Асосӣ › Сураҳо › Сураи Al-Hadid
Сураи Al-Hadid الحديد
29 оят · Мадина · тартиби нузул 94
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд; ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ يُحْىِۦ وَيُمِيتُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ҳаёт мебахшад ва марг медиҳад; ва бар ҳар коре тавоност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُوَ ٱلْأَوَّلُ وَٱلْـَٔاخِرُ وَٱلظَّٰهِرُ وَٱلْبَاطِنُ وَهُوَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯ азалӣ ва абадӣ аст ва пайдо ва нопайдо; ва ба ҳар чизе доност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ فِى سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ ٱسْتَوَىٰ عَلَى ٱلْعَرْشِ يَعْلَمُ مَا يَلِجُ فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا يَخْرُجُ مِنْهَا وَمَا يَنزِلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا يَعْرُجُ فِيهَا وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид; он гоҳ бар арш қарор гирифт. Ҳар чӣ дар замин нуфуз мекунад ё аз он бармеояд ва ҳар чӣ аз осмон фуруд меояд ё дар он суъуд мекунад, [ҳамаро] медонад; ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост; ва Аллоҳ таоло ба он чӣ мекунед, биност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَّهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرْجَعُ ٱلْأُمُورُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва ҳамаи умур танҳо ба Ӯ бозгардонда мешавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُولِجُ ٱلَّيْلَ فِى ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِى ٱلَّيْلِ وَهُوَ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Бо тағйири тадриҷии фаслҳо] шабро дар рӯз мекашонад ва рӯзро дар шаб; ва Ӯ ба рози дилҳо доност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ءَامِنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَأَنفِقُوا۟ مِمَّا جَعَلَكُم مُّسْتَخْلَفِينَ فِيهِ فَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مِنكُمْ وَأَنفَقُوا۟ لَهُمْ أَجْرٌ كَبِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон оваред ва аз амволе, ки шуморо ҷонишин [ва намояндаи худ дар истифода аз онҳо] қарор додааст, инфоқ кунед; зеро афроде аз шумо, ки имон биёваранд ва инфоқ кунанд, подоши бузурге [дар пеш] дорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا لَكُمْ لَا تُؤْمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلرَّسُولُ يَدْعُوكُمْ لِتُؤْمِنُوا۟ بِرَبِّكُمْ وَقَدْ أَخَذَ مِيثَٰقَكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Чаро ба Аллоҳ таоло имон намеоваред, ҳол он ки Паёмбар шуморо фаромехонад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред? Агар бовар доред [ба ёд дошта бошед, ки Аллоҳ таоло дар ин маврид] аз шумо паймон гирифтааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُوَ ٱلَّذِى يُنَزِّلُ عَلَىٰ عَبْدِهِۦٓ ءَايَٰتٍۭ بَيِّنَٰتٍ لِّيُخْرِجَكُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ وَإِنَّ ٱللَّهَ بِكُمْ لَرَءُوفٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯст, ки оёти равшангаре бар бандааш нозил мекунад, то шуморо аз торикиҳо [-и куфру ширк] ба сӯйи нур [-и имон] раҳсипор гардонад, [зеро] Аллоҳ таоло нисбат ба шумо дилсӯзу меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا لَكُمْ أَلَّا تُنفِقُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلِلَّهِ مِيرَٰثُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ لَا يَسْتَوِى مِنكُم مَّنْ أَنفَقَ مِن قَبْلِ ٱلْفَتْحِ وَقَٰتَلَ أُو۟لَٰٓئِكَ أَعْظَمُ دَرَجَةً مِّنَ ٱلَّذِينَ أَنفَقُوا۟ مِنۢ بَعْدُ وَقَٰتَلُوا۟ وَكُلًّا وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلْحُسْنَىٰ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Чаро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунед, ҳол он ки мероси осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст? Касоне, ки пеш аз фатҳи [Макка] инфоқ карданд ва ҷангиданд, [бо дигарон] баробар нестанд. Дараҷаи онон волотар аз касонест, ки пас аз фатҳ инфоқ карданд ва ҷангиданд, вале Аллоҳ таоло ба ҳар ду гурӯҳ накутарин [подошҳо]-ро ваъда додааст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَّن ذَا ٱلَّذِى يُقْرِضُ ٱللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا فَيُضَٰعِفَهُۥ لَهُۥ وَلَهُۥٓ أَجْرٌ كَرِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Кист, ки ба Аллоҳ таоло воме наку диҳад [ва инфоқ кунад], то Аллоҳ таоло низ онро барояш чандин баробар созад ва [дар охират] подоше фохир дошта бошад?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ تَرَى ٱلْمُؤْمِنِينَ وَٱلْمُؤْمِنَٰتِ يَسْعَىٰ نُورُهُم بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَبِأَيْمَٰنِهِم بُشْرَىٰكُمُ ٱلْيَوْمَ جَنَّٰتٌ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا ذَٰلِكَ هُوَ ٱلْفَوْزُ ٱلْعَظِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ин подоши бузург дар] Рӯзест, ки мардону занони муъминро менигарӣ, ки нурашон пеши рӯ ва дар самти росташон ба шитоб ҳаракат мекунад [ва ба онон хитоб мешавад]: «Имрӯз башорати боғҳое [аз биҳишт] бар шумо бод, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва ҷовидона дар он ба сар хоҳед бурд. Ин аст ҳамон комёбии бузург».
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ يَقُولُ ٱلْمُنَٰفِقُونَ وَٱلْمُنَٰفِقَٰتُ لِلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱنظُرُونَا نَقْتَبِسْ مِن نُّورِكُمْ قِيلَ ٱرْجِعُوا۟ وَرَآءَكُمْ فَٱلْتَمِسُوا۟ نُورًا فَضُرِبَ بَيْنَهُم بِسُورٍ لَّهُۥ بَابٌۢ بَاطِنُهُۥ فِيهِ ٱلرَّحْمَةُ وَظَٰهِرُهُۥ مِن قِبَلِهِ ٱلْعَذَابُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки мардону занони мунофиқ ба муъминон мегӯянд: «Ба мо назаре бияфканед, то партаве аз нуратон баргирем». Ба онон гуфта мешавад: «Ба ақиб бозгардед ва касби нур кунед. Он гоҳ миёнашон деворе қарор мегирад, ки даре дорад, даруни он [ки ба сӯи муъминон аст] рӯ ба раҳмат аст ва берунаш [ки ба самти мунофиқон аст] рӯ ба азоб аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُنَادُونَهُمْ أَلَمْ نَكُن مَّعَكُمْ قَالُوا۟ بَلَىٰ وَلَٰكِنَّكُمْ فَتَنتُمْ أَنفُسَكُمْ وَتَرَبَّصْتُمْ وَٱرْتَبْتُمْ وَغَرَّتْكُمُ ٱلْأَمَانِىُّ حَتَّىٰ جَآءَ أَمْرُ ٱللَّهِ وَغَرَّكُم بِٱللَّهِ ٱلْغَرُورُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мунофиқон] ба муъминон мегӯянд: «Магар мо [дар диндорӣ ва парастиш] ҳамроҳи шумо набудем?». Онон посух медиҳанд: «Бале, вале шумо [бо дурӯягӣ ва тазвир] худро ба фитна андохтед [ва ҳалок кардед] ва дар интизор [-и шикасти муъминон ва бозгашт ба ширку куфр] будед ва [дар бораи ёрӣ расонидани Аллоҳ таоло ба муъминон] тардид доштед ва орзуҳо [-и дурӯғин] фиребатон дод, то он ки фармон [-и маргатон аз ҷониби] Аллоҳ таоло дар ҳоле фаро расид, ки шайтон шуморо дар баробари Ӯ густох карда буд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلْيَوْمَ لَا يُؤْخَذُ مِنكُمْ فِدْيَةٌ وَلَا مِنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مَأْوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ هِىَ مَوْلَىٰكُمْ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Имрӯз на аз шумо [мунофиқон] ғаромат мепазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст, ки [ба ростӣ] шоистаи шумост ва чи бад саранҷоме аст!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَمْ يَأْنِ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَن تَخْشَعَ قُلُوبُهُمْ لِذِكْرِ ٱللَّهِ وَمَا نَزَلَ مِنَ ٱلْحَقِّ وَلَا يَكُونُوا۟ كَٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ مِن قَبْلُ فَطَالَ عَلَيْهِمُ ٱلْأَمَدُ فَقَسَتْ قُلُوبُهُمْ وَكَثِيرٌ مِّنْهُمْ فَٰسِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё ҳангоми он фаро нарасидааст, ки дилҳои муъминон ба ёди Аллоҳ таоло ва каломи ҳаққе, ки нозил шудааст, фурутан шавад ва ҳамчун касоне набошанд, ки қаблан аҳли китоб буданд ва чун [аз биъсати паёмбаронашон] замоне тӯлонӣ бар онон гузашт, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре аз онон аз динашон мунҳариф шуданд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ يُحْىِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا قَدْ بَيَّنَّا لَكُمُ ٱلْـَٔايَٰتِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Огоҳ бошед, ки Аллоҳ таоло заминро пас аз хазону хушкиаш зинда месозад. [Эй мардум] Мусалламан, Мо нишонаҳо [-и тавону тадбири худ]-ро барои шумо ба равшанӣ баён кардаем, бошад, ки бияндешед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلْمُصَّدِّقِينَ وَٱلْمُصَّدِّقَٰتِ وَأَقْرَضُوا۟ ٱللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا يُضَٰعَفُ لَهُمْ وَلَهُمْ أَجْرٌ كَرِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе гумон, мардону заноне, ки инфоқ мекунанд ва ба Аллоҳ таоло қарзе наку медиҳанд, савобашон дучандон мегардад ва [дар охират] подоше фохир [-у нек] хоҳанд дошт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦٓ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصِّدِّيقُونَ وَٱلشُّهَدَآءُ عِندَ رَبِّهِمْ لَهُمْ أَجْرُهُمْ وَنُورُهُمْ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَكَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَآ أُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلْجَحِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон оварданд, ростгӯён [-и росткирдор] ҳастанд ва шаҳидон назди Парвардигорашон ба сар мебаранд ва [дар охират] подошу нурашон маҳфуз аст. Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти Моро дурӯғ шумурданд, дузахианд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّمَا ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ وَزِينَةٌ وَتَفَاخُرٌۢ بَيْنَكُمْ وَتَكَاثُرٌ فِى ٱلْأَمْوَٰلِ وَٱلْأَوْلَٰدِ كَمَثَلِ غَيْثٍ أَعْجَبَ ٱلْكُفَّارَ نَبَاتُهُۥ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَىٰهُ مُصْفَرًّا ثُمَّ يَكُونُ حُطَٰمًا وَفِى ٱلْـَٔاخِرَةِ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَمَغْفِرَةٌ مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضْوَٰنٌ وَمَا ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلْغُرُورِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бидонед, ки зиндагии дунё, бозича ва саргармӣ ва зевар аст ва фахрфурӯшӣ дар баробари якдигар ва афзунталабӣ дар амволу фарзандон. [Ин зиндагӣ] Дар масал ҳамчун боронест, ки гиёҳон [-и рӯйида ] аз он кишоварзонро ба шигифт меоварад; сипас [ин гиёҳи шодоб] пажмурда шавад, он гоҳ мебинӣ, ки зард мешавад ва сипас хошок мегардад ва дар охират [насиби мунофиқону кофирон] азоби шадид аст ва [насиби муъминон] омурзишу хушнудии илоҳӣ аст. [Дар ҳар ҳол] Зиндагии дунё чизе ҷуз [лаззату] бархӯрдории фонӣ [ва фиребанда] нест
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَابِقُوٓا۟ إِلَىٰ مَغْفِرَةٍ مِّن رَّبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا كَعَرْضِ ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ أُعِدَّتْ لِلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦ ذَٰلِكَ فَضْلُ ٱللَّهِ يُؤْتِيهِ مَن يَشَآءُ وَٱللَّهُ ذُو ٱلْفَضْلِ ٱلْعَظِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй мардум] Барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он ҳамчун паҳнои осмону замин аст, аз якдигар пешӣ бигиред. [Ин биҳишт] Барои касоне омода шудааст, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон овардаанд. Ин [подош ношӣ аз] фазли илоҳӣ аст, онро ба ҳар ки бихоҳад [ва шоиста бидонад], ато мекунад, ки Аллоҳ таоло фазлу бахшиши беҳад дорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَا فِىٓ أَنفُسِكُمْ إِلَّا فِى كِتَٰبٍ مِّن قَبْلِ أَن نَّبْرَأَهَآ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳеҷ осебе дар замин ва ё дар вуҷуди шумо рӯй нахоҳад дод, магар он ки пеш аз эҷодаш дар дафтари [илми илоҳӣ] рақам хӯрдааст. Ба ростӣ, ки ин кор бар Аллоҳ таоло осон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّكَيْلَا تَأْسَوْا۟ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمْ وَلَا تَفْرَحُوا۟ بِمَآ ءَاتَىٰكُمْ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخْتَالٍ فَخُورٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ин нуктаро тазаккур додем] То бар он чи аз дастатон меравад, афсӯс нахӯред ва бад-он чи ба даст меоваред, сармаст нагардед, ки Аллоҳ таоло ҳеҷ мутакаббири фахрфурӯшеро дӯст намедорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ يَبْخَلُونَ وَيَأْمُرُونَ ٱلنَّاسَ بِٱلْبُخْلِ وَمَن يَتَوَلَّ فَإِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلْغَنِىُّ ٱلْحَمِيدُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳамон касоне, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл во медоранд ва ҳар ки [аз инфоқ] рӯй бигардонад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِٱلْبَيِّنَٰتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْمِيزَانَ لِيَقُومَ ٱلنَّاسُ بِٱلْقِسْطِ وَأَنزَلْنَا ٱلْحَدِيدَ فِيهِ بَأْسٌ شَدِيدٌ وَمَنَٰفِعُ لِلنَّاسِ وَلِيَعْلَمَ ٱللَّهُ مَن يَنصُرُهُۥ وَرُسُلَهُۥ بِٱلْغَيْبِ إِنَّ ٱللَّهَ قَوِىٌّ عَزِيزٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо паёмбарони хешро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳашон китобу мизон [-и ташхиси ҳақ аз ботил] нозил кардем, то мардум ба адолат бархезанд. Ва оҳан [ва соири фулузот]-ро падид овардем, ки дар он ҳам неруе шадид вуҷуд дорад ва ҳам манофее барои мардум. [Чунин кардем] То Аллоҳ таоло бидонад, чи касоне бидуни он ки Парвардигорашонро бубинанд, [бо ҷангафзорҳои оҳанин] Ӯ ва паёмбаронашро [дар майдонҳои ҷанг] ёрӣ мекунанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا وَإِبْرَٰهِيمَ وَجَعَلْنَا فِى ذُرِّيَّتِهِمَا ٱلنُّبُوَّةَ وَٱلْكِتَٰبَ فَمِنْهُم مُّهْتَدٍ وَكَثِيرٌ مِّنْهُمْ فَٰسِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо Нуҳ ва Иброҳимро [ба рисолат] фиристодем ва дар миёни фарзандонашон [мавҳибати] паёмбарӣ ва китоб муқаррар доштем. Бархе аз онон роҳ ёфтанд ва бисёре аз онон нофармонӣ карданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ قَفَّيْنَا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم بِرُسُلِنَا وَقَفَّيْنَا بِعِيسَى ٱبْنِ مَرْيَمَ وَءَاتَيْنَٰهُ ٱلْإِنجِيلَ وَجَعَلْنَا فِى قُلُوبِ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ رَأْفَةً وَرَحْمَةً وَرَهْبَانِيَّةً ٱبْتَدَعُوهَا مَا كَتَبْنَٰهَا عَلَيْهِمْ إِلَّا ٱبْتِغَآءَ رِضْوَٰنِ ٱللَّهِ فَمَا رَعَوْهَا حَقَّ رِعَايَتِهَا فَـَٔاتَيْنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مِنْهُمْ أَجْرَهُمْ وَكَثِيرٌ مِّنْهُمْ فَٰسِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас ба дунболи онон паёмбарони дигарамонро [мабъус кардем] ва сипас Исо писари Марямро фиристодем ва Инҷилро ба ӯ ато намудем ва дар дили пайравонаш раъфат ва меҳрубонӣ ниҳодем, вале [дунёгурезӣ ва] раҳбониятеро, ки бидъат ниҳоданд, Мо бар онон муқаррар надоштем ва ҳарчанд ҳадафашон ҷалби хушнудии илоҳӣ буд, вале ҳаққи онро [чунонки бояд] риоят накарданд. Аз ин рӯ, Мо ба афроде аз эшон, ки имон оварданд, подошашонро ато кардем, вале бисёре аз онон [ба бероҳа рафтанд ва] нофармон буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَءَامِنُوا۟ بِرَسُولِهِۦ يُؤْتِكُمْ كِفْلَيْنِ مِن رَّحْمَتِهِۦ وَيَجْعَل لَّكُمْ نُورًا تَمْشُونَ بِهِۦ وَيَغْفِرْ لَكُمْ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Эй муъминон, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва ба паёмбараш [холисона] имон биёваред, то Аллоҳ таоло аз раҳмати хеш баҳраи дучандон ба шумо ато намояд ва бароятон нуре падид оварад, ки дар партави он гом бардоред ва шуморо бибахшояд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّئَلَّا يَعْلَمَ أَهْلُ ٱلْكِتَٰبِ أَلَّا يَقْدِرُونَ عَلَىٰ شَىْءٍ مِّن فَضْلِ ٱللَّهِ وَأَنَّ ٱلْفَضْلَ بِيَدِ ٱللَّهِ يُؤْتِيهِ مَن يَشَآءُ وَٱللَّهُ ذُو ٱلْفَضْلِ ٱلْعَظِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Инро баён кардем] То аҳли китоб бидонанд, ки ба фазлу бахшиши илоҳӣ дастрасӣ надоранд [ва наметавонанд онро ба касе ихтисос диҳанд ё аз касе боздоранд] ва ин ки тамоми бартарӣ ба дасти Аллоҳ таоло аст ва ба ҳар кӣ бихоҳад [ва шоиста бидонад] ато мекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло фазлу бахшиши беҳад дорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Al-Waaqia
Сураи Al-Mujaadila →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.