكَ أَهْلَكْنَٰهُمْ فَلَا نَاصِرَ لَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чи бисёр шаҳрҳое, ки сокинонаш аз [мардуми] шаҳри ту, ки берунат кардаанд, тавонмандтар буданд. Мо ҳалокашон кардем ва [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре надоштанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَمَن كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّهِۦ كَمَن زُيِّنَ لَهُۥ سُوٓءُ عَمَلِهِۦ وَٱتَّبَعُوٓا۟ أَهْوَآءَهُم
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё касе, ки бар шеваи равшане аз ҷониби Парвардигори хеш аст, ҳамчун касоне аст, ки зиштии рафторашон дар назарашон ороста шуда ва аз ҳавасҳои хеш пайравӣ мекунанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَّثَلُ ٱلْجَنَّةِ ٱلَّتِى وُعِدَ ٱلْمُتَّقُونَ فِيهَآ أَنْهَٰرٌ مِّن مَّآءٍ غَيْرِ ءَاسِنٍ وَأَنْهَٰرٌ مِّن لَّبَنٍ لَّمْ يَتَغَيَّرْ طَعْمُهُۥ وَأَنْهَٰرٌ مِّنْ خَمْرٍ لَّذَّةٍ لِّلشَّٰرِبِينَ وَأَنْهَٰرٌ مِّنْ عَسَلٍ مُّصَفًّى وَلَهُمْ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَمَغْفِرَةٌ مِّن رَّبِّهِمْ كَمَنْ هُوَ خَٰلِدٌ فِى ٱلنَّارِ وَسُقُوا۟ مَآءً حَمِيمًا فَقَطَّعَ أَمْعَآءَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Васфи биҳиште, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда, [чунин аст, ки] дар он ҷӯйборҳое ҷорӣ аст, ки таъми обаш тағйирнопазир аст ва ҷӯйборҳое аз шир, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки мояи лаззати нӯшандагон аст ва ҷӯйборҳое аз асали ноб ва дар он ҷо ҳамаи [анвои] меваҳо дар дастрасашон аст ва [аз ҳама бартар] омурзиши Парвардигорашон. Оё [биҳиштиён] чун сокинони ҷовидони дузаханд, ки обе чунон ҷӯшон ба онон менӯшонанд, ки рӯдаҳояшонро муталошӣ [пора-пора] мекунад?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِنْهُم مَّن يَسْتَمِعُ إِلَيْكَ حَتَّىٰٓ إِذَا خَرَجُوا۟ مِنْ عِندِكَ قَالُوا۟ لِلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْعِلْمَ مَاذَا قَالَ ءَانِفًا أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَٱتَّبَعُوٓا۟ أَهْوَآءَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] бархе аз мунофиқон ба [гуфтори] ту гӯш фаро медиҳанд ва чун аз ҳузурат хориҷ мешаванд, ба аҳли дониш [бо тамасхур] мегӯянд: «[Фаҳмидед] Лаҳазоте пеш чи мегуфт?» Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳри [ғафлат] ниҳодааст ва онон аз ҳавасҳои хеш пайравӣ кардаанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ ٱهْتَدَوْا۟ زَادَهُمْ هُدًى وَءَاتَىٰهُمْ تَقْوَىٰهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло бар ҳидояти парҳезкорон меафзояд ва парҳезкориашон [-ро қувват] мебахшад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَهَلْ يَنظُرُونَ إِلَّا ٱلسَّاعَةَ أَن تَأْتِيَهُم بَغْتَةً فَقَدْ جَآءَ أَشْرَاطُهَا فَأَنَّىٰ لَهُمْ إِذَا جَآءَتْهُمْ ذِكْرَىٰهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё кофирон ҷуз ин интизор доранд, ки қиёмат ногаҳон бар онон фаро расад, дар ҳоле ки нишонаҳои он ошкор шудааст? Пас, он гоҳ ки қиёмат фаро расад, панд гирифтанашон чи суде хоҳад дошт?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱعْلَمْ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ وَٱسْتَغْفِرْ لِذَنۢبِكَ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَٱلْمُؤْمِنَٰتِ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ مُتَقَلَّبَكُمْ وَمَثْوَىٰكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] бидон, ки маъбуде [ба ҳақ] ба ҷуз Аллоҳ таоло нест ва барои гуноҳи хеш ва [гуноҳи] мардон ва занони муъмин омурзиш бихоҳ ва [ба ёд дошта бош, ки] Аллоҳ таоло маҳалли рафтуомад [-и рӯзона] ва оромидан [-и шабона]-и шуморо медонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَوْلَا نُزِّلَتْ سُورَةٌ فَإِذَآ أُنزِلَتْ سُورَةٌ مُّحْكَمَةٌ وَذُكِرَ فِيهَا ٱلْقِتَالُ رَأَيْتَ ٱلَّذِينَ فِى قُلُوبِهِم مَّرَضٌ يَنظُرُونَ إِلَيْكَ نَظَرَ ٱلْمَغْشِىِّ عَلَيْهِ مِنَ ٱلْمَوْتِ فَأَوْلَىٰ لَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Муъминон мегӯянд: «Чаро сурае [дар бораи иҷозати ҷиҳод] нозил намешавад?» Аммо ҳангоме ки оёти сареҳе дар мавриди ҷанг нозил мегардад, [мунофиқону] бемордилонро мебинӣ, ки ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг дар ҳоли беҳушӣ шуда бошад, ба ту менигаранд, [маргу азоби илоҳӣ] бар онон шоистатар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
طَاعَةٌ وَقَوْلٌ مَّعْرُوفٌ فَإِذَا عَزَمَ ٱلْأَمْرُ فَلَوْ صَدَقُوا۟ ٱللَّهَ لَكَانَ خَيْرًا لَّهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Итоату гуфтори шоиста [беҳтар аст] ва чун тасмими қатъӣ [-и ҷиҳод] гирифта шавад, агар [дар тааҳҳуди худ] бо Аллоҳ таоло содиқ бошанд, барои онон [аз нифоқ ва саркашӣ] беҳтар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَهَلْ عَسَيْتُمْ إِن تَوَلَّيْتُمْ أَن تُفْسِدُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ وَتُقَطِّعُوٓا۟ أَرْحَامَكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй мунофиқон] Оё [ҷуз ин] интизор доред, ки агар [аз Қуръону суннати паёмбараш] рӯй бигардонед, дар замин табоҳӣ кунед ва аз хешовандонатон бибуред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَعَنَهُمُ ٱللَّهُ فَأَصَمَّهُمْ وَأَعْمَىٰٓ أَبْصَٰرَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Инон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло [бо дурӣ аз раҳмати хеш] лаънаташон кардааст, пас, [гӯши дили] эшонро кар ва чашми [дили] ононро кӯр сохтааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ ٱلْقُرْءَانَ أَمْ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقْفَالُهَآ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд ё бар дилҳояшон қуфлҳо[-и ғафлат] ниҳода шудааст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱرْتَدُّوا۟ عَلَىٰٓ أَدْبَٰرِهِم مِّنۢ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلْهُدَى ٱلشَّيْطَٰنُ سَوَّلَ لَهُمْ وَأَمْلَىٰ لَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки пас аз равшан шудани [роҳи] ҳидоят ба роҳи пешини хеш бозгаштаанд [ва муртад шуданд], шайтон [аъмоли зишташонро] барояшон ороста ва [бо орзуҳои дароз] фиребашон додааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا۟ لِلَّذِينَ كَرِهُوا۟ مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ سَنُطِيعُكُمْ فِى بَعْضِ ٱلْأَمْرِ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ إِسْرَارَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин [ҷаҳлу гумроҳӣ] бад-он хотир аст, ки мунофиқон ба мушриконе, ки аз ваҳйи илоҳӣ кароҳат доштанд, гуфтанд: «Мо дар бархе аз умур аз шумо пайравӣ мекунем» ва Аллоҳ таоло пинҳонкориашонро медонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَكَيْفَ إِذَا تَوَفَّتْهُمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ يَضْرِبُونَ وُجُوهَهُمْ وَأَدْبَٰرَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, он гоҳ ки фариштагони илоҳӣ бар чеҳра ва пушташон мезананд ва ҷонашонро мегиранд, [ҳоли ин мунофиқон] чи гуна хоҳад буд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ ٱتَّبَعُوا۟ مَآ أَسْخَطَ ٱللَّهَ وَكَرِهُوا۟ رِضْوَٰنَهُۥ فَأَحْبَطَ أَعْمَٰلَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин [кайфар] аз он рӯст, ки онон пайрави роҳе шуданд, ки Аллоҳро ба хашм меоварад ва аз анҷоми корҳое, ки муҷиби хушнудии илоҳӣ мешавад, кароҳат доштанд. Пас, [Аллоҳ таоло низ натиҷаи] корҳояшонро табоҳ сохт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ حَسِبَ ٱلَّذِينَ فِى قُلُوبِهِم مَّرَضٌ أَن لَّن يُخْرِجَ ٱللَّهُ أَضْغَٰنَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё бемордилон [-и мунофиқ] пиндоштаанд, ки Аллоҳ таоло ҳаргиз кинаҳояшонро ошкор нахоҳад сохт?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ نَشَآءُ لَأَرَيْنَٰكَهُمْ فَلَعَرَفْتَهُم بِسِيمَٰهُمْ وَلَتَعْرِفَنَّهُمْ فِى لَحْنِ ٱلْقَوْلِ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ أَعْمَٰلَكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] агар мехостем, ононро ба ту нишон медодем, ки [ботини] эшонро аз зоҳирашон бозшиносӣ; ва мусалламан аз шеваи суханашон ба хубӣ ононро хоҳӣ шинохт ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз корҳоятон огоҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ حَتَّىٰ نَعْلَمَ ٱلْمُجَٰهِدِينَ مِنكُمْ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَنَبْلُوَا۟ أَخْبَارَكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳатман, [ҳамаи] шуморо озмоиш мекунем, то аз миёнатон муҷоҳидон ва шикебоёнро бозшиносем ва аҳволи шуморо меозмоем [то ростгӯён мушаххас гарданд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَصَدُّوا۟ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَشَآقُّوا۟ ٱلرَّسُولَ مِنۢ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلْهُدَىٰ لَن يَضُرُّوا۟ ٱللَّهَ شَيْـًٔا وَسَيُحْبِطُ أَعْمَٰلَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки пас аз равшан шудани роҳи ҳидоят бар онон, куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва ба мухолифат бо паёмбар бархостанд, ҳаргиз зиёне ба Аллоҳ таоло нахоҳанд расонид ва [Аллоҳ таоло низ натиҷаи] аъмолашонро табоҳ хоҳад сохт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَأَطِيعُوا۟ ٱلرَّسُولَ وَلَا تُبْطِلُوٓا۟ أَعْمَٰلَكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Эй муъминон, ба Аллоҳ таоло ва паёмбар итоат кунед ва [бо куфру риё] аъмоли [шоистаи] хешро табоҳ накунед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَصَدُّوا۟ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ مَاتُوا۟ وَهُمْ كُفَّارٌ فَلَن يَغْفِرَ ٱللَّهُ لَهُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки куфр варзиданд ва [дигаронро низ] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва дар ҳоли куфр мурданд, Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро нахоҳад омурзид
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَا تَهِنُوا۟ وَتَدْعُوٓا۟ إِلَى ٱلسَّلْمِ وَأَنتُمُ ٱلْأَعْلَوْنَ وَٱللَّهُ مَعَكُمْ وَلَن يَتِرَكُمْ أَعْمَٰلَكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [эй муъминон аз рӯёрӯӣ бо душманон] сустӣ наварзед ва [аз тарси ҷанг ононро] ба сулҳу оштӣ даъват накунед, дар ҳоле ки шумо бартаред ва Аллоҳ таоло бо шумост ва аз [подоши] аъмолатон нахоҳад кост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ وَإِن تُؤْمِنُوا۟ وَتَتَّقُوا۟ يُؤْتِكُمْ أُجُورَكُمْ وَلَا يَسْـَٔلْكُمْ أَمْوَٰلَكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ба ростӣ, ки зиндагии дунё бозича ва саргармӣ аст; ва агар имон биёваред ва парҳезкорӣ кунед, [Аллоҳ таоло] подошатонро [бекаму кост] хоҳад дод ва [тамоми] амволатонро намехоҳад [балки мефармояд, ки закоташро бипардозед]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِن يَسْـَٔلْكُمُوهَا فَيُحْفِكُمْ تَبْخَلُوا۟ وَيُخْرِجْ أَضْغَٰنَكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар [тамоми] онро аз шумо бихоҳад ва [бар ин дастур] исрор кунад, бухл меварзед ва [ин кор] кинаҳоятонро ошкор месозад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَٰٓأَنتُمْ هَٰٓؤُلَآءِ تُدْعَوْنَ لِتُنفِقُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ فَمِنكُم مَّن يَبْخَلُ وَمَن يَبْخَلْ فَإِنَّمَا يَبْخَلُ عَن نَّفْسِهِۦ وَٱللَّهُ ٱلْغَنِىُّ وَأَنتُمُ ٱلْفُقَرَآءُ وَإِن تَتَوَلَّوْا۟ يَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُونُوٓا۟ أَمْثَٰلَكُم
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Огоҳ бошед! Шумо касоне ҳастед, ки барои инфоқ дар роҳи Аллоҳ таоло даъват мешавед, вале бархе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар ки бухл биварзад, ба зиёни хеш бухл варзидааст ва Аллоҳ таоло бениёз аст ва [ин шумо ҳастед, ки] ниёзмандед ва агар [аз ислом ба сӯйи куфр] бозгардед, Аллоҳ таоло гурӯҳи дигареро ҷойгузинатон хоҳад кард, ки ҳамчун шумо [ба бухл мубтало] набошанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Al-Ahqaf
Сураи Al-Fath →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.