caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Mujaadila المجادلة

22 оят · Мадина · тартиби нузул 105

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ قَدْ سَمِعَ ٱللَّهُ قَوْلَ ٱلَّتِى تُجَٰدِلُكَ فِى زَوْجِهَا وَتَشْتَكِىٓ إِلَى ٱللَّهِ وَٱللَّهُ يَسْمَعُ تَحَاوُرَكُمَآ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌۢ بَصِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло сухани он занро шунид, ки бо ту дар бораи шавҳараш суҳбат мекард ва ба Аллоҳ таоло шикоят мебурд. Аллоҳ таоло гуфтугӯи шуморо мешунавад, чаро ки Аллоҳ таоло шунавои биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يُظَٰهِرُونَ مِنكُم مِّن نِّسَآئِهِم مَّا هُنَّ أُمَّهَٰتِهِمْ إِنْ أُمَّهَٰتُهُمْ إِلَّا ٱلَّٰٓـِٔى وَلَدْنَهُمْ وَإِنَّهُمْ لَيَقُولُونَ مُنكَرًا مِّنَ ٱلْقَوْلِ وَزُورًا وَإِنَّ ٱللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне аз шумо, ки ҳамсарони хешро [аз лиҳози ҳурмати ҳамбистарӣ ҳамчун] модари худ талаққӣ мекунанд, [бидонанд, ки] он занон ҳаргиз модаронашон нахоҳанд буд; модарони эшон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро ба дунё овардаанд. Онон сухане нописанд ва ноҳақ мегӯянд ва [агар тавба кунанд] Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ يُظَٰهِرُونَ مِن نِّسَآئِهِمْ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُوا۟ فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مِّن قَبْلِ أَن يَتَمَآسَّا ذَٰلِكُمْ تُوعَظُونَ بِهِۦ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки занонашонро зиҳор мекунанд, сипас аз он чи гуфтаанд, бозмегарданд, бояд пеш аз омезиши ҷинсӣ бо ҳам бардаеро озод кунанд. Ин ҳукмест, ки ба он [панду] андарз дода мешавед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ مِن قَبْلِ أَن يَتَمَآسَّا فَمَن لَّمْ يَسْتَطِعْ فَإِطْعَامُ سِتِّينَ مِسْكِينًا ذَٰلِكَ لِتُؤْمِنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتِلْكَ حُدُودُ ٱللَّهِ وَلِلْكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, касе, ки [бардаеро] наёбад, пеш аз омезиши ҷинсӣ ду моҳ паёпай рӯза бигирад ва касе, ки наметавонад [рӯза бигирад, дар он сурат] бояд шаст мискинро таом диҳад. Ин [каффора] барои он аст, ки ба Аллоҳ таоло ва расулаш имон биёваред ва инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст ва барои кофирон азоби дардноке [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُحَآدُّونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ كُبِتُوا۟ كَمَا كُبِتَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَقَدْ أَنزَلْنَآ ءَايَٰتٍۭ بَيِّنَٰتٍ وَلِلْكَٰفِرِينَ عَذَابٌ مُّهِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамоно касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва расулаш душманӣ мекунанд, хор [-у залил] мешаванд, ҳамон гуна ки пешиниёни онҳо низ хор [-у залил] шуданд ва ба ростӣ, Мо оёти равшане нозил кардем ва барои кофирон азоби хоркунандае [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ يَبْعَثُهُمُ ٱللَّهُ جَمِيعًا فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوٓا۟ أَحْصَىٰهُ ٱللَّهُ وَنَسُوهُ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ شَهِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамаи онҳоро [аз гӯр] бармеангезад, сипас онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад, [ҳамон аъмоле, ки] Аллоҳ таоло ҳисоби онро нигаҳ дошта, аммо онҳо фаромӯшаш кардаанд ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ [ва нозир] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ مَا يَكُونُ مِن نَّجْوَىٰ ثَلَٰثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمْ وَلَا خَمْسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمْ وَلَآ أَدْنَىٰ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكْثَرَ إِلَّا هُوَ مَعَهُمْ أَيْنَ مَا كَانُوا۟ ثُمَّ يُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوا۟ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар надидаӣ, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва он чиро, ки дар замин аст, медонад? Ҳеҷ наҷвое миёни се нафар набошад, магар он ки Ӯ чаҳорумини онҳост ва на миёни панҷ нафар, магар он ки Ӯ шашумини онҳост ва на камтар аз ин [адад] на бештар, магар он ки ҳар куҷо бошанд, Ӯ ҳамроҳи онҳост. Сипас рӯзи қиёмат онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ نُهُوا۟ عَنِ ٱلنَّجْوَىٰ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا نُهُوا۟ عَنْهُ وَيَتَنَٰجَوْنَ بِٱلْإِثْمِ وَٱلْعُدْوَٰنِ وَمَعْصِيَتِ ٱلرَّسُولِ وَإِذَا جَآءُوكَ حَيَّوْكَ بِمَا لَمْ يُحَيِّكَ بِهِ ٱللَّهُ وَيَقُولُونَ فِىٓ أَنفُسِهِمْ لَوْلَا يُعَذِّبُنَا ٱللَّهُ بِمَا نَقُولُ حَسْبُهُمْ جَهَنَّمُ يَصْلَوْنَهَا فَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар,] магар надидаӣ касонеро, ки аз наҷво наҳй шуданд, сипас ба он чӣ аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ва ба гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз паёмбар бо ҳам наҷво мекунанд ва ҳангоме ки назди ту меоянд, ба наҷво ба ту дуруд мефиристанд, ки [ҳатто] Аллоҳ таоло бо он [калимот] ба ту дуруду салом нагуфтааст; ва [онҳо] дар дили худ мегӯянд: «Чаро Аллоҳ таоло моро ба [кайфари] он чи мегӯем, азоб намекунад?» Ҷаҳаннам барояшон кофӣ аст, [ки] ба он ворид мешаванд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا تَنَٰجَيْتُمْ فَلَا تَتَنَٰجَوْا۟ بِٱلْإِثْمِ وَٱلْعُدْوَٰنِ وَمَعْصِيَتِ ٱلرَّسُولِ وَتَنَٰجَوْا۟ بِٱلْبِرِّ وَٱلتَّقْوَىٰ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ ٱلَّذِىٓ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо якдигар наҷво мекунед, ба қасди гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз расул наҷво накунед ва ба некӣ ва парҳезгорӣ наҷво кунед ва аз Аллоҳ таоло битарсед, ки ба сӯи Ӯ ҳашр хоҳед шуд.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَا ٱلنَّجْوَىٰ مِنَ ٱلشَّيْطَٰنِ لِيَحْزُنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَلَيْسَ بِضَآرِّهِمْ شَيْـًٔا إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҶуз ин нест, ки сухани пинҳоне [ки муҷиби гуноҳ ва душманӣ мегардад] аз сӯи шайтон аст, то касонеро, ки имон овардаанд, [бо онҳо гирифтор кунад ва дар натиҷа] андӯҳгин созад ва [ҳол он ки ӯ] ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло наметавонад ҳеҷ зараре ба онон бирасонад; пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا قِيلَ لَكُمْ تَفَسَّحُوا۟ فِى ٱلْمَجَٰلِسِ فَٱفْسَحُوا۟ يَفْسَحِ ٱللَّهُ لَكُمْ وَإِذَا قِيلَ ٱنشُزُوا۟ فَٱنشُزُوا۟ يَرْفَعِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مِنكُمْ وَٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْعِلْمَ دَرَجَٰتٍ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки ба шумо гуфта шавад: «Дар маҷолис ҷо боз кунед», пас, [ҷо] боз кунед [ки бо ин кор] Аллоҳ таоло барои шумо кушоиш меоварад ва ҳангоме ки гуфта шавад: «Бархезед», пас, бархезед. Аллоҳ таоло мақом [-у дараҷот]-и касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм дода шудаанд, боло мебарад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا نَٰجَيْتُمُ ٱلرَّسُولَ فَقَدِّمُوا۟ بَيْنَ يَدَىْ نَجْوَىٰكُمْ صَدَقَةً ذَٰلِكَ خَيْرٌ لَّكُمْ وَأَطْهَرُ فَإِن لَّمْ تَجِدُوا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки мехоҳед бо расулуллоҳ наҷво кунед, пеш аз наҷвоятон садақае [дар роҳи Аллоҳ таоло] бидиҳед. Ин [кор] барои шумо беҳтару покизатар аст. Аммо агар чизе наёфтед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ءَأَشْفَقْتُمْ أَن تُقَدِّمُوا۟ بَيْنَ يَدَىْ نَجْوَىٰكُمْ صَدَقَٰتٍ فَإِذْ لَمْ تَفْعَلُوا۟ وَتَابَ ٱللَّهُ عَلَيْكُمْ فَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَٱللَّهُ خَبِيرٌۢ بِمَا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [аз фақр] тарсидед, ки пеш аз наҷвоятон садақаҳое диҳед? Ҳол ки чунин накардед ва Аллоҳ таоло аз шумо даргузашт, пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед, ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ تَوَلَّوْا۟ قَوْمًا غَضِبَ ٱللَّهُ عَلَيْهِم مَّا هُم مِّنكُمْ وَلَا مِنْهُمْ وَيَحْلِفُونَ عَلَى ٱلْكَذِبِ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Оё надидӣ касонеро, ки бо қавме дӯстӣ карданд, ки Аллоҳ таоло бар онон хашм [-у ғазаб] кардааст; онҳо на аз шумо ҳастанд ва на аз онон [яҳудиён]; ва ба дурӯғ савганд ёд мекунанд [ки мусулмонанд], дар ҳоле ки худ медонанд [ки мунофиқанд].

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُمْ عَذَابًا شَدِيدًا إِنَّهُمْ سَآءَ مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло азоби сахте барои онҳо омода кардааст, чаро ки бе гумон, аъмоли баде анҷом медоданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱتَّخَذُوٓا۟ أَيْمَٰنَهُمْ جُنَّةً فَصَدُّوا۟ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ فَلَهُمْ عَذَابٌ مُّهِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнҳо савгандҳои худро сипар [-и бало] қарор доданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд; пас, азоби хоркунандае [дар пеш] доранд.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّن تُغْنِىَ عَنْهُمْ أَمْوَٰلُهُمْ وَلَآ أَوْلَٰدُهُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيْـًٔا أُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلنَّارِ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз амволу фарзандонашон чизе аз азоби Аллоҳро аз онҳо дафъ нахоҳад кард. Онҳо аҳл [-и оташ]-и дузаханд ва ҷовидона дар он мемонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ يَبْعَثُهُمُ ٱللَّهُ جَمِيعًا فَيَحْلِفُونَ لَهُۥ كَمَا يَحْلِفُونَ لَكُمْ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ عَلَىٰ شَىْءٍ أَلَآ إِنَّهُمْ هُمُ ٱلْكَٰذِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамагии онҳоро бармеангезад, он гоҳ онҳо барои Ӯ [низ] савганд ёд мекунанд, ҳамон гуна ки [имрӯз дар дунё] барои шумо савганд ёд мекунанд ва гумон мекунанд, ки бар чизе [судманд] ҳастанд. Огоҳ бошед [ва бидонед], ки онҳо дурӯғгӯёнанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱسْتَحْوَذَ عَلَيْهِمُ ٱلشَّيْطَٰنُ فَأَنسَىٰهُمْ ذِكْرَ ٱللَّهِ أُو۟لَٰٓئِكَ حِزْبُ ٱلشَّيْطَٰنِ أَلَآ إِنَّ حِزْبَ ٱلشَّيْطَٰنِ هُمُ ٱلْخَٰسِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШайтон бар онҳо чира шуда ва ёди Аллоҳро аз хотирашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтон ҳастанд ва огоҳ бошед [ва бидонед], ки ҳизби шайтон зиёнкоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُحَآدُّونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓ أُو۟لَٰٓئِكَ فِى ٱلْأَذَلِّينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] мекунанд, дар зумраи хортарин [афрод]-анд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَتَبَ ٱللَّهُ لَأَغْلِبَنَّ أَنَا۠ وَرُسُلِىٓ إِنَّ ٱللَّهَ قَوِىٌّ عَزِيزٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло муқаррар доштааст, ки «яқинан, ману расулонам пирӯз мешавем». Бе гумон, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ يُوَآدُّونَ مَنْ حَآدَّ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَلَوْ كَانُوٓا۟ ءَابَآءَهُمْ أَوْ أَبْنَآءَهُمْ أَوْ إِخْوَٰنَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْ أُو۟لَٰٓئِكَ كَتَبَ فِى قُلُوبِهِمُ ٱلْإِيمَٰنَ وَأَيَّدَهُم بِرُوحٍ مِّنْهُ وَيُدْخِلُهُمْ جَنَّٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا رَضِىَ ٱللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا۟ عَنْهُ أُو۟لَٰٓئِكَ حِزْبُ ٱللَّهِ أَلَآ إِنَّ حِزْبَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] ҳеҷ қавмеро намеёбӣ, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд ва бо касоне, ки бо Аллоҳу расулаш [душманӣ ва] мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд; агарчи падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло имонро дар [сафҳаи] дилҳояшон навиштааст ва ба рӯҳе аз ҷониби худ онҳоро тақвият [ва таъйид] намудааст ва онҳоро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ таоло аз онҳо хушнуд аст ва онҳо [низ] аз Аллоҳ таоло хушнуданд. Онҳо ҳизби Аллоҳ таоло ҳастанд. Огоҳ бошед! Бе тардид, ҳизби Аллоҳ таоло растагоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70