caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи At-Taghaabun التغابن

18 оят · Мадина · тартиби нузул 108

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ لَهُ ٱلْمُلْكُ وَلَهُ ٱلْحَمْدُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, ҳама тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва сипос [-у ситоиш низ] аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَكُمْ فَمِنكُمْ كَافِرٌ وَمِنكُم مُّؤْمِنٌ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки шуморо офарид; пас, [гурӯҳе] аз шумо кофиранд ва [гурӯҳе] аз шумо муъмин ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِٱلْحَقِّ وَصَوَّرَكُمْ فَأَحْسَنَ صُوَرَكُمْ وَإِلَيْهِ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОсмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва шуморо [дар раҳими модаронатон] шаклу сурат бахшид. Пас, шаклу сурататонро наку [ва зебо] гардонд, ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَعْلَمُ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَيَعْلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعْلِنُونَ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва он чиро пинҳон медоред ва он чиро ки ошкор мекунед, [низ] медонад; ва Аллоҳ таоло аз он чи дар синаҳост, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَؤُا۟ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِن قَبْلُ فَذَاقُوا۟ وَبَالَ أَمْرِهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё хабари касонеро, ки пеш аз ин кофир шуданд, ба шумо нарасидааст? Онҳо [таъми] кайфари кори худро чашиданд ва азоби дардноке хоҳанд дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُۥ كَانَت تَّأْتِيهِمْ رُسُلُهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ فَقَالُوٓا۟ أَبَشَرٌ يَهْدُونَنَا فَكَفَرُوا۟ وَتَوَلَّوا۟ وَّٱسْتَغْنَى ٱللَّهُ وَٱللَّهُ غَنِىٌّ حَمِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн бад-он сабаб аст, ки паёмбаронашон бо муъҷизот [ва далоили равшан] ба сӯйи онон омаданд, пас, [онҳо аз рӯи такаббур] гуфтанд: «Оё башаре [монанди мо] мехоҳад ҳидоятамон кунад?». Он гоҳ кофир шуданд ва рӯй гардонданд ва Аллоҳ таоло [аз онон ва имонашон] бениёз буд; ва Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

زَعَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَن لَّن يُبْعَثُوا۟ قُلْ بَلَىٰ وَرَبِّى لَتُبْعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلْتُمْ وَذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки кофир шуданд, гумон бурданд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигӯ: «Оре; ба Парвардигорам савганд, яқинан [ҳама] барангехта хоҳед шуд; он гоҳ аз он чи мекардед, ба шумо хабар хоҳанд дод ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло осон аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَـَٔامِنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَٱلنُّورِ ٱلَّذِىٓ أَنزَلْنَا وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва нуре, ки нозил кардаем, имон биёваред; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ يَجْمَعُكُمْ لِيَوْمِ ٱلْجَمْعِ ذَٰلِكَ يَوْمُ ٱلتَّغَابُنِ وَمَن يُؤْمِنۢ بِٱللَّهِ وَيَعْمَلْ صَٰلِحًا يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّـَٔاتِهِۦ وَيُدْخِلْهُ جَنَّٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًا ذَٰلِكَ ٱلْفَوْزُ ٱلْعَظِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки ҳамаи шуморо [дар маҳшар] гирд меоварад. Он рӯз рӯзи зиёнкоре аст ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, гуноҳони ӯро мебахшад ва ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он мемонанд. Ин комёбии бузург аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَكَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَآ أُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلنَّارِ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки кофир шуданд ва оёти Моро такзиб карданд, онон аҳли оташ [-и дузах]-анд ва ҷовидона дар он мемонанд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ وَمَن يُؤْمِنۢ بِٱللَّهِ يَهْدِ قَلْبَهُۥ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲеҷ мусибате [ба инсон] намерасад, магар ба ҳукм [-у фармони] Аллоҳ таоло; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад, [Аллоҳ таоло] қалбашро ҳидоят мекунад; ва Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَأَطِيعُوا۟ ٱلرَّسُولَ فَإِن تَوَلَّيْتُمْ فَإِنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا ٱلْبَلَٰغُ ٱلْمُبِينُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз Аллоҳ таоло итоат кунед ва расулро [низ] итоат кунед. Пас, агар рӯй бигардонед, [бидонед, ки] фиристодаи Мо вазифае ҷуз иблоғи ошкор надорад.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; пас муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِنَّ مِنْ أَزْوَٰجِكُمْ وَأَوْلَٰدِكُمْ عَدُوًّا لَّكُمْ فَٱحْذَرُوهُمْ وَإِن تَعْفُوا۟ وَتَصْفَحُوا۟ وَتَغْفِرُوا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, ба ростӣ, ки [баъзе] аз ҳамсаронатон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд; пас, аз онҳо барҳазар бошед; ва агар афв кунед ва чашм бипӯшед ва бибахшед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَآ أَمْوَٰلُكُمْ وَأَوْلَٰدُكُمْ فِتْنَةٌ وَٱللَّهُ عِندَهُۥٓ أَجْرٌ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҶуз ин нест, ки амволу фарзандонатон василаи омурзиши [шумо] ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши бузург назди Ӯст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ مَا ٱسْتَطَعْتُمْ وَٱسْمَعُوا۟ وَأَطِيعُوا۟ وَأَنفِقُوا۟ خَيْرًا لِّأَنفُسِكُمْ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِۦ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва [ҳақро] бишнавед ва фармон баред ва инфоқ кунед, ки барои худи шумо беҳтар аст; ва касоне, ки аз бухлу ҳирси нафси хеш дар амон бимонанд, ононанд, ки растагоранд.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن تُقْرِضُوا۟ ٱللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا يُضَٰعِفْهُ لَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ وَٱللَّهُ شَكُورٌ حَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед, онро барои шумо афзун мекунад ва шуморо меомурзад; ва Аллоҳ таоло қадршиноси бурдбор аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَٰلِمُ ٱلْغَيْبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ] Донои ниҳону ошкор [ва] бузургу баландмартаба аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70