Асосӣ › Сураҳо › Сураи Yunus
Сураи Yunus يونس
109 оят · Макка · тартиби нузул 51
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓر تِلْكَ ءَايَٰتُ ٱلْكِتَٰبِ ٱلْحَكِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Алиф, лом, ро. Ин оёти китоби пурҳикмат аст.[1]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَكَانَ لِلنَّاسِ عَجَبًا أَنْ أَوْحَيْنَآ إِلَىٰ رَجُلٍ مِّنْهُمْ أَنْ أَنذِرِ ٱلنَّاسَ وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَنَّ لَهُمْ قَدَمَ صِدْقٍ عِندَ رَبِّهِمْ قَالَ ٱلْكَٰفِرُونَ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё барои мардум муҷиби шигифтист, ки ба марде аз худашон ваҳй кардаем, ки: «Ба мардум [дар бораи азоби охират] ҳушдор бидеҳ ва ба касоне, ки имон овардаанд, башорат бидеҳ, ки барои онон назди Парвардигорашон подоши накуст»? Кофирон гуфтанд: «Ин [мард], ҳатман, ҷодугари ошкор аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ فِى سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ ٱسْتَوَىٰ عَلَى ٱلْعَرْشِ يُدَبِّرُ ٱلْأَمْرَ مَا مِن شَفِيعٍ إِلَّا مِنۢ بَعْدِ إِذْنِهِۦ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمْ فَٱعْبُدُوهُ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе гумон, Парвардигори шумост, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. Ӯ кор [-и ҷаҳон]-ро тадбир мекунад, [ва] ҳеҷ шафоатгаре нест, магар пас аз иҷозати Ӯ. Ин Аллоҳ таолост-Парвардигоратон, пас, Ӯро бипарастед. Оё панд намегиред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَيْهِ مَرْجِعُكُمْ جَمِيعًا وَعْدَ ٱللَّهِ حَقًّا إِنَّهُۥ يَبْدَؤُا۟ ٱلْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ لِيَجْزِىَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ بِٱلْقِسْطِ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَهُمْ شَرَابٌ مِّنْ حَمِيمٍ وَعَذَابٌ أَلِيمٌۢ بِمَا كَانُوا۟ يَكْفُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Ӯст. Ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст. Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, он гоҳ [пас аз марг] онро бозмегардонад,то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба адолат подош диҳад, касоне, ки куфр варзиданд, ба сазои онки кофир буданд, шарбате аз оби ҷӯшон ва азоби дарднок [дар пеш] доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُوَ ٱلَّذِى جَعَلَ ٱلشَّمْسَ ضِيَآءً وَٱلْقَمَرَ نُورًا وَقَدَّرَهُۥ مَنَازِلَ لِتَعْلَمُوا۟ عَدَدَ ٱلسِّنِينَ وَٱلْحِسَابَ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ ذَٰلِكَ إِلَّا بِٱلْحَقِّ يُفَصِّلُ ٱلْـَٔايَٰتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯст, ки хуршедро дурахшон намуд ва моҳро тобон кард ва барояш ҷойгоҳҳо [-и мушаххасе] қарор дод то [бо тағйир ва вазъи моҳ] шумориши солҳо ва ҳисоб [-и зиндагии худ]-ро бидонед. Аллоҳ таоло инҳоро ҷуз ба ҳақ наофаридааст. Ӯ нишона[-ҳои худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ فِى ٱخْتِلَٰفِ ٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ وَمَا خَلَقَ ٱللَّهُ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يَتَّقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе гумон, дар омадушуди шабу рӯз ва ончи Аллоҳ таоло дар осмонҳо ва замин офаридааст, барои касоне, ки парво мекунанд, нишонаҳо[-и қудрати илоҳӣ] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَآءَنَا وَرَضُوا۟ بِٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَٱطْمَأَنُّوا۟ بِهَا وَٱلَّذِينَ هُمْ عَنْ ءَايَٰتِنَا غَٰفِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон, ки ба дидори Мо умед [ва бовар] надоранд ва ба зиндагонии дунё хушнуданд ва ба он дилбастаанд ва касоне, ки аз оёти Мо ғофиланд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أُو۟لَٰٓئِكَ مَأْوَىٰهُمُ ٱلنَّارُ بِمَا كَانُوا۟ يَكْسِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Инон ба сазои ончи мекарданд, ҷойгоҳашон оташи [дузах] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ يَهْدِيهِمْ رَبُّهُم بِإِيمَٰنِهِمْ تَجْرِى مِن تَحْتِهِمُ ٱلْأَنْهَٰرُ فِى جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ононро ба поси имонашон ба боғҳо [-и биҳишти пур] неъмат ҳидоят мекунад, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
دَعْوَىٰهُمْ فِيهَا سُبْحَٰنَكَ ٱللَّهُمَّ وَتَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلَٰمٌ وَءَاخِرُ دَعْوَىٰهُمْ أَنِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дуояшон дар онҷо [ин аст]: «Илоҳо, Ту поку муназзаҳӣ» ва дурудашон [дар онҷо]: «Салом» аст ва поёни дуояшон ин аст, ки: «Ҳамду сипос, махсуси Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ يُعَجِّلُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ ٱلشَّرَّ ٱسْتِعْجَالَهُم بِٱلْخَيْرِ لَقُضِىَ إِلَيْهِمْ أَجَلُهُمْ فَنَذَرُ ٱلَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَآءَنَا فِى طُغْيَٰنِهِمْ يَعْمَهُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар [Аллоҳ таоло] барои мардум, бадиро бо ҳамон шитоб мехост, ки онон некиро мехоҳанд [ва нафринҳое, ки дар ҳаққи худ ва амволу фарзандонашон мекунанд, мустаҷоб мекард], ҳатман, аҷалашон фаро расида буд. Пас, касонеро ки ба дидори Мо умед [-у бовар] надоранд, вомегузорем, то дар [гумроҳӣ ва] саркашияшон саргардон бимонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا مَسَّ ٱلْإِنسَٰنَ ٱلضُّرُّ دَعَانَا لِجَنۢبِهِۦٓ أَوْ قَاعِدًا أَوْ قَآئِمًا فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُ ضُرَّهُۥ مَرَّ كَأَن لَّمْ يَدْعُنَآ إِلَىٰ ضُرٍّ مَّسَّهُۥ كَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِلْمُسْرِفِينَ مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун ба инсон газанде мерасад, [дар ҳар ҳоле, ки бошад] ба паҳлу хобида ё нишаста ё истода Моро мехонад. Пас, ҳамин ки он газандро аз вай бартараф кардем, чунон меравад ки гӯӣ ҳаргиз Моро барои дафъи газанде, ки ба ӯ расида буд, нахондааст. Баҳамин сурат, барои исрофкорон [низ] ончи мекарданд, [дар назарашон] ороста шудааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا ٱلْقُرُونَ مِن قَبْلِكُمْ لَمَّا ظَلَمُوا۟ وَجَآءَتْهُمْ رُسُلُهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ وَمَا كَانُوا۟ لِيُؤْمِنُوا۟ كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْقَوْمَ ٱلْمُجْرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй мушрикон] бе тардид, мо умматҳои пеш аз шуморо, ҳангоме ки ситам карданд, ҳалок кардем, дар ҳоле ки паёмбаронашон бо далели равшан ба сӯяшон омаданд ва [-ле] онон бар он набуданд, ки имон оваранд. Мо гурӯҳи муҷримонро ин гуна кайфар медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ جَعَلْنَٰكُمْ خَلَٰٓئِفَ فِى ٱلْأَرْضِ مِنۢ بَعْدِهِمْ لِنَنظُرَ كَيْفَ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас баъд аз онон шумо [мардум]-ро ҷонишинони онҳо [дар] замин қарор додем, то бингарем, ки чигуна рафтор мекунед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ءَايَاتُنَا بَيِّنَٰتٍ قَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَآءَنَا ٱئْتِ بِقُرْءَانٍ غَيْرِ هَٰذَآ أَوْ بَدِّلْهُ قُلْ مَا يَكُونُ لِىٓ أَنْ أُبَدِّلَهُۥ مِن تِلْقَآئِ نَفْسِىٓ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰٓ إِلَىَّ إِنِّىٓ أَخَافُ إِنْ عَصَيْتُ رَبِّى عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, касоне, ки ба дидори Мо [дар қиёмат] умед надоранд, мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] Қуръоне ғайр аз ин биёвар [ки мутобиқи майли мо бошад], ё онро тағйир бидеҳ». [Ту, эй паёмбар, ба онон ] бигӯ: «Ман ҳақ надорам, ки онро аз пеши худ тағйир диҳам ва пайравӣ намекунам магар аз чизе, ки бар ман ваҳй мешавад ва агар аз Парвардигорам нофармонӣ кунам, аз азоби рӯзи бузург метарсам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُل لَّوْ شَآءَ ٱللَّهُ مَا تَلَوْتُهُۥ عَلَيْكُمْ وَلَآ أَدْرَىٰكُم بِهِۦ فَقَدْ لَبِثْتُ فِيكُمْ عُمُرًا مِّن قَبْلِهِۦٓ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на ман онро бар шумо мехондам ва на Ӯ [Аллоҳ таоло] шуморо аз он огоҳ мекард. Ба ростӣ, ки пеш аз ин [даъват] умреро дар миёни шумо гузарондаам. Оё намеандешед»?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِهِۦٓ إِنَّهُۥ لَا يُفْلِحُ ٱلْمُجْرِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, кист ситамгортар аз онки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё оёташро дурӯғ меангорад? Бе гумон, муҷримон растагор нахоҳанд шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنفَعُهُمْ وَيَقُولُونَ هَٰٓؤُلَآءِ شُفَعَٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِ قُلْ أَتُنَبِّـُٔونَ ٱللَّهَ بِمَا لَا يَعْلَمُ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِى ٱلْأَرْضِ سُبْحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онон зиёне мерасонанд ва на судашон мебахшад ва мегӯянд: «Ин бутҳо [воситаҳо ва] шафоатгарони мо назди Аллоҳ таоло ҳастанд». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Оё [ба гумони худ] Аллоҳ таолоро аз чизе [шарике] огоҳ месозед, ки дар осмонҳо ва замин [барояш қоилед ва худ] намедонад?» Ӯ муназзаҳ аст ва аз ончи бо вай шарик месозанд, бартар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كَانَ ٱلنَّاسُ إِلَّآ أُمَّةً وَٰحِدَةً فَٱخْتَلَفُوا۟ وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّكَ لَقُضِىَ بَيْنَهُمْ فِيمَا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Дар оғоз] Мардум ҷуз уммати воҳид [ва яктопараст] набуданд, сипас ихтилоф карданд.Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] дар бораи ончи бо ҳам ихтилоф мекунанд, миёнашон доварӣ мешуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَقُولُونَ لَوْلَآ أُنزِلَ عَلَيْهِ ءَايَةٌ مِّن رَّبِّهِۦ فَقُلْ إِنَّمَا ٱلْغَيْبُ لِلَّهِ فَٱنتَظِرُوٓا۟ إِنِّى مَعَكُم مِّنَ ٱلْمُنتَظِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] мегӯянд: «Чаро [муъҷиза ва] нишонае аз [ҷониби] Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? [Эй паёмбар] Бигӯ: «[Огоҳӣ аз] Ғайб танҳо аз они Аллоҳ таолост, пас, интизор бикашед, ки ман [низ] бо шумо аз мунтазиронам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَآ أَذَقْنَا ٱلنَّاسَ رَحْمَةً مِّنۢ بَعْدِ ضَرَّآءَ مَسَّتْهُمْ إِذَا لَهُم مَّكْرٌ فِىٓ ءَايَاتِنَا قُلِ ٱللَّهُ أَسْرَعُ مَكْرًا إِنَّ رُسُلَنَا يَكْتُبُونَ مَا تَمْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳангоме ки ба мардум пас аз [зиён ва] ранҷе, ки ба онон расидааст, [неъмату] раҳмате бичашонем, он гоҳ дар оёти Мо [тамасхуру] найранг мекунанд. Бигӯ: «Аллоҳ таоло дар найранг задан сареътар аст». Бе тардид, фиристодагон [фариштагон]-и Мо ҳарчи найранг мекунед, менависанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُوَ ٱلَّذِى يُسَيِّرُكُمْ فِى ٱلْبَرِّ وَٱلْبَحْرِ حَتَّىٰٓ إِذَا كُنتُمْ فِى ٱلْفُلْكِ وَجَرَيْنَ بِهِم بِرِيحٍ طَيِّبَةٍ وَفَرِحُوا۟ بِهَا جَآءَتْهَا رِيحٌ عَاصِفٌ وَجَآءَهُمُ ٱلْمَوْجُ مِن كُلِّ مَكَانٍ وَظَنُّوٓا۟ أَنَّهُمْ أُحِيطَ بِهِمْ دَعَوُا۟ ٱللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ لَئِنْ أَنجَيْتَنَا مِنْ هَٰذِهِۦ لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّٰكِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй мардум] Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дарё ба ҳаракат дармеоварад, то он гоҳ ки дар [дарё бар] киштӣ қарор мегиред ва [киштиҳо] бо боди дилпазир ононро [ба сӯйи мақсад] ҳаракат медиҳанд ва [сарнишинон] ба он шодмон мешаванд. [Ногаҳон] Тӯфони шадиде мевазад ва мавҷ аз ҳар тараф [басӯяшон] меояд ва гумон мекунанд, ки роҳи гурезе надоранд [ва ҳалок хоҳанд шуд, пас] Аллоҳ таолоро аз рӯйи ихлос мехонанд, ки: «Агар моро аз ин [гирифторӣ] наҷот диҳӣ, ҳатман, аз сипосгузорон хоҳем шуд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّآ أَنجَىٰهُمْ إِذَا هُمْ يَبْغُونَ فِى ٱلْأَرْضِ بِغَيْرِ ٱلْحَقِّ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّمَا بَغْيُكُمْ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُم مَّتَٰعَ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا ثُمَّ إِلَيْنَا مَرْجِعُكُمْ فَنُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун [Аллоҳ таоло] наҷоташон медиҳад, ба ноҳақ дар замин саркашӣ [ва ситам] мекунанд. Эй мардум, саркашӣ [ва ситами] шумо танҳо ба зиёни худатон аст, [чаро ки фақат] баҳраи [ночизе аз] зиндагии дунё [мебаред ва] сипас бозгаштатон ба сӯйи Мо хоҳад буд,он гоҳ шуморо аз ончи мекардед, бохабар месозем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا مَثَلُ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا كَمَآءٍ أَنزَلْنَٰهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَٱخْتَلَطَ بِهِۦ نَبَاتُ ٱلْأَرْضِ مِمَّا يَأْكُلُ ٱلنَّاسُ وَٱلْأَنْعَٰمُ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَخَذَتِ ٱلْأَرْضُ زُخْرُفَهَا وَٱزَّيَّنَتْ وَظَنَّ أَهْلُهَآ أَنَّهُمْ قَٰدِرُونَ عَلَيْهَآ أَتَىٰهَآ أَمْرُنَا لَيْلًا أَوْ نَهَارًا فَجَعَلْنَٰهَا حَصِيدًا كَأَن لَّمْ تَغْنَ بِٱلْأَمْسِ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلْـَٔايَٰتِ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҷуз ин нест, ки мисоли зиндагии дунё ҳамчун обест, ки аз осмон фурӯ рехтем, пас, гиёҳони [гуногуни] замин аз ончи мардум ва чорпоён мехӯранд, бо он даромехт [ва рӯйид] то он гоҳ ки замин пирояи худро [бо гулҳо ва гиёҳон] баргирифт ва ороста шуд ва сокинонаш пиндоштанд, ки онон бар он тавоноие доранд [ки аз маҳсулоташ баҳраманд гарданд, вале ногаҳон] шабе ё рӯзе фармони [вайронии] Мо омад ва он [кишту мева]-ро чунон дарав кардем, ки гӯӣ дирӯз ҳеҷ набудааст. Мо нишонаҳо[-и худ]-ро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин ба равшанӣ баён мекунем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ يَدْعُوٓا۟ إِلَىٰ دَارِ ٱلسَّلَٰمِ وَيَهْدِى مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло [шуморо] ба сарои саломат [биҳишт] фаро мехонад ва ҳаркиро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّلَّذِينَ أَحْسَنُوا۟ ٱلْحُسْنَىٰ وَزِيَادَةٌ وَلَا يَرْهَقُ وُجُوهَهُمْ قَتَرٌ وَلَا ذِلَّةٌ أُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلْجَنَّةِ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Барои касоне, ки некӣ кардаанд, подоши нек [биҳишт] аст ва афзун бар он [руъяти Бори таолост] ва тирагию хорӣ чеҳраҳояшонро нахоҳад пӯшонд. Инон аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ كَسَبُوا۟ ٱلسَّيِّـَٔاتِ جَزَآءُ سَيِّئَةٍۭ بِمِثْلِهَا وَتَرْهَقُهُمْ ذِلَّةٌ مَّا لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِنْ عَاصِمٍ كَأَنَّمَآ أُغْشِيَتْ وُجُوهُهُمْ قِطَعًا مِّنَ ٱلَّيْلِ مُظْلِمًا أُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلنَّارِ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки муртакиби бадиҳо шуданд, [бидонанд] сазои [ҳар] бадӣ ҳаммонанди он аст ва хорӣ [чеҳраҳои] ононро мепӯшонад ва дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ [монеъ ва] муҳофизе надоранд. [Чунон мешаванд, ки] гӯӣ чеҳраҳояшон бо порае аз шаби торик пӯшида шудааст. Инон аҳли оташанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ نَحْشُرُهُمْ جَمِيعًا ثُمَّ نَقُولُ لِلَّذِينَ أَشْرَكُوا۟ مَكَانَكُمْ أَنتُمْ وَشُرَكَآؤُكُمْ فَزَيَّلْنَا بَيْنَهُمْ وَقَالَ شُرَكَآؤُهُم مَّا كُنتُمْ إِيَّانَا تَعْبُدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ва эй паёмбар, ёд кун аз] рӯзе, ки ҳамаи ононро гирд меоварем,он гоҳ ба касоне, ки ширкат варзидаанд, мегӯем: «Шумо ва шариконатон [маъбудонатон] бар ҷойи худ бимонед». Сипас миёни онҳо ҷудоӣ меафканем ва шариконашон мегӯянд: «Дар ҳақиқат, шумо моро намепарастидед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَكَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدًۢا بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ إِن كُنَّا عَنْ عِبَادَتِكُمْ لَغَٰفِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва кофист, ки Аллоҳ таоло миёни мо ва шумо гувоҳӣ диҳад, [ки мо ба ширкварзии шумо розӣ набудем ва] аз парастиши шумо комилан бехабар будем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُنَالِكَ تَبْلُوا۟ كُلُّ نَفْسٍ مَّآ أَسْلَفَتْ وَرُدُّوٓا۟ إِلَى ٱللَّهِ مَوْلَىٰهُمُ ٱلْحَقِّ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَفْتَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онҷост, ки ҳар касе ончиро аз пеш фиристодааст, меозмояд ва ҳамагӣ ба сӯйи Аллоҳ таоло – корсози ҳақиқияшон бозгардонда мешаванд ва дурӯғҳое, ки [дар бораи шафоати бутҳо] мебофтанд, ҳама маҳву нобуд мегардад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ مَن يَرْزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ أَمَّن يَمْلِكُ ٱلسَّمْعَ وَٱلْأَبْصَٰرَ وَمَن يُخْرِجُ ٱلْحَىَّ مِنَ ٱلْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ ٱلْمَيِّتَ مِنَ ٱلْحَىِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلْأَمْرَ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُ فَقُلْ أَفَلَا تَتَّقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад»? Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ таоло». Пас, бигӯ: «Оё парво намекунед»?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمُ ٱلْحَقُّ فَمَاذَا بَعْدَ ٱلْحَقِّ إِلَّا ٱلضَّلَٰلُ فَأَنَّىٰ تُصْرَفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва пас аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас, чигуна [аз ҳақ] бозгардонда мешавед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَذَٰلِكَ حَقَّتْ كَلِمَتُ رَبِّكَ عَلَى ٱلَّذِينَ فَسَقُوٓا۟ أَنَّهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин гуна сухани Парвардигорат дар бораи касоне, ки [аз фармони Ӯ] нофармонӣ карданд, ба ҳақиқат пайваст, ки: «Онон имон намеоваранд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ هَلْ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَبْدَؤُا۟ ٱلْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ قُلِ ٱللَّهُ يَبْدَؤُا۟ ٱلْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ فَأَنَّىٰ تُؤْفَكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Оё аз маъбудонатон [бутҳо] касе ҳаст, ки офаринишро оғоз кунад ва сипас онро [пас аз марг] бозгардонад?» Бигӯ: «Аллоҳ таоло аст, ки офаринишро оғоз мекунад ва сипас онро бозмегардонад, пас, ба куҷо мунҳариф мешавед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ هَلْ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَهْدِىٓ إِلَى ٱلْحَقِّ قُلِ ٱللَّهُ يَهْدِى لِلْحَقِّ أَفَمَن يَهْدِىٓ إِلَى ٱلْحَقِّ أَحَقُّ أَن يُتَّبَعَ أَمَّن لَّا يَهِدِّىٓ إِلَّآ أَن يُهْدَىٰ فَمَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Оё аз маъбудонатон касе ҳаст, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ кунад?». Бигӯ: «[Аллоҳ таоло] аст, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ мекунад. Пас, оё касе, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ мекунад, сазовортар аст, ки пайравӣ шавад ё касе, ки худ роҳ намеёбад, магар онки ҳидояташ кунанд? Пас, шуморо чи шудааст? Чигуна доварӣ мекунед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا يَتَّبِعُ أَكْثَرُهُمْ إِلَّا ظَنًّا إِنَّ ٱلظَّنَّ لَا يُغْنِى مِنَ ٱلْحَقِّ شَيْـًٔا إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌۢ بِمَا يَفْعَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бештарашон ҷуз аз гумон пайравӣ намекунанд, [дар ҳоле ки] гумон ҳаргиз [инсонро] аз [шинохти] ҳақ бениёз намекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, доност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كَانَ هَٰذَا ٱلْقُرْءَانُ أَن يُفْتَرَىٰ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِن تَصْدِيقَ ٱلَّذِى بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ ٱلْكِتَٰبِ لَا رَيْبَ فِيهِ مِن رَّبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва нашояд, ки ин Қуръон аз ҷониби ғайри Аллоҳ таоло [ва] ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқи китобҳоест, ки пеш аз он омадааст ва шарҳи [аҳкоми] онҳост ва тардид дар он нест [ва] аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониён [нозил шуда] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ يَقُولُونَ ٱفْتَرَىٰهُ قُلْ فَأْتُوا۟ بِسُورَةٍ مِّثْلِهِۦ وَٱدْعُوا۟ مَنِ ٱسْتَطَعْتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Он [суханон]-ро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат додааст»? Бигӯ: «Агар рост мегӯед, пас, як сура ҳаммонанди он биёваред ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳаркиро метавонед, [ба ёрӣ] бихонед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ كَذَّبُوا۟ بِمَا لَمْ يُحِيطُوا۟ بِعِلْمِهِۦ وَلَمَّا يَأْتِهِمْ تَأْوِيلُهُۥ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَٱنظُرْ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Чунин нест] Балки чизеро дурӯғ шумурданд, ки ба шинохташ иҳота надоштанд ва ҳанӯз воқеияти он [ва ҳақиқати ахбораш] бар эшон равшан нашудааст. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ [оёти Қуръонро] ҳамингуна дурӯғ ангоштанд. Пас, [эй паёмбар] бингар, ки оқибати ситамгорон чигуна буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِنْهُم مَّن يُؤْمِنُ بِهِۦ وَمِنْهُم مَّن لَّا يُؤْمِنُ بِهِۦ وَرَبُّكَ أَعْلَمُ بِٱلْمُفْسِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва аз онон [мушрикон] касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва аз онон касе ҳаст, ки [ҳаргиз] ба он имон намеоварад ва Парвардигорат ба [ҳоли] муфсидон огоҳтар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِن كَذَّبُوكَ فَقُل لِّى عَمَلِى وَلَكُمْ عَمَلُكُمْ أَنتُم بَرِيٓـُٔونَ مِمَّآ أَعْمَلُ وَأَنَا۠ بَرِىٓءٌ مِّمَّا تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар [кофирон] туро дурӯғгӯ ангоштанд, пас, бигӯ: «[Натиҷаи] амали ман барои худам ва [сазои] амали шумо барои худатон аст. Шумо аз ончи ман мекунам, безоред ва ман [низ] аз ончи [шумо] мекунед безорам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِنْهُم مَّن يَسْتَمِعُونَ إِلَيْكَ أَفَأَنتَ تُسْمِعُ ٱلصُّمَّ وَلَوْ كَانُوا۟ لَا يَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бархе аз онҳо [дар зоҳир] ба ту гӯш фаро медиҳанд, аммо магар ту метавонӣ ношунавоёнро [ки аз шунидани каломи ҳақ оҷизанд] шунаво кунӣ, ҳарчанд хирадварзӣ накунанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِنْهُم مَّن يَنظُرُ إِلَيْكَ أَفَأَنتَ تَهْدِى ٱلْعُمْىَ وَلَوْ كَانُوا۟ لَا يُبْصِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва аз эшон касоне ҳастанд, ки [бо чашми зоҳирӣ] туро менигаранд, аммо оё ту метавонӣ нобиноёнро ҳидоят кунӣ, ҳарчанд аҳли басират набошанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَظْلِمُ ٱلنَّاسَ شَيْـًٔا وَلَٰكِنَّ ٱلنَّاسَ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Яқинан, Аллоҳ таоло ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад, вале мардум [ҳастанд, ки бо ширку нофармонӣ] ба хештан ситам мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ يَحْشُرُهُمْ كَأَن لَّمْ يَلْبَثُوٓا۟ إِلَّا سَاعَةً مِّنَ ٱلنَّهَارِ يَتَعَارَفُونَ بَيْنَهُمْ قَدْ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِلِقَآءِ ٱللَّهِ وَمَا كَانُوا۟ مُهْتَدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро [дар пешгоҳи хеш] гирд меоварад, [чунон эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ ҷуз соате аз рӯз [дар дунё] диранг накардаанд [ва дар онҷо] якдигарро мешиносанд. Бе тардид, касоне, ки дидори Аллоҳ таолоро дурӯғ меангоштанд, зиён диданд ва ҳидоят наёфтанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِمَّا نُرِيَنَّكَ بَعْضَ ٱلَّذِى نَعِدُهُمْ أَوْ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْ ثُمَّ ٱللَّهُ شَهِيدٌ عَلَىٰ مَا يَفْعَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй паёмбар] агар бахше аз ончи [аз азоб]-ро, ки ба онон ваъда додаем, нишонат диҳем ё ҷони туро [пеш аз азоби онон] бигирем, [дар ҳар ҳол] бозгаштатон ба сӯйи Мост, он гоҳ Аллоҳ таоло бар ончи мекунанд, гувоҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلِكُلِّ أُمَّةٍ رَّسُولٌ فَإِذَا جَآءَ رَسُولُهُمْ قُضِىَ بَيْنَهُم بِٱلْقِسْطِ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар уммате паёмбаре дорад, пас, ҳангоме ки паёмбарашон омад [бархе муъмин ва бархе кофир шуданд; ва рӯзи қиёмат] миёни онон ба адолат доварӣ мешавад ва [ҳаргиз] ба эшон ситам нахоҳад шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мушрикон ба паёмбар] мегӯянд: «Агар [ту ва пайравонат] рост мегӯед, ин ваъдаи [азоб] кай хоҳад буд»?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُل لَّآ أَمْلِكُ لِنَفْسِى ضَرًّا وَلَا نَفْعًا إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُ لِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌ إِذَا جَآءَ أَجَلُهُمْ فَلَا يَسْتَـْٔخِرُونَ سَاعَةً وَلَا يَسْتَقْدِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Ман барои хеш молики ҳеҷ зиёну суде нестам, магар ончи Аллоҳ таоло бихоҳад. Ҳар уммате аҷале дорад ва он гоҳ ки аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِنْ أَتَىٰكُمْ عَذَابُهُۥ بَيَٰتًا أَوْ نَهَارًا مَّاذَا يَسْتَعْجِلُ مِنْهُ ٱلْمُجْرِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «Ба ман бигӯед агар азоби Ӯ шабона ё дар [вақти] рӯз бар шумо нозил гардад, [чи мекунед ва] гунаҳкорон чи чизеро аз он [азоб] ба шитоб мехоҳанд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَثُمَّ إِذَا مَا وَقَعَ ءَامَنتُم بِهِۦٓ ءَآلْـَٰٔنَ وَقَدْ كُنتُم بِهِۦ تَسْتَعْجِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё пас аз онки [азоб] воқеъ шуд, бовараш мекунед? Оё акнун? Ва ҳол онки [пештар] онро ба шитоб мехостед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ قِيلَ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ ذُوقُوا۟ عَذَابَ ٱلْخُلْدِ هَلْ تُجْزَوْنَ إِلَّا بِمَا كُنتُمْ تَكْسِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас ба касоне, ки ситам карданд, гуфта мешавад: «Азоби ҷовидонаро бичашед. Оё чизе дар баробари ончи мекардед муҷозот мешавед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَسْتَنۢبِـُٔونَكَ أَحَقٌّ هُوَ قُلْ إِى وَرَبِّىٓ إِنَّهُۥ لَحَقٌّ وَمَآ أَنتُم بِمُعْجِزِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй паёмбар, мушрикон] Аз ту хабар мегиранд [ки]: «Оё он [азоб] ҳақиқат дорад»? Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам,ки ҳатман, ҳақиқат дорад ва шумо наметавонед [Аллоҳ таолоро аз вуқуи маод ва азоб] дармонда кунед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ أَنَّ لِكُلِّ نَفْسٍ ظَلَمَتْ مَا فِى ٱلْأَرْضِ لَٱفْتَدَتْ بِهِۦ وَأَسَرُّوا۟ ٱلنَّدَامَةَ لَمَّا رَأَوُا۟ ٱلْعَذَابَ وَقُضِىَ بَيْنَهُم بِٱلْقِسْطِ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳар ки [бо иртикоби ширку гуноҳ] ситам кардааст, агар ончи дар замин аст, [дар ихтиёр] дошта бошад, ҳатман, онро барои бозхариди [худ аз азоб] худ медиҳад ва [мушрикон] вақте азобро бубинанд, пушаймонии худро пинҳон мекунанд ва миёнашон ба адолат доварӣ мешавад ва бар эшон ситам намеравад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ أَلَآ إِنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Огоҳ бошед! Дар ҳақиқат ончи дар осмонҳо ва замин аст, [ҳама] аз они Аллоҳ таолост. Огоҳ бошед! Бе тардид, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди кайфари кофирон] рост аст, вале бештарашон намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُوَ يُحْىِۦ وَيُمِيتُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدْ جَآءَتْكُم مَّوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَشِفَآءٌ لِّمَا فِى ٱلصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Эй мардум, баростӣ, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон мавъизае омадааст ва шифое барои ончи дар дилҳост ва ҳидояту раҳмате барои муъминон
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ بِفَضْلِ ٱللَّهِ وَبِرَحْمَتِهِۦ فَبِذَٰلِكَ فَلْيَفْرَحُوا۟ هُوَ خَيْرٌ مِّمَّا يَجْمَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «[Муъминон] Бояд ба бахшишу раҳмати Аллоҳ таоло шодмон шаванд, ки ин [неъмат] аз ончи меандузанд, беҳтар аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ أَرَءَيْتُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ لَكُم مِّن رِّزْقٍ فَجَعَلْتُم مِّنْهُ حَرَامًا وَحَلَٰلًا قُلْ ءَآللَّهُ أَذِنَ لَكُمْ أَمْ عَلَى ٱللَّهِ تَفْتَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, ки ончи аз [неъмат ва] рӯзӣ, ки Аллоҳ таоло бароятон фиристодааст, [чаро] бахше аз онро ҳаром ва [бахши дигарро] ҳалол талаққӣ кардаед»? Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло бар шумо чунин дастур додааст ё бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا ظَنُّ ٱلَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلْكَذِبَ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَشْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, [дар бораи] рӯзи қиёмат чи мепиндоранд? Бе гумон, Аллоҳ таоло бар [ҳамаи] мардум фазл [-у бахшиш] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا تَكُونُ فِى شَأْنٍ وَمَا تَتْلُوا۟ مِنْهُ مِن قُرْءَانٍ وَلَا تَعْمَلُونَ مِنْ عَمَلٍ إِلَّا كُنَّا عَلَيْكُمْ شُهُودًا إِذْ تُفِيضُونَ فِيهِ وَمَا يَعْزُبُ عَن رَّبِّكَ مِن مِّثْقَالِ ذَرَّةٍ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَا فِى ٱلسَّمَآءِ وَلَآ أَصْغَرَ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكْبَرَ إِلَّا فِى كِتَٰبٍ مُّبِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй паёмбар] ту машғули ҳеҷ коре нестӣ ва ҳеҷ [ояте аз] онро намехонӣ ва [шумо низ эй мардум] ҳеҷ коре намекунед, магар инки он гоҳ ки ба он мепардозед, Мо бар [корҳои] шумо гувоҳем ва ҳамвазни заррае – [на] дар замин ва на дар осмон – аз Парвардигорат пинҳон нест ва [ҳатто] кучактар ё бузургтар аз он [низ] чизе нест, магар инки бар китоби равшан [сабт шуда] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَآ إِنَّ أَوْلِيَآءَ ٱللَّهِ لَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Огоҳ бошед! Дӯстони Аллоҳ таоло на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَكَانُوا۟ يَتَّقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамон] Касоне, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَهُمُ ٱلْبُشْرَىٰ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَفِى ٱلْـَٔاخِرَةِ لَا تَبْدِيلَ لِكَلِمَٰتِ ٱللَّهِ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلْفَوْزُ ٱلْعَظِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Барои онон дар зиндагии дунё ва дар охират башорат аст. Суханони Аллоҳ таоло [дар бораи пирӯзӣ ва подоши ду ҷаҳон] тағйирнопазир аст. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا يَحْزُنكَ قَوْلُهُمْ إِنَّ ٱلْعِزَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًا هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар] Сухани онон туро ғамгин накунад. Бе тардид, тамоми иззат [-у пирӯзмандӣ] аз они Аллоҳ таолост [ва] Ӯ шунавову доност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَن فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا يَتَّبِعُ ٱلَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ شُرَكَآءَ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Огоҳ бошед! Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, пас,касоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло шариконеро мехонанд, аз чи пайравӣ мекунанд? Инон ҷуз аз [тардиду] гумон пайравӣ намекунанд ва ҷуз дурӯғ намегӯянд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُوَ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيْلَ لِتَسْكُنُوا۟ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبْصِرًا إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يَسْمَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он биоромед ва рӯзро равшан сохт [то дар партави нураш ба кор бипардозед]. Бе тардид, дар инҳо барои гурӯҳе, ки [суханони ҳақро] мешунаванд, нишонаҳост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدًا سُبْحَٰنَهُۥ هُوَ ٱلْغَنِىُّ لَهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ إِنْ عِندَكُم مِّن سُلْطَٰنٍۭ بِهَٰذَآ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мушрикон] Гуфтанд: «Аллоҳ таоло фарзанде барои худ ихтиёр кардааст». Муназзаҳ аст Ӯ [ва] бениёз аст. Ончи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. [Эй мушрикон] Шумо бар ин [иддао] далеле надоред. Оё чизеро, ки намедонед, ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلْكَذِبَ لَا يُفْلِحُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Касоне, ки ба Аллоҳ таоло нисбати дурӯғ медиҳанд, ҳаргиз растагор намешаванд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَتَٰعٌ فِى ٱلدُّنْيَا ثُمَّ إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْ ثُمَّ نُذِيقُهُمُ ٱلْعَذَابَ ٱلشَّدِيدَ بِمَا كَانُوا۟ يَكْفُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон баҳра [-и андак] дар дунё [доранд], сипас бозгашташон ба сӯи Мост. Он гоҳ ба [сазои] онки куфр меварзиданд, азоби сахт ба онон мечашонем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ نُوحٍ إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِۦ يَٰقَوْمِ إِن كَانَ كَبُرَ عَلَيْكُم مَّقَامِى وَتَذْكِيرِى بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَعَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلْتُ فَأَجْمِعُوٓا۟ أَمْرَكُمْ وَشُرَكَآءَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُنْ أَمْرُكُمْ عَلَيْكُمْ غُمَّةً ثُمَّ ٱقْضُوٓا۟ إِلَىَّ وَلَا تُنظِرُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар] Достони Нуҳро бар онон бозгӯ, он гоҳ ки бар қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, агар монанди ман [дар миёни шумо] ва андарз додан ба оёти Аллоҳ таоло бар шумо гарон омадааст, [бидонед, ки ман] бар Аллоҳ таоло таваккал кардааам, пас, [дар тавтеа ва] коратон бо шарикони худ [алайҳи ман] ҳамдаст шавед ва дар коратон пардапӯшӣ накунед,он гоҳ [ҳар чи дар дил доред ва метавонед] алайҳи ман ба кор бандед ва муҳлатам надиҳед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِن تَوَلَّيْتُمْ فَمَا سَأَلْتُكُم مِّنْ أَجْرٍ إِنْ أَجْرِىَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ وَأُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ مِنَ ٱلْمُسْلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар [аз даъвати ҳақ] рӯйгардон шудед, пас, [бидонед, ки] ман подоше аз шумо нахостаам, [чаро ки] подошам танҳо бар Аллоҳ таоло аст ва ман дастур ёфтаам, ки аз таслимшудагон [-и авомири илоҳӣ] бошам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَكَذَّبُوهُ فَنَجَّيْنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِى ٱلْفُلْكِ وَجَعَلْنَٰهُمْ خَلَٰٓئِفَ وَأَغْرَقْنَا ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا فَٱنظُرْ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُنذَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [қавмаш] ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва Мо ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ ҳамроҳаш буданд, наҷот додем ва ононро ҷонишин [-и пешиниён] сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ғарқ кардем. Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чигуна буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ بَعَثْنَا مِنۢ بَعْدِهِۦ رُسُلًا إِلَىٰ قَوْمِهِمْ فَجَآءُوهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُوا۟ لِيُؤْمِنُوا۟ بِمَا كَذَّبُوا۟ بِهِۦ مِن قَبْلُ كَذَٰلِكَ نَطْبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلْمُعْتَدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас баъд аз ӯ паёмбароне ба сӯйи қавмаш фиристодем ва муъҷизоти равшан [бар эшон] оварданд, вале онҳо бар он набуданд, ки ба чизе имон биёваранд, ки аз пеш онро дурӯғ шумурда буданд. Бад-ин сон, бар дилҳои таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] муҳр мениҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ بَعَثْنَا مِنۢ بَعْدِهِم مُّوسَىٰ وَهَٰرُونَ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَإِي۟هِۦ بِـَٔايَٰتِنَا فَٱسْتَكْبَرُوا۟ وَكَانُوا۟ قَوْمًا مُّجْرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас баъд аз эшон Мӯсо ва Ҳорунро бо муъҷизоти хеш ба сӯйи Фиръавн ва бузургони қавмаш фиристодем, вале онон гарданкашӣ карданд ва қавме гунаҳкор буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلْحَقُّ مِنْ عِندِنَا قَالُوٓا۟ إِنَّ هَٰذَا لَسِحْرٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, чун ҳақ аз назди мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин, ҳатман, ҷодуи ошкор аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ مُوسَىٰٓ أَتَقُولُونَ لِلْحَقِّ لَمَّا جَآءَكُمْ أَسِحْرٌ هَٰذَا وَلَا يُفْلِحُ ٱلسَّٰحِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мӯсо гуфт: «Оё вақте ҳақ ба сӯятон омад, мегӯед [ҷодуст]? Оё ин ҷодуст? Ва ҳол онки ҷодугарон растагор намешаванд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوٓا۟ أَجِئْتَنَا لِتَلْفِتَنَا عَمَّا وَجَدْنَا عَلَيْهِ ءَابَآءَنَا وَتَكُونَ لَكُمَا ٱلْكِبْرِيَآءُ فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا نَحْنُ لَكُمَا بِمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Фиръавниён] Гуфтанд: «Оё ба сӯйи мо омадаӣ, то моро аз шевае, ки падаронамонро бар он ёфтаем, бозгардонӣ ва [иззату] бузургӣ дар ин сарзамин барои шумо дутан бошад? Мо ҳаргиз ба шумо ду тан имон намеоварем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ فِرْعَوْنُ ٱئْتُونِى بِكُلِّ سَٰحِرٍ عَلِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Фиръавн гуфт: «Тамоми ҷодугарони [моҳиру] доноро назди ман биёваред»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلْقُوا۟ مَآ أَنتُم مُّلْقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо ба онон гуфт: «Ончи [аз васоили ҷоду] мехоҳед, биафканед, [акнун] биафканед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّآ أَلْقَوْا۟ قَالَ مُوسَىٰ مَا جِئْتُم بِهِ ٱلسِّحْرُ إِنَّ ٱللَّهَ سَيُبْطِلُهُۥٓ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُصْلِحُ عَمَلَ ٱلْمُفْسِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, чун афканданд, Мӯсо гуфт: «Ончи овардаед, ҷодуст. Яқинан, Аллоҳ таоло онро ботил хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло кори муфсидонро ислоҳ намекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيُحِقُّ ٱللَّهُ ٱلْحَقَّ بِكَلِمَٰتِهِۦ وَلَوْ كَرِهَ ٱلْمُجْرِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло бо суханони хеш ҳақро [собиту] пойдор мекунад, ҳарчанд муҷримон кароҳат дошта бошанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَآ ءَامَنَ لِمُوسَىٰٓ إِلَّا ذُرِّيَّةٌ مِّن قَوْمِهِۦ عَلَىٰ خَوْفٍ مِّن فِرْعَوْنَ وَمَلَإِي۟هِمْ أَن يَفْتِنَهُمْ وَإِنَّ فِرْعَوْنَ لَعَالٍ فِى ٱلْأَرْضِ وَإِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلْمُسْرِفِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас ҳеҷ кас ба Мӯсо имон наёвард, магар гурӯҳе аз қавми ӯ [он ҳам] бо тарси Фиръавн ва атрофиёнаш, ки [мабодо] ононро биозорад. Ва бешак, Фиръавн дар замин саркаш [-у ҷоҳталаб] буд ва ба ростӣ, ки ӯ аз исрофкорон [дар куфру ҷиноят] буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ مُوسَىٰ يَٰقَوْمِ إِن كُنتُمْ ءَامَنتُم بِٱللَّهِ فَعَلَيْهِ تَوَكَّلُوٓا۟ إِن كُنتُم مُّسْلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мӯсо гуфт: «Эй қавми ман, агар ба Аллоҳ таоло имон овардаед ва агар аҳли таслим ҳастед, пас, бар Ӯ таваккал кунед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَقَالُوا۟ عَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلْنَا رَبَّنَا لَا تَجْعَلْنَا فِتْنَةً لِّلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, онон гуфтанд: «Бар Аллоҳ таоло таваккал кардаем. Парвардигоро, моро дастхуши фитна [ва шиканҷа ва озори] гурӯҳи ситамгорон қарор мадеҳ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَجِّنَا بِرَحْمَتِكَ مِنَ ٱلْقَوْمِ ٱلْكَٰفِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба [фазлу] раҳмати хеш моро аз [шарри] гурӯҳи кофирон раҳоӣ бубахш»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَوْحَيْنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰ وَأَخِيهِ أَن تَبَوَّءَا لِقَوْمِكُمَا بِمِصْرَ بُيُوتًا وَٱجْعَلُوا۟ بُيُوتَكُمْ قِبْلَةً وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَبَشِّرِ ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ба Мӯсо ва бародараш [Ҳорун] ваҳйи кардем, ки: «Барои қавми худ, хонаҳое дар [сарзамини] Миср баргиред ва хонаҳоятонро ибодатгоҳ қарор диҳед ва намоз барпо доред. Ва[эй Мӯсо] муъминонро [ба пирӯзӣ ва биҳишт] башорат бидеҳ»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ مُوسَىٰ رَبَّنَآ إِنَّكَ ءَاتَيْتَ فِرْعَوْنَ وَمَلَأَهُۥ زِينَةً وَأَمْوَٰلًا فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا رَبَّنَا لِيُضِلُّوا۟ عَن سَبِيلِكَ رَبَّنَا ٱطْمِسْ عَلَىٰٓ أَمْوَٰلِهِمْ وَٱشْدُدْ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَلَا يُؤْمِنُوا۟ حَتَّىٰ يَرَوُا۟ ٱلْعَذَابَ ٱلْأَلِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мӯсо гуфт: «Парвардигоро, бе гумон, ту ба Фиръавн ва атрофиёнаш зинату амвол [-и фаровон] дар зиндагии дунё додаӣ.Парвардигоро, то [ба он васила мардумро] аз роҳат гумроҳ кунанд. Парвардигоро, амволашонро нобуд кун ва дилҳояшонро сахт бигардон, ки имон наоваранд, то [вақте ки] азоби дарднокро бубинанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ قَدْ أُجِيبَت دَّعْوَتُكُمَا فَٱسْتَقِيمَا وَلَا تَتَّبِعَآنِّ سَبِيلَ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло] Фармуд: Ҳатман, дуои шумо ду нафар пазируфта шуд, пас, истиқомат кунед ва аз роҳи касоне, ки намедонанд, пайравӣ накунед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَٰوَزْنَا بِبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱلْبَحْرَ فَأَتْبَعَهُمْ فِرْعَوْنُ وَجُنُودُهُۥ بَغْيًا وَعَدْوًا حَتَّىٰٓ إِذَآ أَدْرَكَهُ ٱلْغَرَقُ قَالَ ءَامَنتُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱلَّذِىٓ ءَامَنَتْ بِهِۦ بَنُوٓا۟ إِسْرَٰٓءِيلَ وَأَنَا۠ مِنَ ٱلْمُسْلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [саранҷом] Бани Исроилро аз дарё гузарондем,он гоҳ Фиръавн ва сипоҳиёнаш аз рӯйи ситам ва таҷовуз дар пайи онон рафтанд, то ҳангоме ки ғарқоби Ӯ [Фиръавн]-ро фаро гирифт, [бо ноумедӣ] гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] нест, магар касе, ки Бани Исроил ба Ӯ имон овардаанд ва ман аз таслимшудагонам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ءَآلْـَٰٔنَ وَقَدْ عَصَيْتَ قَبْلُ وَكُنتَ مِنَ ٱلْمُفْسِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба ӯ гуфта шуд ] «Инак [имон меоварӣ]? Ва ҳол онки пештар сарпечӣ мекардӣ ва аз муфсидон будӣ?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلْيَوْمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنْ خَلْفَكَ ءَايَةً وَإِنَّ كَثِيرًا مِّنَ ٱلنَّاسِ عَنْ ءَايَٰتِنَا لَغَٰفِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Бидон, ки] имрӯз пайкари [беҷони] туро бар баландии [соҳил] меандозем, то барои ояндагонат мояи ибрат бошад ва ба ростӣ, бисёре аз мардум аз нишонаҳои [тавону тадбири] мо ғофиланд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ بَوَّأْنَا بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ مُبَوَّأَ صِدْقٍ وَرَزَقْنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ فَمَا ٱخْتَلَفُوا۟ حَتَّىٰ جَآءَهُمُ ٱلْعِلْمُ إِنَّ رَبَّكَ يَقْضِى بَيْنَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бе тардид, Мо Бани Исроилро дар ҷойгоҳи шоиста [дар сарзамини Шом] ҷой додем ва аз неъматҳои покиза рӯзияшон кардем. Пас, онҳо ихтилоф накарданд, магар пас аз онки илм [ба ҳаққонияти Қуръон] ба сӯяшон омад. [Эй паёмбар] Парвардигорат рӯзи қиёмат дар бораи ончи ихтилоф мекарданд, ҳатман, миёнашон ҳукм мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِن كُنتَ فِى شَكٍّ مِّمَّآ أَنزَلْنَآ إِلَيْكَ فَسْـَٔلِ ٱلَّذِينَ يَقْرَءُونَ ٱلْكِتَٰبَ مِن قَبْلِكَ لَقَدْ جَآءَكَ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْمُمْتَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, агар дар ончи бар ту нозил кардаем, тардиде дорӣ, аз касоне, ки пеш аз ту китоб [-ҳоиТаврот ва Инҷил]-ро мехонданд, суол кун. Яқинан ҳақ аз тарафи Парвардигорат ба сӯйи ту омадааст. Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَتَكُونَ مِنَ ٱلْخَٰسِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ҳамчунин] аз касоне набош, ки оёти Аллоҳ таолоро дурӯғ ангоштанд, ки аз зиёнкорон хоҳӣ буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ حَقَّتْ عَلَيْهِمْ كَلِمَتُ رَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе тардид, касоне, ки сухани Парвардигорат дар бораи [куфр дар дунё бар] онон таҳаққуқ ёфтааст, имон намеоваранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ جَآءَتْهُمْ كُلُّ ءَايَةٍ حَتَّىٰ يَرَوُا۟ ٱلْعَذَابَ ٱلْأَلِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Гарчи ҳар нишона [ва панде] барояшон биёяд, [магар] вақте ки азоби дарднокро бубинанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَوْلَا كَانَتْ قَرْيَةٌ ءَامَنَتْ فَنَفَعَهَآ إِيمَٰنُهَآ إِلَّا قَوْمَ يُونُسَ لَمَّآ ءَامَنُوا۟ كَشَفْنَا عَنْهُمْ عَذَابَ ٱلْخِزْىِ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَمَتَّعْنَٰهُمْ إِلَىٰ حِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳеҷ шаҳре набуд, ки [аҳлаш] имон биёварад ва имонаш ба ҳоли он суд бахшад, магар қавми Юнус, ки чун [ба мавқеъ] имон оварданд, азоби хорӣ [ва расвоӣ] дар зиндагии дунёро аз онон бартараф намудем ва то муддате [ки зинда буданд, аз неъматҳои дунявӣ] бархӯрдорашон сохтем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ شَآءَ رَبُّكَ لَـَٔامَنَ مَن فِى ٱلْأَرْضِ كُلُّهُمْ جَمِيعًا أَفَأَنتَ تُكْرِهُ ٱلنَّاسَ حَتَّىٰ يَكُونُوا۟ مُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй паёмбар] агар Парвардигорат мехост, ҳатман, ҳар ки дар замин аст, ҳамагияшон имон меоварданд. Пас, оё ту мардумро водор мекунӣ, ки муъмин шаванд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كَانَ لِنَفْسٍ أَن تُؤْمِنَ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ وَيَجْعَلُ ٱلرِّجْسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳеҷ касе наметавонад, [ба иродаи хеш] имон оварад, магар ба фармони Аллоҳ таоло. Ва [Аллоҳ таоло] палидӣ [ва азобу хорӣ]-ро бар касоне қарор медиҳад, ки намеандешанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلِ ٱنظُرُوا۟ مَاذَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَا تُغْنِى ٱلْـَٔايَٰتُ وَٱلنُّذُرُ عَن قَوْمٍ لَّا يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Бингаред, ки [нишонаҳои равшани Аллоҳ таоло] дар осмонҳо ва замин чист»? Ва[-ле ҳамаи] нишонаҳо ва ҳушдорҳо барои гурӯҳе, ки имон намеоваранд, суде намебахшад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَهَلْ يَنتَظِرُونَ إِلَّا مِثْلَ أَيَّامِ ٱلَّذِينَ خَلَوْا۟ مِن قَبْلِهِمْ قُلْ فَٱنتَظِرُوٓا۟ إِنِّى مَعَكُم مِّنَ ٱلْمُنتَظِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё онҳо [чизе] ҷуз ҳаммонанди рӯзгори пешиниён [ва азобҳо ва муҷозотҳояшон]-ро интизор мекашанд? Бигӯ: «Мунтазир бошед, ки ман [низ] бо шумо аз мунтазиронам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ نُنَجِّى رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ كَذَٰلِكَ حَقًّا عَلَيْنَا نُنجِ ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас [ҳангоми нузули азоб] паёмбаронамон ва касонеро, ки [ба Аллоҳ таоло] имон овардаанд, наҷот медиҳем, зеро ҳақ бар уҳдаи мост, ки муъминонро наҷот диҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمْ فِى شَكٍّ مِّن دِينِى فَلَآ أَعْبُدُ ٱلَّذِينَ تَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِنْ أَعْبُدُ ٱللَّهَ ٱلَّذِى يَتَوَفَّىٰكُمْ وَأُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Эй мардум, агар дар дини ман тардид доред, пас, [огоҳ бошед ки ман] касонеро, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, намепарастам, балки он Аллоҳ таолоро мепарастам, ки ҷонатонро мегирад ва фармон ёфтаам, ки аз муъминон бошам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنْ أَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ба ман амр шудааст] ки: «Ҳақгароёна ба ин дин рӯ овар ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набош
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَدْعُ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكَ وَلَا يَضُرُّكَ فَإِن فَعَلْتَ فَإِنَّكَ إِذًا مِّنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ҷойи Аллоҳ таоло, чизеро, ки суду зиёне ба ту намерасонад, [ба парастишу ниёзхоҳӣ] махон, ки агар чунин кунӣ, он гоҳ ҳатман, аз ситамгорон [-и мушрик] хоҳӣ буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِن يَمْسَسْكَ ٱللَّهُ بِضُرٍّ فَلَا كَاشِفَ لَهُۥٓ إِلَّا هُوَ وَإِن يُرِدْكَ بِخَيْرٍ فَلَا رَآدَّ لِفَضْلِهِۦ يُصِيبُ بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ وَهُوَ ٱلْغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар Аллоҳ таоло зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ касе барояш ба ҷуз Ӯ ҳеҷ боздорандае нест ва агар бароят иродаи хайре намояд, барои фазл [-у бахшиши] Ӯ ҳеҷ монеъе нест. [Ӯ бахшиши хешро] Ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدْ جَآءَكُمُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ فَمَنِ ٱهْتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهْتَدِى لِنَفْسِهِۦ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيْهَا وَمَآ أَنَا۠ عَلَيْكُم بِوَكِيلٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Эй мардум, ҳақ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон омадааст, пас, ҳар ки ҳидоят ёбад, ба суди хеш ҳидоят меёбад ва ҳар ки гумроҳ гардад, ба зиёни хеш гумроҳ мегардад ва ман [муроқибу] коргузори шумо нестам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱتَّبِعْ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيْكَ وَٱصْبِرْ حَتَّىٰ يَحْكُمَ ٱللَّهُ وَهُوَ خَيْرُ ٱلْحَٰكِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй паёмбар] аз ончи бар ту ваҳй мешавад пайравӣ кун ва шикебо бош, то Аллоҳ таоло [байни ту ва кофирон] доварӣ кунад ва Ӯ беҳтарин довар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи At-Tawba
Сураи Hud →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.