Асосӣ › Сураҳо › Сураи Al-Furqaan
Сураи Al-Furqaan الفرقان
77 оят · Макка · тартиби нузул 42
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ تَبَارَكَ ٱلَّذِى نَزَّلَ ٱلْفُرْقَانَ عَلَىٰ عَبْدِهِۦ لِيَكُونَ لِلْعَٰلَمِينَ نَذِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пурбаракат [ва бузургвор] аст, касе, ки Қуръонро [ки ҷудокунандаи ҳақ ва ботил аст] бар бандааш нозил кард, то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِى لَهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَلَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٌ فِى ٱلْمُلْكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَىْءٍ فَقَدَّرَهُۥ تَقْدِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳамоно фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳама чизро офаридааст ва андозаи ҳар чизро – чунон ки муносибаш мебошад – тадбир намудааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةً لَّا يَخْلُقُونَ شَيْـًٔا وَهُمْ يُخْلَقُونَ وَلَا يَمْلِكُونَ لِأَنفُسِهِمْ ضَرًّا وَلَا نَفْعًا وَلَا يَمْلِكُونَ مَوْتًا وَلَا حَيَوٰةً وَلَا نُشُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] ба ҷойи Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне баргузидаанд, ки чизе намеофаринанд ва худ офарида мешаванд ва молики ҳеҷ зиёну суде барои худ нестанд ва [низ] молики маргу зиндагӣ ва [қодир ба] барангехтани [мурдагон] нестанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِنْ هَٰذَآ إِلَّآ إِفْكٌ ٱفْتَرَىٰهُ وَأَعَانَهُۥ عَلَيْهِ قَوْمٌ ءَاخَرُونَ فَقَدْ جَآءُو ظُلْمًا وَزُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Ин [Қуръон] ҷуз дурӯғе нест, ки [Муҳаммад] бофтааст ва гурӯҳе дигар ӯро бар ин [кор] ёрӣ додаанд». Ҳаққо, ки онон [бо ин сухан] ба ситаму дурӯғи бузурге рӯй овардаанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوٓا۟ أَسَٰطِيرُ ٱلْأَوَّلِينَ ٱكْتَتَبَهَا فَهِىَ تُمْلَىٰ عَلَيْهِ بُكْرَةً وَأَصِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [кофирон] гуфтанд: «[Ин Қуръон ҳамон] афсонаҳои пешиниён аст, ки [Муҳаммад] онро рӯнависӣ кардааст ва ҳар бомдоду шомгоҳ бар ӯ имло мешавад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ أَنزَلَهُ ٱلَّذِى يَعْلَمُ ٱلسِّرَّ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ إِنَّهُۥ كَانَ غَفُورًا رَّحِيمًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Касе онро нозил кардааст, ки рози осмонҳо ва заминро медонад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора омурзанда [ва] меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوا۟ مَالِ هَٰذَا ٱلرَّسُولِ يَأْكُلُ ٱلطَّعَامَ وَيَمْشِى فِى ٱلْأَسْوَاقِ لَوْلَآ أُنزِلَ إِلَيْهِ مَلَكٌ فَيَكُونَ مَعَهُۥ نَذِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] гуфтанд: «Ин чи гуна паёмбарест, ки [ҳамчун мардуми одӣ] ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст, то [ёриаш кунад ва] ҳамроҳи ӯ ҳушдордиҳанда бошад?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوْ يُلْقَىٰٓ إِلَيْهِ كَنزٌ أَوْ تَكُونُ لَهُۥ جَنَّةٌ يَأْكُلُ مِنْهَا وَقَالَ ٱلظَّٰلِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَّسْحُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ё чаро ганҷе [аз осмон] бар ӯ фуруд намеояд ва ё чаро боғе надорад, ки аз [меваҳои] он бихӯрад»? Ситамгорон [-и мушрик] гуфтанд: «Шумо ҷуз аз марде ҷодушуда пайравӣ намекунед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱنظُرْ كَيْفَ ضَرَبُوا۟ لَكَ ٱلْأَمْثَٰلَ فَضَلُّوا۟ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ سَبِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бингар, ки чи гуна бароят масалҳо заданд ва гумроҳ шуданд! Чунон ки наметавонанд роҳе [ба сӯи ҳақиқат] биёбанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تَبَارَكَ ٱلَّذِىٓ إِن شَآءَ جَعَلَ لَكَ خَيْرًا مِّن ذَٰلِكَ جَنَّٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ وَيَجْعَل لَّكَ قُصُورًۢا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пурбаракат [ва бузургвор] аст, касе, ки агар бихоҳад, бароят беҳтар аз ин қарор медиҳад: боғҳое, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва [ҳатто] бароят кохҳое падид меоварад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ كَذَّبُوا۟ بِٱلسَّاعَةِ وَأَعْتَدْنَا لِمَن كَذَّبَ بِٱلسَّاعَةِ سَعِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мушрикон бо ин суханон дар пайи ҳақ нарафтанд] Балки қиёматро дурӯғ ангоштанд ва [Мо] барои ҳар ки қиёматро дурӯғ ангорад, оташи сӯзон [-и дузахро] муҳайё кардаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذَا رَأَتْهُم مِّن مَّكَانٍۭ بَعِيدٍ سَمِعُوا۟ لَهَا تَغَيُّظًا وَزَفِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳангоме ки [дузах] ононро аз дурдаст мебинад овози хашму хуруш [-и ваҳшатнок]-е аз он мешунаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَآ أُلْقُوا۟ مِنْهَا مَكَانًا ضَيِّقًا مُّقَرَّنِينَ دَعَوْا۟ هُنَالِكَ ثُبُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун даступобаста [бо ғулу занҷир] дар тангное аз он андохта шаванд, дар он ҷо маргашонро ба фарёд мехоҳанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَّا تَدْعُوا۟ ٱلْيَوْمَ ثُبُورًا وَٰحِدًا وَٱدْعُوا۟ ثُبُورًا كَثِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба онон гуфта мешавад] «Имрӯз на як бор, балки борҳо дархости марг кунед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ أَذَٰلِكَ خَيْرٌ أَمْ جَنَّةُ ٱلْخُلْدِ ٱلَّتِى وُعِدَ ٱلْمُتَّقُونَ كَانَتْ لَهُمْ جَزَآءً وَمَصِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ин [азоби дарднок] беҳтар аст ё биҳишти ҷовидонӣ, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда ва подошу саранҷоми онон аст?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَّهُمْ فِيهَا مَا يَشَآءُونَ خَٰلِدِينَ كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ وَعْدًا مَّسْـُٔولًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] аст [ва] дар он ҷовидонанд. Ин ваъдае аст бар [уҳдаи] Парвардигорат, ки [бандагони парҳезкор анҷомашро] аз Ӯ хостаанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ يَحْشُرُهُمْ وَمَا يَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ فَيَقُولُ ءَأَنتُمْ أَضْلَلْتُمْ عِبَادِى هَٰٓؤُلَآءِ أَمْ هُمْ ضَلُّوا۟ ٱلسَّبِيلَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва рӯзе, ки [ҳамаи] онон ва он чиро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, ҷамъ мекунад ва [ба маъбудони ботил] мефармояд: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ кардед ё худ роҳро гум карданд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ سُبْحَٰنَكَ مَا كَانَ يَنۢبَغِى لَنَآ أَن نَّتَّخِذَ مِن دُونِكَ مِنْ أَوْلِيَآءَ وَلَٰكِن مَّتَّعْتَهُمْ وَءَابَآءَهُمْ حَتَّىٰ نَسُوا۟ ٱلذِّكْرَ وَكَانُوا۟ قَوْمًۢا بُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ, шоистаи мо набуд, ки ба ҷойи Ту [дӯстону] корсозоне баргузинем, вале Ту онон ва падаронашонро [аз неъматҳо] баҳраманд сохтӣ, то ин ки ёд [-и Ту]-ро фаромӯш карданд ва [бад-ин хотир] гурӯҳе ҳалокшуда гаштанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَقَدْ كَذَّبُوكُم بِمَا تَقُولُونَ فَمَا تَسْتَطِيعُونَ صَرْفًا وَلَا نَصْرًا وَمَن يَظْلِم مِّنكُمْ نُذِقْهُ عَذَابًا كَبِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло ба мушрикон мефармояд] «Бе тардид, [маъбудонатон] иддаои шуморо дурӯғ шумурданд. Пас, [акнун] наметавонед [азобро аз худ] дур кунед ва на [аз касе] ёрӣ биҷӯед ва ҳар як аз шумо, ки [ширк биварзад ва ба худ] ситам кунад, азобе бузург ба вай мечашонем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ مِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ إِلَّآ إِنَّهُمْ لَيَأْكُلُونَ ٱلطَّعَامَ وَيَمْشُونَ فِى ٱلْأَسْوَاقِ وَجَعَلْنَا بَعْضَكُمْ لِبَعْضٍ فِتْنَةً أَتَصْبِرُونَ وَكَانَ رَبُّكَ بَصِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар] Пеш аз ту паёмбаронро нафиристодем, магар ин ки онон низ ғизо мехӯрданд ва [ҳамчун дигар инсонҳо] дар бозорҳо роҳ мерафтанд ва мо бархе аз шуморо василаи озмоиши бархе дигар сохтем, [то равшан шавад] оё шикебоӣ мекунед. Ва Парвардигорат ҳамвора биност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَآءَنَا لَوْلَآ أُنزِلَ عَلَيْنَا ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ أَوْ نَرَىٰ رَبَّنَا لَقَدِ ٱسْتَكْبَرُوا۟ فِىٓ أَنفُسِهِمْ وَعَتَوْ عُتُوًّا كَبِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки ба дидори Мо [дар охират] умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагоне бар мо нозил нашудаанд, ё [чаро] Парвардигорамонро намебинем»? Бе тардид, онон дар бораи худ такаббур варзиданд ва саркашии бузург карданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ يَرَوْنَ ٱلْمَلَٰٓئِكَةَ لَا بُشْرَىٰ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُجْرِمِينَ وَيَقُولُونَ حِجْرًا مَّحْجُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки [кофирон] фариштагонро мебинанд, ҳеҷ башорате барои муҷримон нахоҳад буд, [балки рӯзи кайфару азоб аст] ва [фариштагон] мегӯянд: «[Биҳишт] Бар шумо мамнуъ [ва ҳаром] аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَدِمْنَآ إِلَىٰ مَا عَمِلُوا۟ مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَٰهُ هَبَآءً مَّنثُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба [баррасии] корҳояшон мепардозем ва ҳамаро [ҳамчун] ғуборе пароканда месозем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَصْحَٰبُ ٱلْجَنَّةِ يَوْمَئِذٍ خَيْرٌ مُّسْتَقَرًّا وَأَحْسَنُ مَقِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он рӯз биҳиштиён беҳтарин ҷойгоҳу накутарин истироҳатгоҳро доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ تَشَقَّقُ ٱلسَّمَآءُ بِٱلْغَمَٰمِ وَنُزِّلَ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ تَنزِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки осмон бо абрҳои сапед шикофта мешавад ва фариштагон [паёпай ба сарзамини маҳшар] фурӯ фиристода мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلْمُلْكُ يَوْمَئِذٍ ٱلْحَقُّ لِلرَّحْمَٰنِ وَكَانَ يَوْمًا عَلَى ٱلْكَٰفِرِينَ عَسِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он рӯз фармонравоӣ [-и ростин] аз они [Аллоҳи] Раҳмон аст ва барои кофирон рӯзе душвор аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ يَعَضُّ ٱلظَّالِمُ عَلَىٰ يَدَيْهِ يَقُولُ يَٰلَيْتَنِى ٱتَّخَذْتُ مَعَ ٱلرَّسُولِ سَبِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки ситамгор дастонашро [аз ҳасрат] мегазад ва мегӯяд: «Эй кош, ман роҳе [ҳамоҳанг] бо паёмбар баргузида будам!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَٰوَيْلَتَىٰ لَيْتَنِى لَمْ أَتَّخِذْ فُلَانًا خَلِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Эй вой бар ман! Эй кош, фалон [кофир]-ро ба дӯстӣ намегирифтам!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَّقَدْ أَضَلَّنِى عَنِ ٱلذِّكْرِ بَعْدَ إِذْ جَآءَنِى وَكَانَ ٱلشَّيْطَٰنُ لِلْإِنسَٰنِ خَذُولًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе тардид, пас аз он ки Қуръон [ва даъвати паёмбар] ба ман расид, ӯ [буд, ки] маро ба гумроҳӣ кашонд ва шайтон ҳамвора инсонро танҳо [ва хор] вомегузорад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلرَّسُولُ يَٰرَبِّ إِنَّ قَوْمِى ٱتَّخَذُوا۟ هَٰذَا ٱلْقُرْءَانَ مَهْجُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Паёмбар гуфт: «Парвардигоро, қавми ман ин Қуръонро раҳо кардаанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِىٍّ عَدُوًّا مِّنَ ٱلْمُجْرِمِينَ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ هَادِيًا وَنَصِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва инчунин барои ҳар паёмбаре душмане аз бадкорони [қавмаш] қарор додем. Ва кофӣ аст, ки Парвардигорат роҳнамо ва ёварат бошад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَوْلَا نُزِّلَ عَلَيْهِ ٱلْقُرْءَانُ جُمْلَةً وَٰحِدَةً كَذَٰلِكَ لِنُثَبِّتَ بِهِۦ فُؤَادَكَ وَرَتَّلْنَٰهُ تَرْتِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Чаро Қуръон якбора бар ӯ нозил нашудааст?» Мо ин гуна [каломи илоҳиро ба мурур нозил] кардаем, то дилатро бо он [ором ва] устувор гардонем ва онро ба тадриҷ бар ту хондаем [то дарку ҳифзаш осон бошад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا يَأْتُونَكَ بِمَثَلٍ إِلَّا جِئْنَٰكَ بِٱلْحَقِّ وَأَحْسَنَ تَفْسِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [кофирон] ҳеҷ [эътирозу] масале бароят намеоваранд, магар он ки Мо [низ посухе] бар ҳақ ва хушбаёнтар бароят меоварем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ يُحْشَرُونَ عَلَىٰ وُجُوهِهِمْ إِلَىٰ جَهَنَّمَ أُو۟لَٰٓئِكَ شَرٌّ مَّكَانًا وَأَضَلُّ سَبِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки ба рӯй дарафтода ба дузах кашонда мешаванд, инон бадҷойгоҳтар ва гумроҳтаранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ وَجَعَلْنَا مَعَهُۥٓ أَخَاهُ هَٰرُونَ وَزِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар ҳақиқат, Мо ба Мӯсо китоб [Таврот] додем ва бародараш Ҳорунро дастёраш сохтем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَقُلْنَا ٱذْهَبَآ إِلَى ٱلْقَوْمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا فَدَمَّرْنَٰهُمْ تَدْمِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва гуфтем: «Шумо ду нафар ба сӯи қавме биравед, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд». Пас, [чун фиръавниён сарпечӣ намуданд] ба шиддат нобудашон сохтем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَوْمَ نُوحٍ لَّمَّا كَذَّبُوا۟ ٱلرُّسُلَ أَغْرَقْنَٰهُمْ وَجَعَلْنَٰهُمْ لِلنَّاسِ ءَايَةً وَأَعْتَدْنَا لِلظَّٰلِمِينَ عَذَابًا أَلِيمًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва қавми Нуҳро – он гоҳ ки паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд – ғарқ кардем ва ононро барои мардум [нишона ва] ибрате қарор додем; ва барои ситамгорон азобе дарднок муҳайё кардаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعَادًا وَثَمُودَا۟ وَأَصْحَٰبَ ٱلرَّسِّ وَقُرُونًۢا بَيْنَ ذَٰلِكَ كَثِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ҳамчунин] қавми Од ва Самуд ва аҳолии "чоҳ" ва наслҳои бисёреро, ки байни онон буданд [нобуд сохтем]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكُلًّا ضَرَبْنَا لَهُ ٱلْأَمْثَٰلَ وَكُلًّا تَبَّرْنَا تَتْبِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва барои ҳар як аз онҳо масалҳо задем ва [чун панд нагирифтанд] ҳамаро ба шиддат аз миён бурдем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ أَتَوْا۟ عَلَى ٱلْقَرْيَةِ ٱلَّتِىٓ أُمْطِرَتْ مَطَرَ ٱلسَّوْءِ أَفَلَمْ يَكُونُوا۟ يَرَوْنَهَا بَلْ كَانُوا۟ لَا يَرْجُونَ نُشُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] ҳатман, аз [сарзамини қавми Лут ҳамон] шаҳре, ки борони бало бар он борида буд, гузар кардаанд. Оё он [вайронаҳои боқимонда аз азоб] -ро надидаанд? [Чунин нест] Балки ба зинда шудан [пас аз марг] умеде надоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا رَأَوْكَ إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا ٱلَّذِى بَعَثَ ٱللَّهُ رَسُولًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳангоме ки туро мебинанд, фақат ба тамасхур мегиранд [ва мегӯянд] «Оё ин ҳамон касест, ки Аллоҳ таоло ба паёмбарӣ фиристодааст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِن كَادَ لَيُضِلُّنَا عَنْ ءَالِهَتِنَا لَوْلَآ أَن صَبَرْنَا عَلَيْهَا وَسَوْفَ يَعْلَمُونَ حِينَ يَرَوْنَ ٱلْعَذَابَ مَنْ أَضَلُّ سَبِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар бар [парастиши] маъбудонамон [шикебоӣ ва] пойдорӣ намекардем, наздик буд [Муҳаммад] аз [роҳи] онҳо гумроҳамон кунад». Вале он гоҳ ки азоб [-и илоҳӣ]-ро бубинанд, хоҳанд донист чи касе гумроҳтар [буда] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَرَءَيْتَ مَنِ ٱتَّخَذَ إِلَٰهَهُۥ هَوَىٰهُ أَفَأَنتَ تَكُونُ عَلَيْهِ وَكِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё касе, ки ҳавои нафсашро маъбуди худ кардааст, дидаӣ? Оё ту [метавонӣ] нигаҳбони [имони] ӯ бошӣ?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ إِنْ هُمْ إِلَّا كَٱلْأَنْعَٰمِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё гумон дорӣ, ки бештарашон мешунаванд ё мефаҳманд? Онон ҷуз ҳаммонанди чаҳорпоён нестанд, балки гумроҳтаранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَمْ تَرَ إِلَىٰ رَبِّكَ كَيْفَ مَدَّ ٱلظِّلَّ وَلَوْ شَآءَ لَجَعَلَهُۥ سَاكِنًا ثُمَّ جَعَلْنَا ٱلشَّمْسَ عَلَيْهِ دَلِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё [офариниши] Парвардигоратро надидаӣ, ки чи гуна сояро густаронидааст ва агар мехост, онро собит менамуд? Он гоҳ [тағйири ҷойгоҳи] хуршед [нисбат ба замин]-ро далели [густаришу ҳаракати] он [соя] қарор додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ قَبَضْنَٰهُ إِلَيْنَا قَبْضًا يَسِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас [бо тағйири баландии хуршед сояро кӯтоҳ мекунем ва] онро андак-андак ба сӯйи хеш бозмегирем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهُوَ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيْلَ لِبَاسًا وَٱلنَّوْمَ سُبَاتًا وَجَعَلَ ٱلنَّهَارَ نُشُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Ӯст, ки шабро [бо торикии фарогираш] пӯшише барои шумо қарор дод ва хобро мояи осоиш ва рӯзро ҳангоми бархостан [ва кору талош] сохт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَرْسَلَ ٱلرِّيَٰحَ بُشْرًۢا بَيْنَ يَدَىْ رَحْمَتِهِۦ وَأَنزَلْنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً طَهُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Ӯст, ки пеш аз [борони] раҳматаш бодҳоро башоратбахш фиристод ва аз осмон обе пок [ва поккунанда] фурӯ фиристодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّنُحْـِۧىَ بِهِۦ بَلْدَةً مَّيْتًا وَنُسْقِيَهُۥ مِمَّا خَلَقْنَآ أَنْعَٰمًا وَأَنَاسِىَّ كَثِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center То бо он сарзамини [хушку] мурдаро зинда гардонем ва чаҳорпоён ва инсонҳои бисёреро, ки офаридаем, сероб созем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ صَرَّفْنَٰهُ بَيْنَهُمْ لِيَذَّكَّرُوا۟ فَأَبَىٰٓ أَكْثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ростӣ, он [далоилу нишонаҳои қудрати илоҳӣ]-ро ба суратҳои гуногун баён кардем, то панд гиранд, вале бештар мардум ҷуз [инкору] носипосӣ накарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ شِئْنَا لَبَعَثْنَا فِى كُلِّ قَرْيَةٍ نَّذِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар мехостем, дар ҳар диёре бимдиҳандае бармеангехтем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَا تُطِعِ ٱلْكَٰفِرِينَ وَجَٰهِدْهُم بِهِۦ جِهَادًا كَبِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [эй паёмбар] аз кофирон итоат накун ва ба василаи Қуръон бо онон ба ҷиҳоди бузурге бархез [ва дар ин роҳ шикебо бош]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهُوَ ٱلَّذِى مَرَجَ ٱلْبَحْرَيْنِ هَٰذَا عَذْبٌ فُرَاتٌ وَهَٰذَا مِلْحٌ أُجَاجٌ وَجَعَلَ بَيْنَهُمَا بَرْزَخًا وَحِجْرًا مَّحْجُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Ӯст, ки ду дарёро ба ҳам омехт: ин яке хушгувор ва ширин аст ва он яке шӯру талх ва дар миёни он ду монеаи нуфузнопазире қарор дод [то бо ҳам наёмезанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ مِنَ ٱلْمَآءِ بَشَرًا فَجَعَلَهُۥ نَسَبًا وَصِهْرًا وَكَانَ رَبُّكَ قَدِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Ӯст, ки инсонро аз оби [манӣ] офарид ва ӯро дорои пайванди насабӣ ва сабабӣ гардонид ва Парвардигорат ҳамвора тавоност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُهُمْ وَلَا يَضُرُّهُمْ وَكَانَ ٱلْكَافِرُ عَلَىٰ رَبِّهِۦ ظَهِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизеро мепарастанд, ки на ба онон суде мебахшад ва на зиёне мерасонад ва кофир дар баробари Парвардигораш пайваста пуштибон [-и шайтон] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَٰكَ إِلَّا مُبَشِّرًا وَنَذِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳанда нафиристодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ مَآ أَسْـَٔلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِلَّا مَن شَآءَ أَن يَتَّخِذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам, магар касе, ки бихоҳад роҳе ба сӯи Парвардигораш баргузинад [ва ҳамин бароям кофӣ аст]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَوَكَّلْ عَلَى ٱلْحَىِّ ٱلَّذِى لَا يَمُوتُ وَسَبِّحْ بِحَمْدِهِۦ وَكَفَىٰ بِهِۦ بِذُنُوبِ عِبَادِهِۦ خَبِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бар [Парвардигори] зиндае, ки ҳаргиз намемирад, таваккал кун ва бо cитоиш Ӯро ба покӣ ёд кун. Ва ҳамин бас, ки Ӯ ба гуноҳони бандагонаш огоҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِى سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ ٱسْتَوَىٰ عَلَى ٱلْعَرْشِ ٱلرَّحْمَٰنُ فَسْـَٔلْ بِهِۦ خَبِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамон] Касе, ки осмонҳо ва замин ва он чиро миёни онҳост дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Ӯ Аллоҳи] Раҳмон аст, пас, дар мавриди Ӯ аз он ки огоҳ аст, бипурс [ва Ӯ низ касе ҷуз Аллоҳ таоло нест]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱسْجُدُوا۟ لِلرَّحْمَٰنِ قَالُوا۟ وَمَا ٱلرَّحْمَٰنُ أَنَسْجُدُ لِمَا تَأْمُرُنَا وَزَادَهُمْ نُفُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳангоме ки ба ба онон гуфта шавад: «Барои [Аллоҳи] Раҳмон саҷда кунед», мегӯянд: «Раҳмон кист? Оё [қарор аст] бар ҳар чи ту амр мекунӣ саҷда барем»? Ва [ин даъвати ту дурӣ аз ҳақ ва] нафраташонро меафзояд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تَبَارَكَ ٱلَّذِى جَعَلَ فِى ٱلسَّمَآءِ بُرُوجًا وَجَعَلَ فِيهَا سِرَٰجًا وَقَمَرًا مُّنِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пурбаракат [ва бузургвор] аст, он ки дар осмон манзилгоҳҳое [барои ситорагон] қарор дод ва дар [миёни] онҳо хуршед [-и дурахшон] ва моҳи тобоне падид овард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهُوَ ٱلَّذِى جَعَلَ ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ خِلْفَةً لِّمَنْ أَرَادَ أَن يَذَّكَّرَ أَوْ أَرَادَ شُكُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Ӯст, ки шабу рӯзро дар пайи якдигар қарор дод, барои ҳар ки бихоҳад [аз тадбири илоҳӣ] панд гирад ё сипосгузор бошад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعِبَادُ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَى ٱلْأَرْضِ هَوْنًا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ ٱلْجَٰهِلُونَ قَالُوا۟ سَلَٰمًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бандагони [муъмину шоистаи] Раҳмон касоне ҳастанд, ки бо фурӯтанӣ [ва матонат] бар замин роҳ мераванд ва ҳангоме ки ҷоҳилон [бо суханони нописанд] хитобашон мекунанд, [ба ҷои талофӣ бо онон] ба некӣ сухан мегӯянд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ يَبِيتُونَ لِرَبِّهِمْ سُجَّدًا وَقِيَٰمًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне барои Парвардигорашон дар ҳоли саҷда ва қиём шабзиндадорӣ мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا ٱصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро, азоби дузахро аз мо бозгардон, [ки] бе тардид, азобаш [сахту] пойдор аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهَا سَآءَتْ مُسْتَقَرًّا وَمُقَامًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳаққо, ки дузах бад ҷойгоҳ ва иқоматгоҳест
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ إِذَآ أَنفَقُوا۟ لَمْ يُسْرِفُوا۟ وَلَمْ يَقْتُرُوا۟ وَكَانَ بَيْنَ ذَٰلِكَ قَوَامًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [муъминон] касоне ҳастанд, ки чун инфоқ менамоянд, на зиёдаравӣ мекунанд ва на сахтгирӣ ва байни ин ду [ҳолат роҳи] эътидол пеш мегиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ لَا يَدْعُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ وَلَا يَقْتُلُونَ ٱلنَّفْسَ ٱلَّتِى حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلْحَقِّ وَلَا يَزْنُونَ وَمَن يَفْعَلْ ذَٰلِكَ يَلْقَ أَثَامًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ таоло маъбуде дигар намехонанд ва касе, ки Аллоҳ таоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар ки ин [гуноҳон]-ро муртакиб шавад, кайфари гуноҳи [хеш]-ро мебинад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُضَٰعَفْ لَهُ ٱلْعَذَابُ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِۦ مُهَانًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзи қиёмат азобаш дучандон мегардад ва бо хорӣ дар он [азоб] ҷовидон мемонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَٰلِحًا فَأُو۟لَٰٓئِكَ يُبَدِّلُ ٱللَّهُ سَيِّـَٔاتِهِمْ حَسَنَٰتٍ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста анҷом диҳад. Пас, инонанд, ки Аллоҳ таоло бадиҳояшонро ба некиҳо табдил мекунад ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзгору меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَن تَابَ وَعَمِلَ صَٰلِحًا فَإِنَّهُۥ يَتُوبُ إِلَى ٱللَّهِ مَتَابًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касе, ки тавба кунад ва коре шоиста анҷом диҳад, пас, яқинан ба даргоҳи Аллоҳ таоло – чунон ки бояду шояд – тавба кардааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ لَا يَشْهَدُونَ ٱلزُّورَ وَإِذَا مَرُّوا۟ بِٱللَّغْوِ مَرُّوا۟ كِرَامًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне [муъминанд], ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд [ва дар маҷолиси ботил ҳузур намеёбанд] ва чун ба [кори нописанд ё] беҳудае бархӯрд мекунанд, бузургворона [аз канораш] мегузаранд [ва худро олуда намесозанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا۟ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمْ لَمْ يَخِرُّوا۟ عَلَيْهَا صُمًّا وَعُمْيَانًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки чун ба оёти Парвардигорашон панд дода мешаванд, [аз он ғафлат намекунанд ва дар баробари Қуръон] чун карону кӯрон нестанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَٰجِنَا وَذُرِّيَّٰتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَٱجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро, аз ҳамсарону фарзандонамон [касонеро] ба мо ато фармо, ки [мояи шодии дилҳо ва] равшании чашмҳо бошанд ва моро пешвои парҳезкорон қарор бидеҳ»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أُو۟لَٰٓئِكَ يُجْزَوْنَ ٱلْغُرْفَةَ بِمَا صَبَرُوا۟ وَيُلَقَّوْنَ فِيهَا تَحِيَّةً وَسَلَٰمًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Оре] Инон ба поси он ки шикебоӣ кардаанд, манозил [-и олии биҳишт]-ро подош мегиранд ва дар он ҷо бо дуруду саломи [фариштагон] рӯ ба рӯ мегарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
خَٰلِدِينَ فِيهَا حَسُنَتْ مُسْتَقَرًّا وَمُقَامًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он ҷо ҷовидонанд. Чи наку ҷойгоҳ ва [чи нек] иқоматгоҳе аст!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ مَا يَعْبَؤُا۟ بِكُمْ رَبِّى لَوْلَا دُعَآؤُكُمْ فَقَدْ كَذَّبْتُمْ فَسَوْفَ يَكُونُ لِزَامًۢا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба кофирон] бигӯ: «Агар ибодат ва дуоятон набошад, Парвардигорам эътиное ба шумо надорад [ва арзише бароятон қоил нест]. Ба ростӣ, шумо [даъвати ҳақро] дурӯғ ангоштед, пас, ба зудӣ [кайфари ин кор] гиребонгиратон хоҳад шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи An-Noor
Сураи Ash-Shu'araa →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.