caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Ahzaab, ояти 37

Мадина · тартиби нузул 90 · 33:37

وَإِذْ تَقُولُ لِلَّذِىٓ أَنْعَمَ ٱللَّهُ عَلَيْهِ وَأَنْعَمْتَ عَلَيْهِ أَمْسِكْ عَلَيْكَ زَوْجَكَ وَٱتَّقِ ٱللَّهَ وَتُخْفِى فِى نَفْسِكَ مَا ٱللَّهُ مُبْدِيهِ وَتَخْشَى ٱلنَّاسَ وَٱللَّهُ أَحَقُّ أَن تَخْشَىٰهُ فَلَمَّا قَضَىٰ زَيْدٌ مِّنْهَا وَطَرًا زَوَّجْنَٰكَهَا لِكَىْ لَا يَكُونَ عَلَى ٱلْمُؤْمِنِينَ حَرَجٌ فِىٓ أَزْوَٰجِ أَدْعِيَآئِهِمْ إِذَا قَضَوْا۟ مِنْهُنَّ وَطَرًا وَكَانَ أَمْرُ ٱللَّهِ مَفْعُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба ёд овар] Вақте ба [Зайд ибни Ҳориса]-касе, ки Аллоҳ таоло ба ӯ неъмат [Ислом] дода буд ва ту неъмат [озодӣ] бахшида будӣ- [ба насиҳат] мегуфтӣ: «Ҳамсаратро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ таоло парво кун» ва дар дили хеш [дар мавриди издивоҷ бо Зайнаб пас аз талоқаш] пинҳон медоштӣ, ки Аллоҳ таоло ошкоркунандаи он буд ва [чун ин издивоҷ бо суннатҳои ҷоҳилӣ мухолиф буд] аз [сарзаниши] мардум метарсидӣ; ҳол он ки Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, ҳангоме ки Зайд ниёзашро аз вай ба поён бурд [ва талоқаш дод], ӯро ба издивоҷи ту даровардем, то барои муъминон дар мавриди издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон, ки аз онон ком гирифтаанд [ва талоқашон додаанд], ҳеҷ гуноҳе набошад; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора анҷомпазир аст
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70