caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Hashr الحشر

24 оят · Мадина · тартиби нузул 101

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِىٓ أَخْرَجَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ مِن دِيَٰرِهِمْ لِأَوَّلِ ٱلْحَشْرِ مَا ظَنَنتُمْ أَن يَخْرُجُوا۟ وَظَنُّوٓا۟ أَنَّهُم مَّانِعَتُهُمْ حُصُونُهُم مِّنَ ٱللَّهِ فَأَتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِنْ حَيْثُ لَمْ يَحْتَسِبُوا۟ وَقَذَفَ فِى قُلُوبِهِمُ ٱلرُّعْبَ يُخْرِبُونَ بُيُوتَهُم بِأَيْدِيهِمْ وَأَيْدِى ٱلْمُؤْمِنِينَ فَٱعْتَبِرُوا۟ يَٰٓأُو۟لِى ٱلْأَبْصَٰرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки касоне аз аҳли китобро, ки кофир шуданд, бо нахустин бархӯрд [ва гирдоварии лашкар] аз диёрашон берун ронд. Гумон намекардед, ки онҳо хориҷ шуданд ва худашон [низ] гумон мекарданд, ки дижҳо [-и муҳкам]а-шон онҳоро аз [азоби] Аллоҳ таоло монеъ мешавад; пас, [азоби] Аллоҳ таоло аз ҷойе, ки гумон намекарданд, ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон тарсу ваҳшат афканд, [ба гунае ки] хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти муъминон вайрон мекарданд; пас, эй соҳибони биниш, ибрат гиред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْلَآ أَن كَتَبَ ٱللَّهُ عَلَيْهِمُ ٱلْجَلَآءَ لَعَذَّبَهُمْ فِى ٱلدُّنْيَا وَلَهُمْ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ عَذَابُ ٱلنَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар Аллоҳ таоло тарки ватан [ва оворагӣ]-ро бар онон муқаррар надошта буд, яқинан ононро дар [ҳамин] дунё азоб мекард ва барои эшон дар охират азоби оташ [-и ҷаҳаннам] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ شَآقُّوا۟ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَمَن يُشَآقِّ ٱللَّهَ فَإِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [оворагӣ ва азоб] ба хотири он аст, ки онҳо бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] карданд ва ҳар кас бо Аллоҳ таоло мухолифат [ва душманӣ] кунад, бе гумон, Аллоҳ таоло сахткайфар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا قَطَعْتُم مِّن لِّينَةٍ أَوْ تَرَكْتُمُوهَا قَآئِمَةً عَلَىٰٓ أُصُولِهَا فَبِإِذْنِ ٱللَّهِ وَلِيُخْزِىَ ٱلْفَٰسِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи аз дарахти хурмо буридед ва ё онро истода бар решааш боқӣ гузоридед, ба фармони Аллоҳ таоло буд, то фосиқонро хор [-у расво] созад.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَفَآءَ ٱللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ مِنْهُمْ فَمَآ أَوْجَفْتُمْ عَلَيْهِ مِنْ خَيْلٍ وَلَا رِكَابٍ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يُسَلِّطُ رُسُلَهُۥ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] онҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, пас, бар он [амвол] на аспе тохтед ва на шутуре; вале Аллоҳ таоло расулонашро бар ҳар кас, ки бихоҳад, чира мегардонад ва Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّآ أَفَآءَ ٱللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ مِنْ أَهْلِ ٱلْقُرَىٰ فَلِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِى ٱلْقُرْبَىٰ وَٱلْيَتَٰمَىٰ وَٱلْمَسَٰكِينِ وَٱبْنِ ٱلسَّبِيلِ كَىْ لَا يَكُونَ دُولَةًۢ بَيْنَ ٱلْأَغْنِيَآءِ مِنكُمْ وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمْ عَنْهُ فَٱنتَهُوا۟ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] аҳли ободиҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, аз они Аллоҳ таоло ва расул ва хешовандони ӯ ва ятимон ва бенавоён ва дарроҳмондагон аст. То [ин амвол] дар миёни сарватмандони шумо даст ба даст нашавад; ва он чи ки расулуллоҳ ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он наҳй кард, даст бардоред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِلْفُقَرَآءِ ٱلْمُهَٰجِرِينَ ٱلَّذِينَ أُخْرِجُوا۟ مِن دِيَٰرِهِمْ وَأَمْوَٰلِهِمْ يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضْوَٰنًا وَيَنصُرُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин амвол] Барои фуқарои муҳоҷире аст, ки аз хона ва амволашон берун ронда шуданд, аз Аллоҳ таоло фазл ва хушнудӣ металабанд ва Аллоҳ таоло ва паёмбарашро ёрӣ мекунанд. Онҳо ростгӯёнанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ تَبَوَّءُو ٱلدَّارَ وَٱلْإِيمَٰنَ مِن قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ وَلَا يَجِدُونَ فِى صُدُورِهِمْ حَاجَةً مِّمَّآ أُوتُوا۟ وَيُؤْثِرُونَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِۦ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] касоне, ки пеш аз онон дар диёри ислом [Мадина] ҷой гирифта ва имон овардаанд, афродеро, ки ба сӯяшон ҳиҷрат мекунанд, дӯст доранд ва дар дилҳои худ аз он чи [ба муҳоҷирон] дода шуда, эҳсоси ҳасад [ва ниёз] намекунанд ва эшонро бар худ муқаддам медоранд, ҳатто агар худ ниёзманд бошанд; ва касоне, ки аз бухл [-у ҳирс]-и нафси хеш дар амон бимонанд [ва дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунанд], онон растагоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ جَآءُو مِنۢ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا ٱغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَٰنِنَا ٱلَّذِينَ سَبَقُونَا بِٱلْإِيمَٰنِ وَلَا تَجْعَلْ فِى قُلُوبِنَا غِلًّا لِّلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ رَبَّنَآ إِنَّكَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] Касоне, ки пас аз онҳо [пас аз муҳоҷирону ансор] омадаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, мо ва бародаронамонро, ки дар имон бар мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳоямон нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, кинае қарор мадеҳ. Парвардигоро, бе гумон, Ту дилсӯзи меҳрубонӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ نَافَقُوا۟ يَقُولُونَ لِإِخْوَٰنِهِمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ لَئِنْ أُخْرِجْتُمْ لَنَخْرُجَنَّ مَعَكُمْ وَلَا نُطِيعُ فِيكُمْ أَحَدًا أَبَدًا وَإِن قُوتِلْتُمْ لَنَنصُرَنَّكُمْ وَٱللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكَٰذِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё мунофиқонро надидӣ, ки пайваста ба бародарони аҳли китобашон, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Агар шуморо [аз сарзаминатон] берун кунанд, мо [низ] бо шумо берун хоҳем омад ва ҳаргиз [сухани] касеро дар мавриди шумо итоат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷанг шавад, албатта ёритон хоҳем кард?». Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурӯғгӯ ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَئِنْ أُخْرِجُوا۟ لَا يَخْرُجُونَ مَعَهُمْ وَلَئِن قُوتِلُوا۟ لَا يَنصُرُونَهُمْ وَلَئِن نَّصَرُوهُمْ لَيُوَلُّنَّ ٱلْأَدْبَٰرَ ثُمَّ لَا يُنصَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар онҳо [яҳудиён]-ро [аз ватанашон] берун кунанд, эшон ҳамроҳи онон берун намераванд ва агар бо онҳо ҷанг шавад, ёриашон нахоҳанд кард ва агар [ҳам] ёриашон кунанд, албатта, пушт [ба майдон] карда, фирор мекунанд ва дигар ёрӣ дода намешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَأَنتُمْ أَشَدُّ رَهْبَةً فِى صُدُورِهِم مِّنَ ٱللَّهِ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَّا يَفْقَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй муъминон] Шумо, ҳатман, дар дилҳои онон беш аз Аллоҳ таоло мояи ҳаросед, зеро онон мардумоне ҳастанд, ки намефаҳманд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا يُقَٰتِلُونَكُمْ جَمِيعًا إِلَّا فِى قُرًى مُّحَصَّنَةٍ أَوْ مِن وَرَآءِ جُدُرٍۭ بَأْسُهُم بَيْنَهُمْ شَدِيدٌ تَحْسَبُهُمْ جَمِيعًا وَقُلُوبُهُمْ شَتَّىٰ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَّا يَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнҳо [яҳудиён] ҳаргиз дастаҷамъӣ бо шумо намеҷанганд, магар дар рустоҳо [ва дижҳо]-и муҳкам ё аз пушти деворҳо. Ҷангашон дар миёни худашон сахт аст. Ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ, дар холе ки дилҳояшон пароканда аст, зеро онҳо қавме ҳастанд, ки намеандешанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَمَثَلِ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ قَرِيبًا ذَاقُوا۟ وَبَالَ أَمْرِهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Достони ин яҳудиён] Монанди [достони] касонест, ки андаке пеш аз онон буданд [ва дар воқеаи Бадр] сазои кор [-и бад]-и худро чашиданд ва барои эшон азоби дардноке [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَمَثَلِ ٱلشَّيْطَٰنِ إِذْ قَالَ لِلْإِنسَٰنِ ٱكْفُرْ فَلَمَّا كَفَرَ قَالَ إِنِّى بَرِىٓءٌ مِّنكَ إِنِّىٓ أَخَافُ ٱللَّهَ رَبَّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамчун [достони] шайтон аст, ҳангоме ки ба инсон гуфт: «Кофир шав»; пас, чун кофир шуд, [ба ӯ] гуфт: «Ман аз ту безорам, [чаро ки] ман аз Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – метарсам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَكَانَ عَٰقِبَتَهُمَآ أَنَّهُمَا فِى ٱلنَّارِ خَٰلِدَيْنِ فِيهَا وَذَٰلِكَ جَزَٰٓؤُا۟ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, саранҷом [-и кор]-и онҳо ин шуд, ки онҳо ҳар ду дар оташи [дузах] хоҳанд буд. Ҷовидона дар он мемонанд ва ин аст кайфари ситамгорон.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَلْتَنظُرْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ لِغَدٍ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرٌۢ بِمَا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо чи пеш фиристодааст ва аз Аллоҳ таоло битарсед. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَكُونُوا۟ كَٱلَّذِينَ نَسُوا۟ ٱللَّهَ فَأَنسَىٰهُمْ أَنفُسَهُمْ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْفَٰسِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамчун касоне набошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд, пас, Аллоҳ таоло [низ] ононро дучори худфаромӯшӣ сохт. Онҳо [бадкору] нофармонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا يَسْتَوِىٓ أَصْحَٰبُ ٱلنَّارِ وَأَصْحَٰبُ ٱلْجَنَّةِ أَصْحَٰبُ ٱلْجَنَّةِ هُمُ ٱلْفَآئِزُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз аҳли ҷаҳаннам ва аҳли биҳишт яксон нестанд. Аҳли биҳишт растагоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَوْ أَنزَلْنَا هَٰذَا ٱلْقُرْءَانَ عَلَىٰ جَبَلٍ لَّرَأَيْتَهُۥ خَٰشِعًا مُّتَصَدِّعًا مِّنْ خَشْيَةِ ٱللَّهِ وَتِلْكَ ٱلْأَمْثَٰلُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар ин Қуръонро бар кӯҳе нозил мекардем, яқинан, онро аз тарси Аллоҳ таоло фурутан ва аз ҳам пошида медидӣ; ва ин масалҳоро барои мардум мезанем, бошад, ки бияндешанд.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِى لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ عَٰلِمُ ٱلْغَيْبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ هُوَ ٱلرَّحْمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ Аллоҳ таоло аст, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ростин] нест; донои ғайб ва ошкор аст; Ӯ бахшандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِى لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلْمَلِكُ ٱلْقُدُّوسُ ٱلسَّلَٰمُ ٱلْمُؤْمِنُ ٱلْمُهَيْمِنُ ٱلْعَزِيزُ ٱلْجَبَّارُ ٱلْمُتَكَبِّرُ سُبْحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ Аллоҳест, ки ҷуз Ӯ маъбуде [баҳақ] нест; [Ӯст] фармонраво, муназзаҳ, беайб ва нуқс, тасдиқкунандаи паёмбаронаш, муроқиб [-и аъмоли бандагонаш], қудратманди шикастнопазир, шукӯҳманду шикастдиҳандаи мутлақ, воломақому шоистаи азамат. Аллоҳ таоло аз он чи [барои Ӯ] шарик меоваранд, поку муназзаҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱللَّهُ ٱلْخَٰلِقُ ٱلْبَارِئُ ٱلْمُصَوِّرُ لَهُ ٱلْأَسْمَآءُ ٱلْحُسْنَىٰ يُسَبِّحُ لَهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ Аллоҳ таоло аст: холиқи ҳастӣ, офаридгори он аз нестӣ [ва] шаклдиҳандаи махлуқот; номҳои нек барои Ӯст. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳи Ӯ мегӯянд ва Ӯ қудратманди шикастнопазир [ва] ҳаким аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70