caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Hud هود

123 оят · Макка · тартиби нузул 52

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓر كِتَٰبٌ أُحْكِمَتْ ءَايَٰتُهُۥ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАлиф, лом, ро.[1] Ин [Қуръон] китобест, ки оёти он истеҳком ёфтааст ва сипас аз ҷониби ҳакими огоҳ ба равшанӣ баён шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَّا تَعْبُدُوٓا۟ إِلَّا ٱللَّهَ إِنَّنِى لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Паёми Паёмбар ин аст] Ки ҷуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид, ман аз сӯйи Ӯ бароятон бимдиҳанда ва башоратгар ҳастам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنِ ٱسْتَغْفِرُوا۟ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوٓا۟ إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُم مَّتَٰعًا حَسَنًا إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى وَيُؤْتِ كُلَّ ذِى فَضْلٍ فَضْلَهُۥ وَإِن تَوَلَّوْا۟ فَإِنِّىٓ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ كَبِيرٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин ки аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо [дар зиндагии дунё] то саромади муайяне ба хайру хубӣ баҳраманд созад ва ба ҳар бофазилате [ки яктопарастӣ ва накукорӣ пеша кардааст, подошу] фузунӣ бахшад.Ва агар [аз имон] рӯ бигардонед, [бидонед, ки ман] ба ростӣ, бароятон аз азоби рӯзе саҳмгин метарсам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَى ٱللَّهِ مَرْجِعُكُمْ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Шумо эй мардум] Бозгаштатон ба сӯйи Аллоҳ таоло аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَآ إِنَّهُمْ يَثْنُونَ صُدُورَهُمْ لِيَسْتَخْفُوا۟ مِنْهُ أَلَا حِينَ يَسْتَغْشُونَ ثِيَابَهُمْ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ إِنَّهُۥ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОгоҳ бошед! Онҳо [куфрро] дар синаҳояшон ниҳон мекунанд, то онро аз Ӯ [Аллоҳ таоло] пинҳон доранд. Огоҳ бошед! Он гоҳ ки онон ҷомаҳояшонро бар сар мекашанд, Аллоҳ таоло он чи пинҳон месозанд ва он чи ошкор медоранд, [ҳамаро] медонад. Бе тардид, Ӯ ба асрори синаҳо доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِى ٱلْأَرْضِ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا كُلٌّ فِى كِتَٰبٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар [ин ки] рӯзиаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст ва [Ӯ] қароргоҳ ва маҳалли маргашро медонад. Ҳама [инҳо] дар китобе равшан [сабт] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ فِى سِتَّةِ أَيَّامٍ وَكَانَ عَرْشُهُۥ عَلَى ٱلْمَآءِ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا وَلَئِن قُلْتَ إِنَّكُم مَّبْعُوثُونَ مِنۢ بَعْدِ ٱلْمَوْتِ لَيَقُولَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِنْ هَٰذَآ إِلَّا سِحْرٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид ва [пеш аз он] Арши Ӯ бар об буд, то шуморо биозмояд, ки кадоматон накукортаред. Ва агар [ба мушрикон] бигӯед: «Шумо пас аз марг барангехта мешавед», касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِنْ أَخَّرْنَا عَنْهُمُ ٱلْعَذَابَ إِلَىٰٓ أُمَّةٍ مَّعْدُودَةٍ لَّيَقُولُنَّ مَا يَحْبِسُهُۥٓ أَلَا يَوْمَ يَأْتِيهِمْ لَيْسَ مَصْرُوفًا عَنْهُمْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар мо азобашонро то чанд муддате ба таъхир андозем, албатта,[аз рӯйи тамасхур] мегӯянд: «Чи чизе монеъи [вуқуъи] он шуда аст?» Огоҳ бошед! Рӯзе, ки [азоб] ба суроғашон биёяд, аз онон бозгардонида нахоҳад шуд ва он чиро ба масхара мегирифтанд, домангирашон хоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِنْ أَذَقْنَا ٱلْإِنسَٰنَ مِنَّا رَحْمَةً ثُمَّ نَزَعْنَٰهَا مِنْهُ إِنَّهُۥ لَيَـُٔوسٌ كَفُورٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар аз ҷониби хеш раҳмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ӯ бигирем, ҳатман, дилсард [ва] носипос мегардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِنْ أَذَقْنَٰهُ نَعْمَآءَ بَعْدَ ضَرَّآءَ مَسَّتْهُ لَيَقُولَنَّ ذَهَبَ ٱلسَّيِّـَٔاتُ عَنِّىٓ إِنَّهُۥ لَفَرِحٌ فَخُورٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расидааст, неъмате ба ӯ бичашонем, ҳатман, мегӯяд: «Сахтиҳо [ва ногувориҳо] аз ман дур шуд». Ҳаққо, ки ӯ шодмону фахрфурӯш аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا ٱلَّذِينَ صَبَرُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар касоне, ки шикебоӣ намуданд ва корҳои нек карданд. Барои эшон омурзишу подоши бузурге [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَعَلَّكَ تَارِكٌۢ بَعْضَ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيْكَ وَضَآئِقٌۢ بِهِۦ صَدْرُكَ أَن يَقُولُوا۟ لَوْلَآ أُنزِلَ عَلَيْهِ كَنزٌ أَوْ جَآءَ مَعَهُۥ مَلَكٌ إِنَّمَآ أَنتَ نَذِيرٌ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ وَكِيلٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] мабодо [иблоғи] бархе аз он чиро, ки ба сӯят ваҳй мешавад, тарк кунӣ ва синаат аз он ба танг ояд, ки [мушрикон] мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ нозил нагаштааст ё фариштае бо ӯ наёмадааст»? Ҷуз ин нест, ки ту фақат бимдиҳандаӣ ва Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузори ҳар чизест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ يَقُولُونَ ٱفْتَرَىٰهُ قُلْ فَأْتُوا۟ بِعَشْرِ سُوَرٍ مِّثْلِهِۦ مُفْتَرَيَٰتٍ وَٱدْعُوا۟ مَنِ ٱسْتَطَعْتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ мегӯянд: «[Муҳаммад] Он [китоб]-ро барсохтааст». Бигӯ: «Агар рост мегӯед, даҳ сура барсохта ҳаммонанди он биёваред ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳар киро метавонед, ба ёрӣ бихонед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِلَّمْ يَسْتَجِيبُوا۟ لَكُمْ فَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّمَآ أُنزِلَ بِعِلْمِ ٱللَّهِ وَأَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَهَلْ أَنتُم مُّسْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, агар онон даъвататонро напазируфтанд, бидонед, ки [Қуръон] фақат ба илми Аллоҳ таоло нозил шудааст ва ин ки ҳеҷ маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, оё таслим [-и амри Аллоҳ таоло ва паёмбар] мешавед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَن كَانَ يُرِيدُ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَٰلَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки зиндагии дунё ва зинати онро мехоҳанд, [подоши] корҳояшонро дар ин [дунё] ба тамомӣ ба онон медиҳем ва дар он [подош ҳеҷ] каму косте нахоҳанд дид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ إِلَّا ٱلنَّارُ وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا۟ فِيهَا وَبَٰطِلٌ مَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнон касоне ҳастанд, ки дар охират ба ҷуз оташ [-и дузах ҳеҷ насибе] нахоҳанд дошт ва он чи дар дунё анҷом додаанд, бар бод рафтааст ва он чи мекарданд, табоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَمَن كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّهِۦ وَيَتْلُوهُ شَاهِدٌ مِّنْهُ وَمِن قَبْلِهِۦ كِتَٰبُ مُوسَىٰٓ إِمَامًا وَرَحْمَةً أُو۟لَٰٓئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِۦ وَمَن يَكْفُرْ بِهِۦ مِنَ ٱلْأَحْزَابِ فَٱلنَّارُ مَوْعِدُهُۥ فَلَا تَكُ فِى مِرْيَةٍ مِّنْهُ إِنَّهُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касе [Паёмбар], ки далели ошкоре [Қуръон] аз Парвардигораш дорад ва шоҳиде [Ҷабраил] аз ҷониби Ӯ [Аллоҳ таоло] онро мехонад, [ҳаммонанди кофирони гумроҳ аст] ва ҳол он ки пеш аз он низ Мӯсо роҳнамо ва мояи раҳмат [-и эшон] буд. Инон [мусулмонон] ба он [китоб] имон доранд ва ҳар касе аз гурӯҳҳо[-и мухталифи мушрикон], ки ба он куфр биварзад [ва инкораш кунад], оташи дузах ваъдагоҳи ӯст. Пас,[эй паёмбар] аз [Қуръон ва ҳақиқати ваъдаҳои] он дар тардид мабош. Бе тардид, он [китобе] росту дуруст аз сӯи Парвардигори туст, вале бештари мардум имон намеоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أُو۟لَٰٓئِكَ يُعْرَضُونَ عَلَىٰ رَبِّهِمْ وَيَقُولُ ٱلْأَشْهَٰدُ هَٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ كَذَبُوا۟ عَلَىٰ رَبِّهِمْ أَلَا لَعْنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа кист ситамгортар аз он кас, ки [бо нисбат додани фарзанд ё шарик] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад? Онон [рӯзи қиёмат] бар Парвардигорашон арза мешаванд ва гувоҳон [паёмбарон ва фариштагон] мегӯянд: «Инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастанд». Ҳон! Лаънати Аллоҳ таоло бар ситамгорони [мушрик] бод!!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا وَهُم بِٱلْـَٔاخِرَةِ هُمْ كَٰفِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] касоне, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд ва онро мунҳариф мехоҳанд ва онон худ охиратро бовар надоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ لَمْ يَكُونُوا۟ مُعْجِزِينَ فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا كَانَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنْ أَوْلِيَآءَ يُضَٰعَفُ لَهُمُ ٱلْعَذَابُ مَا كَانُوا۟ يَسْتَطِيعُونَ ٱلسَّمْعَ وَمَا كَانُوا۟ يُبْصِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон дар замин нотавонкунанда [-и Аллоҳ аз азоби хеш] нестанд ва ҷуз Аллоҳ таоло дӯстоне надоранд. Азоб бар эшон дучанд мешавад,[чаро ки] онон на тавони шунидан [-и ҳақро] доштанд ва на [ҳақоиқро] медиданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَفْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнонанд, ки ба хеш зиён заданд ва дурӯғҳое, ки мебофтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا جَرَمَ أَنَّهُمْ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ هُمُ ٱلْأَخْسَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНогузир онон дар охират аз ҳама зиёнкортаранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَأَخْبَتُوٓا۟ إِلَىٰ رَبِّهِمْ أُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلْجَنَّةِ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон фурӯтанӣ намудаанд, инон яқинан биҳиштианд [ва] ҳам инон дар он ҷовидонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَثَلُ ٱلْفَرِيقَيْنِ كَٱلْأَعْمَىٰ وَٱلْأَصَمِّ وَٱلْبَصِيرِ وَٱلسَّمِيعِ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا أَفَلَا تَذَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМасали ин ду гурӯҳ [кофиру муъмин] ҳаммонанди нобино ва ношунаво [аз як сӯ] ва бино ва шунаво [аз сӯйи дигар] аст. Оё бо якдигар баробаранд? Оё панд намегиред?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِۦٓ إِنِّى لَكُمْ نَذِيرٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [бо ин паём], ки: «Ба ростӣ, ки ман бароятон бимдиҳандае ошкорам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَن لَّا تَعْبُدُوٓا۟ إِلَّا ٱللَّهَ إِنِّىٓ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ أَلِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҶуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид ман аз азоби рӯзе дарднок бар шумо метарсам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقَالَ ٱلْمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِن قَوْمِهِۦ مَا نَرَىٰكَ إِلَّا بَشَرًا مِّثْلَنَا وَمَا نَرَىٰكَ ٱتَّبَعَكَ إِلَّا ٱلَّذِينَ هُمْ أَرَاذِلُنَا بَادِىَ ٱلرَّأْىِ وَمَا نَرَىٰ لَكُمْ عَلَيْنَا مِن فَضْلٍۭ بَلْ نَظُنُّكُمْ كَٰذِبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБузургоне аз қавми ӯ, ки куфр варзида буданд, [дар посух] гуфтанд: «Туро ҷуз башаре ҳаммонанди хеш намебинем ва ба ҷуз фурӯмоягони мо [он ҳам надониста ва] насанҷида [каси дигареро] намебинем, ки аз ту пайравӣ карда бошад ва бароятон [ҳеҷ] бартарие бар худ намебинем, балки шуморо дурӯғгӯ мепиндорем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰقَوْمِ أَرَءَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّى وَءَاتَىٰنِى رَحْمَةً مِّنْ عِندِهِۦ فَعُمِّيَتْ عَلَيْكُمْ أَنُلْزِمُكُمُوهَا وَأَنتُمْ لَهَا كَٰرِهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Нуҳ] гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед, [ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва Ӯ аз ҷониби хеш ба ман раҳмате [ нубувват] бахшида бошад ва [ин мавҳибат] аз диди шумо пӯшида бошад, оё мо метавонем ба [пазириши] он водоратон кунем ва ҳол он ки кароҳат доред?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَٰقَوْمِ لَآ أَسْـَٔلُكُمْ عَلَيْهِ مَالًا إِنْ أَجْرِىَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِنَّهُم مُّلَٰقُوا۟ رَبِّهِمْ وَلَٰكِنِّىٓ أَرَىٰكُمْ قَوْمًا تَجْهَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа эй қавми ман, барои ин [рисолат ман ҳеҷ сарват] ва моле аз шумо дархост намекунам. Подоши ман ҷуз бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло нест ва касонеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам. Бе тардид, [рӯзи қиёмат] онон мулоқоткунандаи Парвардигори хешанд, вале ман шуморо гурӯҳе мебинам, ки нодонӣ мекунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَٰقَوْمِ مَن يَنصُرُنِى مِنَ ٱللَّهِ إِن طَرَدتُّهُمْ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа эй қавми ман, агар ман ононро тард кунам, кист, ки маро дар баробари [кайфари] Аллоҳ таоло ёрӣ кунад? Пас, оё панд намегиред?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَآ أَقُولُ لَكُمْ عِندِى خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعْلَمُ ٱلْغَيْبَ وَلَآ أَقُولُ إِنِّى مَلَكٌ وَلَآ أَقُولُ لِلَّذِينَ تَزْدَرِىٓ أَعْيُنُكُمْ لَن يُؤْتِيَهُمُ ٱللَّهُ خَيْرًا ٱللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا فِىٓ أَنفُسِهِمْ إِنِّىٓ إِذًا لَّمِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба шумо намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ таоло назди ман аст ва ғайб намедонам ва намегӯям, ки ман фариштаам ва дар бораи касоне, ки ба чашми шумо ҳақир меоянд, намегӯям, ки Аллоҳ таоло хайре насибашон нахоҳад кард. Аллоҳ таоло ба он чи дар дилҳои эшон аст, огоҳтар аст. [Агар чунин бигӯям] Дар он сурат, ҳатман, аз ситамгорон хоҳам буд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰنُوحُ قَدْ جَٰدَلْتَنَا فَأَكْثَرْتَ جِدَٰلَنَا فَأْتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Қавмаш] Гуфтанд: «Эй Нуҳ, ба ростӣ, ки бо мо ҷидол кардӣ ва бисёр [ҳам] ҷидол кардӣ, пас, агар рост мегӯӣ, он чи [аз азоб]-ро, ки ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ إِنَّمَا يَأْتِيكُم بِهِ ٱللَّهُ إِن شَآءَ وَمَآ أَنتُم بِمُعْجِزِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Нуҳ] Гуфт: «Танҳо Аллоҳ таоло аст, ки агар бихоҳад, онро бар [сари] шумо меоварад ва шумо оҷизкунанда [-и Ӯ аз азоб кардан] нестед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا يَنفَعُكُمْ نُصْحِىٓ إِنْ أَرَدتُّ أَنْ أَنصَحَ لَكُمْ إِن كَانَ ٱللَّهُ يُرِيدُ أَن يُغْوِيَكُمْ هُوَ رَبُّكُمْ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар ман бихоҳам насиҳататон кунам, насиҳат кардани ман суде бароятон надорад, агар Аллоҳ таоло бихоҳад [ки нобуду] гумроҳатон созад. Ӯ Парвардигори шумост ва [ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ يَقُولُونَ ٱفْتَرَىٰهُ قُلْ إِنِ ٱفْتَرَيْتُهُۥ فَعَلَىَّ إِجْرَامِى وَأَنَا۠ بَرِىٓءٌ مِّمَّا تُجْرِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [мушрикон] мегӯянд: «Ӯ [Муҳаммад] ин суханонро ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат додааст? Бигӯ: «Агар ман инҳоро аз пеши худ сохта бошам ва ба Ӯ нисбат диҳам, гуноҳаш бар [уҳдаи] ман, ва[-ле] ман аз гуноҳони шумо безорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأُوحِىَ إِلَىٰ نُوحٍ أَنَّهُۥ لَن يُؤْمِنَ مِن قَوْمِكَ إِلَّا مَن قَدْ ءَامَنَ فَلَا تَبْتَئِسْ بِمَا كَانُوا۟ يَفْعَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба Нуҳ ваҳй шуд, ки: «Аз қавми ту ҷуз касоне, ки имон овардаанд, дигар ҳеҷ кас имон намеоварад, пас, бар он чи мекарданд, ғам махӯр

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱصْنَعِ ٱلْفُلْكَ بِأَعْيُنِنَا وَوَحْيِنَا وَلَا تُخَٰطِبْنِى فِى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓا۟ إِنَّهُم مُّغْرَقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [акнун] киштиро зери назари Мо ва ба ваҳй [ва роҳнамоӣ]-и Мо бисоз ва дар бораи касоне, ки ситам карданд, бо Ман сухан магӯ [чаро ки] онҳо, ҳатман, ғарқшуданӣ ҳастанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَصْنَعُ ٱلْفُلْكَ وَكُلَّمَا مَرَّ عَلَيْهِ مَلَأٌ مِّن قَوْمِهِۦ سَخِرُوا۟ مِنْهُ قَالَ إِن تَسْخَرُوا۟ مِنَّا فَإِنَّا نَسْخَرُ مِنكُمْ كَمَا تَسْخَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [Нуҳ] киштиро месохт ва гоҳе бузургоне аз қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд. [Ӯ] Мегуфт: «Агар моро масхара мекунед, мо низ [ба ҳангомаш] ба ҳамон сурате, ки моро масхара мекунед, шуморо масхара хоҳем кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ مَن يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيْهِ عَذَابٌ مُّقِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа зудӣ хоҳед донист, ки азоби [илоҳӣ] суроғи чи касе меояд, ки хораш созад ва азобе пойдор бар ӯ фуруд ояд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَمْرُنَا وَفَارَ ٱلتَّنُّورُ قُلْنَا ٱحْمِلْ فِيهَا مِن كُلٍّ زَوْجَيْنِ ٱثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلَّا مَن سَبَقَ عَلَيْهِ ٱلْقَوْلُ وَمَنْ ءَامَنَ وَمَآ ءَامَنَ مَعَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин ҳолат ҳамчунон идома дошт] то замоне, ки фармон [-и азоб] фаро расид ва [об аз] танӯр ҷӯшидан гирифт. [Ба Нуҳ] гуфтем: «Аз [аз ҳайвонот] як ҷуфт [нар ва мода] дар он [киштӣ] савор кун ва [ҳамчунин] хонадонатро, ба ҷуз касе, ки ваъда [-и ҳалок] қаблан бар ӯ муқаррар шудааст ва [низ] касонеро, ки имон овардаанд [низ савор кун]».Ва ҷуз иддаи андаке ҳамроҳи ӯ имон наоварда буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالَ ٱرْكَبُوا۟ فِيهَا بِسْمِ ٱللَّهِ مَجْر۪ىٰهَا وَمُرْسَىٰهَآ إِنَّ رَبِّى لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Нуҳ] Гуфт: «Дар он [киштӣ] савор шавед. Ҳаракат ва таваққуфаш ба ном [-у хости] Аллоҳ таоло аст. Бе тардид, Парвардигорам омурзандаву меҳрубон аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهِىَ تَجْرِى بِهِمْ فِى مَوْجٍ كَٱلْجِبَالِ وَنَادَىٰ نُوحٌ ٱبْنَهُۥ وَكَانَ فِى مَعْزِلٍ يَٰبُنَىَّ ٱرْكَب مَّعَنَا وَلَا تَكُن مَّعَ ٱلْكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он [киштӣ] ононро дар миёни амвоҷи кӯҳпайкаре [пеш] мебурд ва Нуҳ писарашро, ки дар каноре [истода] буд, садо зад: «Писарам, бо мо савор шав ва ҳамроҳи кофирон мабош»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ سَـَٔاوِىٓ إِلَىٰ جَبَلٍ يَعْصِمُنِى مِنَ ٱلْمَآءِ قَالَ لَا عَاصِمَ ٱلْيَوْمَ مِنْ أَمْرِ ٱللَّهِ إِلَّا مَن رَّحِمَ وَحَالَ بَيْنَهُمَا ٱلْمَوْجُ فَكَانَ مِنَ ٱلْمُغْرَقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Писари Нуҳ] Гуфт: «Ба кӯҳе паноҳ хоҳам бурд, ки аз об ҳифзам кунад». [Нуҳ] Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае дар баробари фармони Аллоҳ таоло нест, магар касе, ки [Аллоҳ таоло] ба ӯ раҳм кунад».Ва[-ле ногоҳ] мавҷ дар миёни он ду фосила андохт, пас, [вай низ] аз ғарқшудагон гардид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقِيلَ يَٰٓأَرْضُ ٱبْلَعِى مَآءَكِ وَيَٰسَمَآءُ أَقْلِعِى وَغِيضَ ٱلْمَآءُ وَقُضِىَ ٱلْأَمْرُ وَٱسْتَوَتْ عَلَى ٱلْجُودِىِّ وَقِيلَ بُعْدًا لِّلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфта шуд: «Эй замин, обатро фурӯ бар ва эй осмон [аз боридан] боз ист ва об фурӯ нишаст ва кор ба анҷом расид ва [киштӣ] бар [кӯҳи] Ҷудӣ қарор гирифт ва гуфта шуд: «Дурӣ [аз раҳмати илоҳӣ] бар гурӯҳи ситамгорон бод»!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَادَىٰ نُوحٌ رَّبَّهُۥ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ٱبْنِى مِنْ أَهْلِى وَإِنَّ وَعْدَكَ ٱلْحَقُّ وَأَنتَ أَحْكَمُ ٱلْحَٰكِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Нуҳ Парвардигорашро нидо доду гуфт: «Парвардигоро, писарам аз хонадони ман аст ва бе гумон, ваъдаи Ту [дар бораи наҷоти хонадонам] ҳақ аст ва Ту беҳтарин доварӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰنُوحُ إِنَّهُۥ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ إِنَّهُۥ عَمَلٌ غَيْرُ صَٰلِحٍ فَلَا تَسْـَٔلْنِ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِۦ عِلْمٌ إِنِّىٓ أَعِظُكَ أَن تَكُونَ مِنَ ٱلْجَٰهِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Нуҳ, дар ҳақиқат, ӯ аз хонадони ту нест. [Кирдори] Ӯ кирдори ношоиста аст. Пас, чизеро, ки ба он дониш надорӣ, аз Ман махоҳ. Ман туро панд медиҳам, ки мабодо аз ҷоҳилон бошӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ إِنِّىٓ أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْـَٔلَكَ مَا لَيْسَ لِى بِهِۦ عِلْمٌ وَإِلَّا تَغْفِرْ لِى وَتَرْحَمْنِىٓ أَكُن مِّنَ ٱلْخَٰسِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба Ту паноҳ мебарам, ки аз Ту чизе бихоҳам, ки ба он донише надорам ва агар маро набахшӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкоронам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قِيلَ يَٰنُوحُ ٱهْبِطْ بِسَلَٰمٍ مِّنَّا وَبَرَكَٰتٍ عَلَيْكَ وَعَلَىٰٓ أُمَمٍ مِّمَّن مَّعَكَ وَأُمَمٌ سَنُمَتِّعُهُمْ ثُمَّ يَمَسُّهُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГуфта шуд: «Эй Нуҳ, бо [амнияту] саломат аз ҷониби Мо ва [низ ҳамроҳ бо] баракатҳои [фаровон] бар ту ва бар гурӯҳҳое, ки ҳамроҳат ҳастанд, [бар замин] фуруд о ва гурӯҳҳое [низ] ҳастанд, ки ба зудӣ ононро [аз неъматҳо] баҳраманд месозем, сипас азоби дардноке аз сӯйи Мо ба онон хоҳад расид»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تِلْكَ مِنْ أَنۢبَآءِ ٱلْغَيْبِ نُوحِيهَآ إِلَيْكَ مَا كُنتَ تَعْلَمُهَآ أَنتَ وَلَا قَوْمُكَ مِن قَبْلِ هَٰذَا فَٱصْبِرْ إِنَّ ٱلْعَٰقِبَةَ لِلْمُتَّقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй мекунем. На ту онҳоро пеш аз ин медонистӣ ва на қавмат, пас,[бар озорашон] шикебоӣ кун. Яқинан, оқибати [наку] аз они парҳезгорон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمْ هُودًا قَالَ يَٰقَوْمِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُۥٓ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا مُفْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба сӯйи қавми Од бародарашон Ҳудро [фиристодем, ки] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки маъбуд [-и барҳақ]-е ҷуз Ӯ надоред [ва] шумо [дар ширк ба Аллоҳ таоло] дурӯғбофоне беш нестед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰقَوْمِ لَآ أَسْـَٔلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِنْ أَجْرِىَ إِلَّا عَلَى ٱلَّذِى فَطَرَنِىٓ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center«Эй қавми ман, барои [расонидани] ин [даъват] аз шумо подоше наметалабам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] касест, ки маро офарид. Оё намеандешед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَٰقَوْمِ ٱسْتَغْفِرُوا۟ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوٓا۟ إِلَيْهِ يُرْسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيْكُم مِّدْرَارًا وَيَزِدْكُمْ قُوَّةً إِلَىٰ قُوَّتِكُمْ وَلَا تَتَوَلَّوْا۟ مُجْرِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа эй қавми ман, аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардед [ва тавба кунед], то [борони] осмонро паёпай бар шумо бифиристад ва неруе бар неруятон биафзояд ва гунаҳкорона [аз ҳақ] рӯй нагардонед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰهُودُ مَا جِئْتَنَا بِبَيِّنَةٍ وَمَا نَحْنُ بِتَارِكِىٓ ءَالِهَتِنَا عَن قَوْلِكَ وَمَا نَحْنُ لَكَ بِمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Эй Ҳуд, бароямон далели равшане наовардаӣ ва мо ба [хотири] гуфтори ту маъбудонамонро раҳо намекунем ва ба ту имон намеоварем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن نَّقُولُ إِلَّا ٱعْتَرَىٰكَ بَعْضُ ءَالِهَتِنَا بِسُوٓءٍ قَالَ إِنِّىٓ أُشْهِدُ ٱللَّهَ وَٱشْهَدُوٓا۟ أَنِّى بَرِىٓءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мо чизе] Ҷуз ин намегӯем, ки бархе аз маъбудонамон ба ту газанде расондаанд [ва девона шудаӣ]». [Ҳуд] Гуфт: «Аллоҳро гувоҳ мегирам ва шумо [низ] гувоҳ бошед, ки ман аз он чи [ба Аллоҳ таоло] шарик қарор медиҳед, безорам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مِن دُونِهِۦ فَكِيدُونِى جَمِيعًا ثُمَّ لَا تُنظِرُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳамагӣ дар бораи ман найранг кунед ва муҳлатам надиҳед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنِّى تَوَكَّلْتُ عَلَى ٱللَّهِ رَبِّى وَرَبِّكُم مَّا مِن دَآبَّةٍ إِلَّا هُوَ ءَاخِذٌۢ بِنَاصِيَتِهَآ إِنَّ رَبِّى عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМан бар Аллоҳ таоло, ки Парвардигори ману шумост, таваккал кардам. Ҳеҷ ҷунбандае нест, магар ин ки дар зери қудрат ва фармонравоии Ӯст. Бе тардид, Парвардигорам бар роҳи рост аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِن تَوَلَّوْا۟ فَقَدْ أَبْلَغْتُكُم مَّآ أُرْسِلْتُ بِهِۦٓ إِلَيْكُمْ وَيَسْتَخْلِفُ رَبِّى قَوْمًا غَيْرَكُمْ وَلَا تَضُرُّونَهُۥ شَيْـًٔا إِنَّ رَبِّى عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ حَفِيظٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, агар рӯй бигардонед, [бидонед, ки] ман яқинан, он чиро, ки ба хотираш ба сӯйи шумо фиристода шудаам ба шумо расонидам ва Парвардигори ман, қавме ғайр аз шуморо ҷонишинатон мекунад ва шумо наметавонед ҳеҷ зиёне ба Ӯ бирасонед, [чароки] бе тардид, Парвардигорам бар ҳар чиз нигаҳбон аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمَّا جَآءَ أَمْرُنَا نَجَّيْنَا هُودًا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مَعَهُۥ بِرَحْمَةٍ مِّنَّا وَنَجَّيْنَٰهُم مِّنْ عَذَابٍ غَلِيظٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳангоме ки фармони [азоби] Мо фаро расид, Ҳуд ва касонеро, ки ҳамроҳаш имон оварда буданд, ба раҳмате аз [ҷониби] хеш наҷот додем ва ононро аз азоби сахт раҳонидем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتِلْكَ عَادٌ جَحَدُوا۟ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمْ وَعَصَوْا۟ رُسُلَهُۥ وَٱتَّبَعُوٓا۟ أَمْرَ كُلِّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин [қавми] Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва аз паёмбаронаш нофармонӣ намуданд ва аз фармони ҳар cаркаши ситезагаре пайравӣ карданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأُتْبِعُوا۟ فِى هَٰذِهِ ٱلدُّنْيَا لَعْنَةً وَيَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ أَلَآ إِنَّ عَادًا كَفَرُوا۟ رَبَّهُمْ أَلَا بُعْدًا لِّعَادٍ قَوْمِ هُودٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ин дунё ва рӯзи қиёмат [низ] лаънате ба дунболашон равон аст. Огоҳ бошед! Қавми Од ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Ҳон! Од – қавми Ҳуд [аз раҳмати илоҳӣ] дур бод!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَٰلِحًا قَالَ يَٰقَوْمِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُۥ هُوَ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلْأَرْضِ وَٱسْتَعْمَرَكُمْ فِيهَا فَٱسْتَغْفِرُوهُ ثُمَّ تُوبُوٓا۟ إِلَيْهِ إِنَّ رَبِّى قَرِيبٌ مُّجِيبٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба сӯйи [қавми] Самуд бародарашон Солеҳро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман Аллоҳро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде [бар ҳақ] надоред. Ӯ шуморо аз замин падид овард ва ободонии онро ба шумо вогузошт, пас, аз Ӯ омурзиш биталабед, сипас ба сӯяш бозгардед [ва тавба кунед]. Бе тардид, Парвардигорам наздик [ва] иҷобатгар аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰصَٰلِحُ قَدْ كُنتَ فِينَا مَرْجُوًّا قَبْلَ هَٰذَآ أَتَنْهَىٰنَآ أَن نَّعْبُدَ مَا يَعْبُدُ ءَابَآؤُنَا وَإِنَّنَا لَفِى شَكٍّ مِّمَّا تَدْعُونَآ إِلَيْهِ مُرِيبٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Эй Солеҳ, пеш аз ин ту миёни мо мояи умедворӣ будӣ. Оё моро аз парастиши он чи падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Ва ба ростӣ, мо аз он чи ба сӯяш даъватамон мекунӣ, сахт тардид дорем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰقَوْمِ أَرَءَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّى وَءَاتَىٰنِى مِنْهُ رَحْمَةً فَمَن يَنصُرُنِى مِنَ ٱللَّهِ إِنْ عَصَيْتُهُۥ فَمَا تَزِيدُونَنِى غَيْرَ تَخْسِيرٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Солеҳ] Гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед,[ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва Ӯ аз ҷониби хеш ба ман раҳмате [нубувват] бахшида бошад, пас, агар аз Ӯ нофармонӣ кунам, чи касе маро дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ мекунад? Пас, шумо ҷуз зиёнкорӣ [чизе] бар ман намеафзоед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَٰقَوْمِ هَٰذِهِۦ نَاقَةُ ٱللَّهِ لَكُمْ ءَايَةً فَذَرُوهَا تَأْكُلْ فِىٓ أَرْضِ ٱللَّهِ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٍ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابٌ قَرِيبٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй қавми ман, ин модашутури Аллоҳ таоло аст, ки барои шумо нишонаест [бар дурустии даъватам], пас, бигзоред, то дар замини Аллоҳ таоло бичарад ва озоре ба ӯ нарасонед, ки [дар ғайри ин сурат] азобе зудрас шуморо фаро мегирад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُوا۟ فِى دَارِكُمْ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٍ ذَٰلِكَ وَعْدٌ غَيْرُ مَكْذُوبٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, он [модашутур]-ро пай (захми) карданд, он гоҳ [Солеҳ ба онон] гуфт: «Се рӯз дар хонаҳоятон [аз неъматҳои дунё] баҳраманд гардед [ва пас аз он азоб хоҳад омад]. Ин ваъдаест, ки дурӯғ нахоҳад буд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَآءَ أَمْرُنَا نَجَّيْنَا صَٰلِحًا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مَعَهُۥ بِرَحْمَةٍ مِّنَّا وَمِنْ خِزْىِ يَوْمِئِذٍ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلْقَوِىُّ ٱلْعَزِيزُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун фармони [азоб]-и мо фаро расид, Солеҳ ва касонеро, ки ҳамроҳаш имон оварда буданд, ба раҳмате аз [ҷониби] хеш аз [азобу] расвоии он рӯз наҷот додем. Бе гумон, Парвардигорат ҳамон тавонманди шикастнопазир аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَخَذَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ ٱلصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُوا۟ فِى دِيَٰرِهِمْ جَٰثِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касонеро, ки ситам карда буданд, бонг [-и маргбор]-е фаро гирифт, пас, дар ҷойи хеш ба рӯ афтоданд ва ҳалок шуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَأَن لَّمْ يَغْنَوْا۟ فِيهَآ أَلَآ إِنَّ ثَمُودَا۟ كَفَرُوا۟ رَبَّهُمْ أَلَا بُعْدًا لِّثَمُودَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧунончи гӯӣ дар он [диёр] набудаанд. Огоҳ бошед! [Қавми] Самуд ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Ҳон! Самуд [аз раҳмати илоҳӣ] дур бод!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ جَآءَتْ رُسُلُنَآ إِبْرَٰهِيمَ بِٱلْبُشْرَىٰ قَالُوا۟ سَلَٰمًا قَالَ سَلَٰمٌ فَمَا لَبِثَ أَن جَآءَ بِعِجْلٍ حَنِيذٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, фиристодагони Мо бо башорати [таваллуди фарзанд] назди Иброҳим омаданд,[ва] гуфтанд: «Салом [бар ту]». [Ӯ низ дар посух] Гуфт: «Салом [бар шумо]» ва дере напоид, ки [Иброҳим барояшон] гӯсолае бирён овард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا رَءَآ أَيْدِيَهُمْ لَا تَصِلُ إِلَيْهِ نَكِرَهُمْ وَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً قَالُوا۟ لَا تَخَفْ إِنَّآ أُرْسِلْنَآ إِلَىٰ قَوْمِ لُوطٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун дид ба сӯйи он [ғизо] даст намебаранд [ва чизе намехӯранд], бо онон эҳсоси бегонагӣ кард ва [аз бими он ки қасди қатлашро дошта бошанд] аз онон тарсе ба дил гирифт. [Фариштагон] Гуфтанд: «Натарс, мо ба сӯйи қавми Лут фиристода шудаем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱمْرَأَتُهُۥ قَآئِمَةٌ فَضَحِكَتْ فَبَشَّرْنَٰهَا بِإِسْحَٰقَ وَمِن وَرَآءِ إِسْحَٰقَ يَعْقُوبَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамсараш [Сора, ки пушти парда] истода буд, [аз шунидани хабари таваллуди фарзанд] хандид, он гоҳ ӯро ба Исҳоқ ва пас аз ӯ ба Яъқуб башорат додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَتْ يَٰوَيْلَتَىٰٓ ءَأَلِدُ وَأَنَا۠ عَجُوزٌ وَهَٰذَا بَعْلِى شَيْخًا إِنَّ هَٰذَا لَشَىْءٌ عَجِيبٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сора] Гуфт: «Эй вой бар ман! Оё дар ҳоле ки худам пиразанам ва ин шавҳарам пирамарде [фартут] аст, фарзанд мезоям? Ба ростӣ, ин чизе шигифтовар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوٓا۟ أَتَعْجَبِينَ مِنْ أَمْرِ ٱللَّهِ رَحْمَتُ ٱللَّهِ وَبَرَكَٰتُهُۥ عَلَيْكُمْ أَهْلَ ٱلْبَيْتِ إِنَّهُۥ حَمِيدٌ مَّجِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фариштагон] Гуфтанд: «Оё аз фармони Аллоҳ таоло тааҷҷуб мекунӣ? Раҳмати Аллоҳ таоло ва баракоташ бар шумо ва аҳли хона бод! Бе тардид, Ӯ cутудае бузургвор аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا ذَهَبَ عَنْ إِبْرَٰهِيمَ ٱلرَّوْعُ وَجَآءَتْهُ ٱلْبُشْرَىٰ يُجَٰدِلُنَا فِى قَوْمِ لُوطٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун тарс аз [дили] Иброҳим [берун] рафт ва башорати [таваллуди фарзанд] ба ӯ расид, дар бораи [таъхири азоб ё наҷоти муъминони] қавми Лут бо мо баҳс [ва ба чуну чаро] пардохт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ إِبْرَٰهِيمَ لَحَلِيمٌ أَوَّٰهٌ مُّنِيبٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки Иброҳим бурдбору бисёрниёишгар ва бозоянда [ба даргоҳи Мо] буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓإِبْرَٰهِيمُ أَعْرِضْ عَنْ هَٰذَآ إِنَّهُۥ قَدْ جَآءَ أَمْرُ رَبِّكَ وَإِنَّهُمْ ءَاتِيهِمْ عَذَابٌ غَيْرُ مَرْدُودٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фариштагон гуфтанд] «Эй Иброҳим, аз ин [сухан] бигзар, [чаро ки] ба ростӣ, фармони [азоби] Парвардигорат фаро расидааст ва мусалламан, азобе бозгаштнопазир барояшон хоҳад омад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمَّا جَآءَتْ رُسُلُنَا لُوطًا سِىٓءَ بِهِمْ وَضَاقَ بِهِمْ ذَرْعًا وَقَالَ هَٰذَا يَوْمٌ عَصِيبٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун фиристодагони Мо назди Лут омаданд, аз [тасаввури бешармии қавмаш нисбат ба] онон нигарон ва дилтанг шуд ва гуфт: «Имрӯз рӯзи бисёр сахтест»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَآءَهُۥ قَوْمُهُۥ يُهْرَعُونَ إِلَيْهِ وَمِن قَبْلُ كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ قَالَ يَٰقَوْمِ هَٰٓؤُلَآءِ بَنَاتِى هُنَّ أَطْهَرُ لَكُمْ فَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَلَا تُخْزُونِ فِى ضَيْفِىٓ أَلَيْسَ مِنكُمْ رَجُلٌ رَّشِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа қавми ӯ шитобон [ба қасди комҷӯӣ аз меҳмонони Лут] ба [хонаи] ӯ ҳуҷум оварданд, дар ҳоле ки пеш аз он [низ] муртакиби корҳои зиште мешуданд. [Лут]Гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони [уммати] ман ҳастанд; [бо эшон издивоҷ кунед]. Онон барои шумо покизатаранд, пас, аз Аллоҳ таоло битарсед ва маро дар [муқобили] меҳмононам шармсор накунед. Оё байни шумо марди хирадманде нест [ки шуморо аз ин кор боздорад]»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ لَقَدْ عَلِمْتَ مَا لَنَا فِى بَنَاتِكَ مِنْ حَقٍّ وَإِنَّكَ لَتَعْلَمُ مَا نُرِيدُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки мо ба духтарони [уммати] ту ниёзе надорем ва хуб медонӣ, ки мо чи мехоҳем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَوْ أَنَّ لِى بِكُمْ قُوَّةً أَوْ ءَاوِىٓ إِلَىٰ رُكْنٍ شَدِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Лут] Гуфт: «Кош, дар баробари шумо қудрате доштам ё метавонистам ба такягоҳи устуворе [ҳамчун хонавода ва қабилаам] паноҳ бибарам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰلُوطُ إِنَّا رُسُلُ رَبِّكَ لَن يَصِلُوٓا۟ إِلَيْكَ فَأَسْرِ بِأَهْلِكَ بِقِطْعٍ مِّنَ ٱلَّيْلِ وَلَا يَلْتَفِتْ مِنكُمْ أَحَدٌ إِلَّا ٱمْرَأَتَكَ إِنَّهُۥ مُصِيبُهَا مَآ أَصَابَهُمْ إِنَّ مَوْعِدَهُمُ ٱلصُّبْحُ أَلَيْسَ ٱلصُّبْحُ بِقَرِيبٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фариштагон] Гуфтанд: «Эй Лут, мо фиристодагони Парвардигорат ҳастем. Онон ҳаргиз ба ту даст намеёбанд, пас, вақте посе аз шаб гузарад, хонаводаатро [аз ин шаҳр берун] бибар ва ҳеҷ як аз шумо ба пушти сар нигоҳ накунад, магар ҳамсарат, ки он чи [аз азоб], ки ба онон мерасад, ҳатман, ба ӯ [низ] хоҳад расид. Дар ҳақиқат, ваъдагоҳашон субҳ аст. Оё субҳ наздик нест?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَآءَ أَمْرُنَا جَعَلْنَا عَٰلِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهَا حِجَارَةً مِّن سِجِّيلٍ مَّنضُودٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун фармони Мо фаро расид, он [сарзамин]-ро зерурӯ кардем ва бар онон санггилҳое паёпай боридем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَ وَمَا هِىَ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ بِبَعِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сангҳое, ки] Назди Парвардигорат нишондор буд ва ин [азоби дарднок] аз ситамгорони [дигар, аз ҷумла Қурайш] дур нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِلَىٰ مَدْيَنَ أَخَاهُمْ شُعَيْبًا قَالَ يَٰقَوْمِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُۥ وَلَا تَنقُصُوا۟ ٱلْمِكْيَالَ وَٱلْمِيزَانَ إِنِّىٓ أَرَىٰكُم بِخَيْرٍ وَإِنِّىٓ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ مُّحِيطٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба сӯйи [қавми] Мадян бародарашон Шуайбро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки ба ҷуз ӯ маъбуде [бар ҳақ] надоред ва паймона ва мизонро кам накунед. Ба ростӣ, шуморо дар неъмат мебинем, ва[ле] аз азоби рӯзи фарогир бар шумо метарсам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَٰقَوْمِ أَوْفُوا۟ ٱلْمِكْيَالَ وَٱلْمِيزَانَ بِٱلْقِسْطِ وَلَا تَبْخَسُوا۟ ٱلنَّاسَ أَشْيَآءَهُمْ وَلَا تَعْثَوْا۟ فِى ٱلْأَرْضِ مُفْسِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа эй қавми ман, паймона ва мизонро бо адолат тамом [-у комил] бидиҳед ва колоҳои мардумро кам надиҳед ва дар замин ба фасод [-у гуноҳ]накӯшед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَقِيَّتُ ٱللَّهِ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيْكُم بِحَفِيظٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар имон дошта бошед, он чи Аллоҳ таоло [пас аз таҳвили комили паймона аз касби ҳалол] бароятон боқӣ мегузорад, беҳтар аст ва ман бар шумо нигаҳбон нестам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰشُعَيْبُ أَصَلَوٰتُكَ تَأْمُرُكَ أَن نَّتْرُكَ مَا يَعْبُدُ ءَابَآؤُنَآ أَوْ أَن نَّفْعَلَ فِىٓ أَمْوَٰلِنَا مَا نَشَٰٓؤُا۟ إِنَّكَ لَأَنتَ ٱلْحَلِيمُ ٱلرَّشِيدُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Эй Шуайб, оё намозат туро бар он медорад, ки [ба мо амр кунӣ, то] даст аз он чи падаронамон мепарстиданд, бардорем ё дар амволамон ҳар коре, ки мехоҳем, накунем? Ту, ки бурдбор [ва] хирадмандӣ [пас, чаро чунин мегӯӣ]?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰقَوْمِ أَرَءَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّى وَرَزَقَنِى مِنْهُ رِزْقًا حَسَنًا وَمَآ أُرِيدُ أَنْ أُخَالِفَكُمْ إِلَىٰ مَآ أَنْهَىٰكُمْ عَنْهُ إِنْ أُرِيدُ إِلَّا ٱلْإِصْلَٰحَ مَا ٱسْتَطَعْتُ وَمَا تَوْفِيقِىٓ إِلَّا بِٱللَّهِ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَإِلَيْهِ أُنِيبُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Шуайб] Гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед, [ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва аз ҷониби хеш рӯзии накуе ба ман ато карда бошад [он гоҳ чи мекунед]? Ва ман намехоҳам дар он чи шуморо аз он бозмедорам, бо шумо мухолифат кунам [вале худ анҷомаш диҳам]. То он ҷо дар тавон дорам, ҷуз ислоҳ намехоҳам ва тавфиқи ман танҳо ба [лутфу хости] Худост, бар Ӯ таваккал кардам ва ба сӯйи Ӯ бозмегардам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَٰقَوْمِ لَا يَجْرِمَنَّكُمْ شِقَاقِىٓ أَن يُصِيبَكُم مِّثْلُ مَآ أَصَابَ قَوْمَ نُوحٍ أَوْ قَوْمَ هُودٍ أَوْ قَوْمَ صَٰلِحٍ وَمَا قَوْمُ لُوطٍ مِّنكُم بِبَعِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа эй қавми ман, душманӣ [ва мухолифат] бо ман сабаб нашавад, ки ҳаммонанди он чи ки ба қавми Нуҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ расид, ба шумо [низ] бирасад ва [ба хусус азоби] қавми Лут [ки аз лиҳози замону макон] чандон аз шумо дур нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱسْتَغْفِرُوا۟ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوٓا۟ إِلَيْهِ إِنَّ رَبِّى رَحِيمٌ وَدُودٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардед [ва тавба кунед, ки] бе тардид, Парвардигорам меҳрубон [ва] дӯстдор [-и тавбакунандагон] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰشُعَيْبُ مَا نَفْقَهُ كَثِيرًا مِّمَّا تَقُولُ وَإِنَّا لَنَرَىٰكَ فِينَا ضَعِيفًا وَلَوْلَا رَهْطُكَ لَرَجَمْنَٰكَ وَمَآ أَنتَ عَلَيْنَا بِعَزِيزٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Эй Шуайб, бисёре аз он чиро, ки мегӯӣ, намефаҳмем ва яқинан туро дар миёни худ нотавон мебинем ва агар [эҳтироми] қабилаат намебуд, мусалламан, сангсорат мекардем ва ту назди мо тавонманд [гаронқадр] нестӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰقَوْمِ أَرَهْطِىٓ أَعَزُّ عَلَيْكُم مِّنَ ٱللَّهِ وَٱتَّخَذْتُمُوهُ وَرَآءَكُمْ ظِهْرِيًّا إِنَّ رَبِّى بِمَا تَعْمَلُونَ مُحِيطٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Шуайб] Гуфт: «Эй қавми ман, оё қабилаам назди шумо гиромитар аз Аллоҳ таоло аст, ки [фармони] Ӯро [фаромӯш кардед ва] пушти сари хеш андохтаед. Бе тардид, Парвардигорам ба он чи анҷом медиҳед, иҳота дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَٰقَوْمِ ٱعْمَلُوا۟ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمْ إِنِّى عَٰمِلٌ سَوْفَ تَعْلَمُونَ مَن يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَمَنْ هُوَ كَٰذِبٌ وَٱرْتَقِبُوٓا۟ إِنِّى مَعَكُمْ رَقِيبٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа эй қавми ман, шумо ба равиши худ амал кунед, ман низ [ба равиши худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки азоби расвокунанда бар чи касе фуруд меояд ва дурӯғгӯ кист. Шумо мунтазир бошед ва ман [низ] бо шумо дар интизорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمَّا جَآءَ أَمْرُنَا نَجَّيْنَا شُعَيْبًا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مَعَهُۥ بِرَحْمَةٍ مِّنَّا وَأَخَذَتِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ ٱلصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُوا۟ فِى دِيَٰرِهِمْ جَٰثِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун фармони Мо фаро расид, Шуайб ва касонеро, ки ҳамроҳаш имон оварда буданд, ба раҳмате аз [ҷониби] хеш наҷот додем ва касонеро, ки ситам карданд, бонге [маргбор] фаро гирифт, пас, дар ҷойи худ ба рӯ афтоданд ва ҳалок шуданд;

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَأَن لَّمْ يَغْنَوْا۟ فِيهَآ أَلَا بُعْدًا لِّمَدْيَنَ كَمَا بَعِدَتْ ثَمُودُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧунон [мурданд] ки гӯӣ ҳаргиз дар он [диёр] набуданд. Ҳон! [Қавми] Мадян [аз раҳмати илоҳӣ] дур бод! Чунончи [қавми] Самуд дур шуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَا وَسُلْطَٰنٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, Мӯсоро бо оёти худ ва далеле ошкор фиристодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَإِي۟هِۦ فَٱتَّبَعُوٓا۟ أَمْرَ فِرْعَوْنَ وَمَآ أَمْرُ فِرْعَوْنَ بِرَشِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа сӯйи Фиръавн ва бузургон [-у ашрофи қавм]-и ӯ, пас, онон аз фармони Фиръавн пайравӣ карданд ва фармони Фиръавн дуруст [ва бихрадона] набуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَقْدُمُ قَوْمَهُۥ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فَأَوْرَدَهُمُ ٱلنَّارَ وَبِئْسَ ٱلْوِرْدُ ٱلْمَوْرُودُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фиръавн] Рӯзи қиёмат пешопеши қавмаш меравад ва ононро ба оташ [-и дузах] ворид мекунад ва чи бад ҷойгоҳест, ки ба он ворид мешаванд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأُتْبِعُوا۟ فِى هَٰذِهِۦ لَعْنَةً وَيَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ بِئْسَ ٱلرِّفْدُ ٱلْمَرْفُودُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ин [дунё] ва рӯзи қиёмат, нафрин ба дунбол доранд ва чи бад армуғоне ба онон мебахшанд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ مِنْ أَنۢبَآءِ ٱلْقُرَىٰ نَقُصُّهُۥ عَلَيْكَ مِنْهَا قَآئِمٌ وَحَصِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Ин [бархе] аз хабарҳои он [сарзаминҳо ва] шаҳрҳост, ки онҳоро бароят бозгӯ мекунем, бархе аз онҳо [ҳанӯз] побарҷост ва [бархе дигар] вайрон [гаштааст]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا ظَلَمْنَٰهُمْ وَلَٰكِن ظَلَمُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ فَمَآ أَغْنَتْ عَنْهُمْ ءَالِهَتُهُمُ ٱلَّتِى يَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مِن شَىْءٍ لَّمَّا جَآءَ أَمْرُ رَبِّكَ وَمَا زَادُوهُمْ غَيْرَ تَتْبِيبٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо ба эшон ситам накардем, балки онон [худ] ба хештан ситам карданд, пас, ҳангоме ки фармони Парвардигорат [барои азобашон] фаро расид, маъбудонашон, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонданд, суде барояшон надоштанд [ва ёриашон надоданд] ва бар онон ҷуз ҳалокат [-у табоҳӣ] наафзуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ أَخْذُ رَبِّكَ إِذَآ أَخَذَ ٱلْقُرَىٰ وَهِىَ ظَٰلِمَةٌ إِنَّ أَخْذَهُۥٓ أَلِيمٌ شَدِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّمَنْ خَافَ عَذَابَ ٱلْـَٔاخِرَةِ ذَٰلِكَ يَوْمٌ مَّجْمُوعٌ لَّهُ ٱلنَّاسُ وَذَٰلِكَ يَوْمٌ مَّشْهُودٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, дар ин [достонҳо, панд ва] нишонаест барои касе, ки аз азоби охират метарсад. Он [рӯз] рӯзест, ки мардумро барои [ҳисобрасӣ дар] он ҷамъ мекунанд ва он [рӯз] рӯзест, ки [тамоми аҳли маҳшар] онро мебинанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا نُؤَخِّرُهُۥٓ إِلَّا لِأَجَلٍ مَّعْدُودٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо онро ҷуз то муддате муайян ба таъхир намеандозем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ يَأْتِ لَا تَكَلَّمُ نَفْسٌ إِلَّا بِإِذْنِهِۦ فَمِنْهُمْ شَقِىٌّ وَسَعِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе биёяд, ки ҳеҷ кас ҷуз ба иҷозати Ӯ [Аллоҳ таоло] сухан намегӯяд, пас, бархе аз онон бадбахтанд ва [бархе дигар] некбахт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَمَّا ٱلَّذِينَ شَقُوا۟ فَفِى ٱلنَّارِ لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَشَهِيقٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо касоне, ки бадбахт шуданд, [дузахианд ва] дар оташ барояшон [бо ҳар даму боздам] фарёду нолае аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

خَٰلِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلْأَرْضُ إِلَّا مَا شَآءَ رَبُّكَ إِنَّ رَبَّكَ فَعَّالٌ لِّمَا يُرِيدُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо осмонҳо ва замин [боқӣ] аст, дар он [азоб] ҷовидонанд, магар он ки Парвардигорат бихоҳад [ки муваҳҳидони гунаҳгорро аз дузах хориҷ созад]. Бе тардид, Парвардигорат он чиро, ки бихоҳад, анҷом медиҳад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ سُعِدُوا۟ فَفِى ٱلْجَنَّةِ خَٰلِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلْأَرْضُ إِلَّا مَا شَآءَ رَبُّكَ عَطَآءً غَيْرَ مَجْذُوذٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо касоне, ки некбахт [ва саодатманд] шуданд, то осмонҳо ва замин [боқӣ] аст, ҷовидона дар биҳиштанд, магар он ки Парвардигорат бихоҳад [ки муваҳҳидони гунаҳгорро пеш аз вуруд ба биҳишт дар дузах муҷозот кунад. Ин неъмат] бахшише бепоён аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَا تَكُ فِى مِرْيَةٍ مِّمَّا يَعْبُدُ هَٰٓؤُلَآءِ مَا يَعْبُدُونَ إِلَّا كَمَا يَعْبُدُ ءَابَآؤُهُم مِّن قَبْلُ وَإِنَّا لَمُوَفُّوهُمْ نَصِيبَهُمْ غَيْرَ مَنقُوصٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, аз [ботил будани] он чи инон [мушрикон] мепарастанд, дар тардид мабош. Онон ин маъбудонро намепарастанд, магар ба ҳамон шакле, ки падаронашон [низ] пештар мепарастиданд ва Мо саҳмашонро [аз азоб] бекамукост ба онон хоҳем дод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ فَٱخْتُلِفَ فِيهِ وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّكَ لَقُضِىَ بَيْنَهُمْ وَإِنَّهُمْ لَفِى شَكٍّ مِّنْهُ مُرِيبٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо китоб додем, пас, дар он ихтилоф шуд. Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] миёнашон доварӣ мешуд [ва азоб нозил мегашт] ва ба ростӣ, ки онон [яҳудиён ва мушрикон] дар бораи [ҳаққонияти] ин [Қуръон] сахт дар тардиданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ كُلًّا لَّمَّا لَيُوَفِّيَنَّهُمْ رَبُّكَ أَعْمَٰلَهُمْ إِنَّهُۥ بِمَا يَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Парвардигорат [подоши] аъмоли ҳар кадомашро, ҳатман, бекаму кост хоҳад дод. Бе тардид, Ӯ ба он чи мекунанд, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱسْتَقِمْ كَمَآ أُمِرْتَ وَمَن تَابَ مَعَكَ وَلَا تَطْغَوْا۟ إِنَّهُۥ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй паёмбар] чунон ки фармон ёфтаӣ, [дар баробари мушрикон] истиқомат кун ва касе, ки ҳамроҳи ту [ба пешгоҳи илоҳӣ] рӯ овардааст [низ бояд дар диндорӣ истиқомат кунад] ва саркашӣ накунед. Бе тардид, ӯ ба он чи мекунед, биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَرْكَنُوٓا۟ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنْ أَوْلِيَآءَ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа касоне, ки ситам карданд [кофирон] гароиш наёбед, ки [агар чунин кунед] оташи дузах ба шумо низ хоҳад расид ва дар баробари Аллоҳ таоло [ҳеҷ] дӯсте надоред ва он гоҳ ёрӣ намешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ طَرَفَىِ ٱلنَّهَارِ وَزُلَفًا مِّنَ ٱلَّيْلِ إِنَّ ٱلْحَسَنَٰتِ يُذْهِبْنَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ ذَٰلِكَ ذِكْرَىٰ لِلذَّٰكِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ду тарафи рӯз [оғоз ва поёни рӯз] ва соате аз шаб намоз бигзор. Бе тардид, некиҳо бадиҳоро аз байн мебарад. Ин [сухан] пандест барои пандпазирон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱصْبِرْ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ ٱلْمُحْسِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа шикебоӣ кун,[ки] бе тардид, Аллоҳ таоло подоши накукоронро табоҳ намекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَوْلَا كَانَ مِنَ ٱلْقُرُونِ مِن قَبْلِكُمْ أُو۟لُوا۟ بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ ٱلْفَسَادِ فِى ٱلْأَرْضِ إِلَّا قَلِيلًا مِّمَّنْ أَنجَيْنَا مِنْهُمْ وَٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ مَآ أُتْرِفُوا۟ فِيهِ وَكَانُوا۟ مُجْرِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чаро дар миёни умматҳои пеш аз шумо, ҷуз андаке аз онон, ки [аз азоб] наҷоташон додем,[муъминон ва] хирадмандоне набуданд, ки [мардумро] аз фасод дар замин боздоранд? Ва касоне, ки ситам карданд, ба дунболи нозу неъмате, ки ёфта буданд, рафтанд ва гунаҳгор буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهْلِكَ ٱلْقُرَىٰ بِظُلْمٍ وَأَهْلُهَا مُصْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [суннати] Парвардигорат чунин набудааст, ки шаҳрҳоро, дар ҳоле ки сокинонаш [афроде] накукор буданд, ба ситам нобуд кунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ شَآءَ رَبُّكَ لَجَعَلَ ٱلنَّاسَ أُمَّةً وَٰحِدَةً وَلَا يَزَالُونَ مُخْتَلِفِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар Парвардигорат мехост, [ҳамаи] мардумро як уммати [муваҳҳид ва дурусткор] қарор медод, вале [онон] ҳамвора мухталифанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا مَن رَّحِمَ رَبُّكَ وَلِذَٰلِكَ خَلَقَهُمْ وَتَمَّتْ كَلِمَةُ رَبِّكَ لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ ٱلْجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар касоне, ки Парвардигорат ба онон раҳм кард ва барои ҳамин ононро офаридааст ва ваъдаи Парвардигорат [чунин] таҳаққуқ пазируфтааст [ки]: «Ҳатман, дузахро аз ҷинну инсон [-и гунаҳгор] анбошта хоҳам сохт»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكُلًّا نَّقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنۢبَآءِ ٱلرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِۦ فُؤَادَكَ وَجَآءَكَ فِى هَٰذِهِ ٱلْحَقُّ وَمَوْعِظَةٌ وَذِكْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Муҳаммад] аз ахбори паёмбарон ин ҳамаро бар ту ҳикоят мекунем, то дилатро бо онҳо субот [-у оромиш] бахшем ва дар ин [саргузаштҳо] ҳақиқат бароят омадааст ва [ин достонҳо] пандест [барои кофирон] ва тазаккурест барои муъминон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُل لِّلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ ٱعْمَلُوا۟ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمْ إِنَّا عَٰمِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба касоне, ки имон намеоваранд, бигӯ: «Шумо ба равиши худ амал кунед, мо [низ ба шеваи худ] амал мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱنتَظِرُوٓا۟ إِنَّا مُنتَظِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мунтазир бошед, [ки] бе тардид, мо [низ] мунтазирем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِلَّهِ غَيْبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَإِلَيْهِ يُرْجَعُ ٱلْأَمْرُ كُلُّهُۥ فَٱعْبُدْهُ وَتَوَكَّلْ عَلَيْهِ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [огоҳӣ аз] ғайби осмонҳо ва замин, аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамаи корҳо ба сӯйи ӯ бозгардонда мешавад. Пас, Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун ва Парвардигорат аз он чи мекунед,[ҳаргиз] ғофил нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70