caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Aal-i-Imraan آل عمران

200 оят · Мадина · тартиби нузул 89

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓمٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАЛМ [Алиф, Лом, Мим].[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلْحَىُّ ٱلْقَيُّومُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло [маъбуди ростин] аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نَزَّلَ عَلَيْكَ ٱلْكِتَٰبَ بِٱلْحَقِّ مُصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهِ وَأَنزَلَ ٱلتَّوْرَىٰةَ وَٱلْإِنجِيلَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн китоб [Қуръон]-ро, ки таъйидкунандаи китобҳои [осмонии] пешин аст, ба дурустӣ бар ту нозил кард ва Тавроту Инҷилро…

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مِن قَبْلُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَأَنزَلَ ٱلْفُرْقَانَ إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ ذُو ٱنتِقَامٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПеш аз он [Тавроту Инҷилро] барои ҳидояти мардум нозил кард; ва [низ] Фурқонро [Қуръон, ки ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст] нозил намуд. Касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло кофир шуданд, азоби сахте [дар пеш] доранд; ва Аллоҳ таоло шикастнопазир [-у] интиқомгиранда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَخْفَىٰ عَلَيْهِ شَىْءٌ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَا فِى ٱلسَّمَآءِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, ҳеҷ чиз - [на] дар замин ва на дар осмон – аз Аллоҳ таоло пӯшида намемонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِى يُصَوِّرُكُمْ فِى ٱلْأَرْحَامِ كَيْفَ يَشَآءُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки шуморо ҳар гуна ки бихоҳад дар раҳимҳо шакл медиҳад. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ шикастнопазиру ҳаким нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِىٓ أَنزَلَ عَلَيْكَ ٱلْكِتَٰبَ مِنْهُ ءَايَٰتٌ مُّحْكَمَٰتٌ هُنَّ أُمُّ ٱلْكِتَٰبِ وَأُخَرُ مُتَشَٰبِهَٰتٌ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ فِى قُلُوبِهِمْ زَيْغٌ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَٰبَهَ مِنْهُ ٱبْتِغَآءَ ٱلْفِتْنَةِ وَٱبْتِغَآءَ تَأْوِيلِهِۦ وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُۥٓ إِلَّا ٱللَّهُ وَٱلرَّٰسِخُونَ فِى ٱلْعِلْمِ يَقُولُونَ ءَامَنَّا بِهِۦ كُلٌّ مِّنْ عِندِ رَبِّنَا وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُو۟لُوا۟ ٱلْأَلْبَٰبِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبَّنَا لَا تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنتَ ٱلْوَهَّابُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон мегӯянд: "Парвардигоро, дилҳои моро – баъд аз он, ки ҳидоятамон кардӣ – [аз роҳи ҳақ] мунҳариф магардон ва аз сӯйи худ раҳмате ба мо арзонӣ дор, [ки] бе тардид, Ту бисёр бахшандаӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبَّنَآ إِنَّكَ جَامِعُ ٱلنَّاسِ لِيَوْمٍ لَّا رَيْبَ فِيهِ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُخْلِفُ ٱلْمِيعَادَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро, бешак, Ту мардумро барои рӯзе, ки дар [омадани] он тардид нест, ҷамъ хоҳӣ кард. Ҳатман, Аллоҳ таоло дар ваъдаи [худ] хилоф намекунад"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَن تُغْنِىَ عَنْهُمْ أَمْوَٰلُهُمْ وَلَآ أَوْلَٰدُهُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيْـًٔا وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمْ وَقُودُ ٱلنَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, касоне, ки куфр варзиданд, амволу фарзандонашон чизе аз [азоби] Аллоҳро аз онон дур нахоҳад кард ва онон худ ҳезуми оташ [-и дӯзах] ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَدَأْبِ ءَالِ فِرْعَوْنَ وَٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا فَأَخَذَهُمُ ٱللَّهُ بِذُنُوبِهِمْ وَٱللَّهُ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Шеваи ин кофирон] Ҳамчун шеваи хонадони Фиръавн ва [равиши] касонест, ки пеш аз онҳо буданд: Оёти моро такзиб карданд; пас, Аллоҳ таоло ононро ба [сазои] гуноҳонашон азоб кард; ва Аллоҳ таоло [нисбат ба кофирон] сахткайфар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لِّلَّذِينَ كَفَرُوا۟ سَتُغْلَبُونَ وَتُحْشَرُونَ إِلَىٰ جَهَنَّمَ وَبِئْسَ ٱلْمِهَادُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ: "Ба зудӣ [аз муъминон] шикаст хоҳед хӯрд ва [он гоҳ дар қиёмат] ба сӯйи ҷаҳаннам маҳшур мешавед; ва чи бад ҷойгоҳе аст"!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَدْ كَانَ لَكُمْ ءَايَةٌ فِى فِئَتَيْنِ ٱلْتَقَتَا فِئَةٌ تُقَٰتِلُ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَأُخْرَىٰ كَافِرَةٌ يَرَوْنَهُم مِّثْلَيْهِمْ رَأْىَ ٱلْعَيْنِ وَٱللَّهُ يُؤَيِّدُ بِنَصْرِهِۦ مَن يَشَآءُ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَعِبْرَةً لِّأُو۟لِى ٱلْأَبْصَٰرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲатман, дар [рӯёрӯйи] ду гурӯҳе, ки [дар Бадр] бо ҳам рӯбарӯ шуданд, нишона [ва ибрат]-е барои шумо буд; як гурӯҳ дар роҳи Аллоҳ таоло меҷангид ва [гурӯҳи] дигар кофирон буданд. Онҳо ба чашми худ [муъминонро] ду баробари он чи буданд, медиданд; ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, бо ёрии худ таъйид мекунад. Ба ростӣ, дар ин [моҷаро] барои аҳли биниш, ибрате аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ ٱلشَّهَوَٰتِ مِنَ ٱلنِّسَآءِ وَٱلْبَنِينَ وَٱلْقَنَٰطِيرِ ٱلْمُقَنطَرَةِ مِنَ ٱلذَّهَبِ وَٱلْفِضَّةِ وَٱلْخَيْلِ ٱلْمُسَوَّمَةِ وَٱلْأَنْعَٰمِ وَٱلْحَرْثِ ذَٰلِكَ مَتَٰعُ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسْنُ ٱلْمَـَٔابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИшқ ба хостаниҳо [-и моддӣ], аз [ҷумла] занону фарзандон ва амволи ҳангуфт – аз тилло ва нуқра ва аспҳои нишондор ва домҳову киштзор [ҳо] – барои мардум ороста шудааст. Ин [ҳама, лаззатҳо ва] колои [зудгузари] зиндагии дунёст ва [ҳол он ки] саранҷоми нек назди Аллоҳ таоло аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَؤُنَبِّئُكُم بِخَيْرٍ مِّن ذَٰلِكُمْ لِلَّذِينَ ٱتَّقَوْا۟ عِندَ رَبِّهِمْ جَنَّٰتٌ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَأَزْوَٰجٌ مُّطَهَّرَةٌ وَرِضْوَٰنٌ مِّنَ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ بَصِيرٌۢ بِٱلْعِبَادِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Оё [мехоҳед] шуморо аз чизе огоҳ кунам, ки аз ин [дороиҳо ва лаззатҳои моддӣ] беҳтар бошад"? Касоне, ки тақво пеша кардаанд, назди Парвардигорашон боғҳое доранд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо равон аст; ҷовидона дар он хоҳанд буд ва ҳамсарони покиза [ва беайб доранд] ва [ҳамчунин] аз хушнудии Аллоҳ таоло [бархӯрдоранд]; ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] бандагон биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَآ إِنَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин биҳиштиён] Касоне [ҳастанд], ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба ростӣ, ки мо имон овардаем; пас, гуноҳонамонро биёмурз ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلصَّٰبِرِينَ وَٱلصَّٰدِقِينَ وَٱلْقَٰنِتِينَ وَٱلْمُنفِقِينَ وَٱلْمُسْتَغْفِرِينَ بِٱلْأَسْحَارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон [дар баробари мушкилот ва дар роҳи итоат ва тарки гуноҳ] шикебоӣ меварзанд ва [дар гуфтору рафторашон] ростгӯ ҳастанд ва [дар баробари фармудаҳои илоҳӣ] фармонбардоранд ва [барои хушнудии Бори таоло] инфоқ мекунанд ва дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

شَهِدَ ٱللَّهُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَٱلْمَلَٰٓئِكَةُ وَأُو۟لُوا۟ ٱلْعِلْمِ قَآئِمًۢا بِٱلْقِسْطِ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло, ки [дар ҷаҳони ҳастӣ] барподорандаи адл аст, гувоҳӣ додааст, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва фариштагону уламо [низ бар ягонагӣ ва адолати илоҳӣ гувоҳӣ медиҳанд]. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, [ки] шикастнопазиру ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلدِّينَ عِندَ ٱللَّهِ ٱلْإِسْلَٰمُ وَمَا ٱخْتَلَفَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعْدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلْعِلْمُ بَغْيًۢا بَيْنَهُمْ وَمَن يَكْفُرْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلْحِسَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, дини [писандида] назди Аллоҳ таоло ҳамон ислом аст; ва касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, бо якдигар ба ихтилоф напардохтанд, магар пас аз он, ки илм барояшон [ҳосил] омад [ва ҳуҷҷат барояшон тамом шуд]. Он [ихтилоф ва тафриқа] ҳам ба хотири саркашӣ ва ҳасаде [буд], ки миёнашон вуҷуд дошт; ва ҳар ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр биварзад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِنْ حَآجُّوكَ فَقُلْ أَسْلَمْتُ وَجْهِىَ لِلَّهِ وَمَنِ ٱتَّبَعَنِ وَقُل لِّلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْأُمِّيِّـۧنَ ءَأَسْلَمْتُمْ فَإِنْ أَسْلَمُوا۟ فَقَدِ ٱهْتَدَوا۟ وَّإِن تَوَلَّوْا۟ فَإِنَّمَا عَلَيْكَ ٱلْبَلَٰغُ وَٱللَّهُ بَصِيرٌۢ بِٱلْعِبَادِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Агар [дар бораи ислом ва тавҳид] бо ту муҷодала карданд, бигӯ: "Ман дар баробари Аллоҳ таоло [ва авомиру аҳкомаш] таслим шудаам ва пайравонам [низ чунин ҳастанд]"; ва ба аҳли китоб [яҳудиён ва масеҳиён] ва мушрикон бигӯ: "Оё шумо ҳам таслим шудаед"? Агар таслим шаванд, ҳатман ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шуданд [ва сарпечӣ карданд, ғамгин машав, зеро] ту вазифае ҷуз расондан [-и ваҳй] надорӣ; ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] бандагон биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكْفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقْتُلُونَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ بِغَيْرِ حَقٍّ وَيَقْتُلُونَ ٱلَّذِينَ يَأْمُرُونَ بِٱلْقِسْطِ مِنَ ٱلنَّاسِ فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзанд ва паёмбаронро ба ноҳақ [ва фақат аз рӯйи ситаму душманӣ] мекушанд ва [низ] касонеро, ки ба адолат амр мекунанд, ба қатл мерасонанд, ононро ба азоби дарднок башорат деҳ!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ حَبِطَتْ أَعْمَٰلُهُمْ فِى ٱلدُّنْيَا وَٱلْـَٔاخِرَةِ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон касоне ҳастанд, ки аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ шудааст ва [дар охират] ҳеҷ ёваре надоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ نَصِيبًا مِّنَ ٱلْكِتَٰبِ يُدْعَوْنَ إِلَىٰ كِتَٰبِ ٱللَّهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ يَتَوَلَّىٰ فَرِيقٌ مِّنْهُمْ وَهُم مُّعْرِضُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Оё достони касонеро, ки баҳрае аз китоб [-и Таврот] ёфтаанд, надонистаӣ, ки чун ба [бозгашт ба] сӯйи китоби Аллоҳ таоло фаро хонда мешаванд, то миёнашон ҳукм кунад, гурӯҳе аз [уламову бузургони] онон [ки ҳақиқатро хилофи майлу манфиати худ мебинанд] ба ҳоли сарпечӣ рӯ барметобанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا۟ لَن تَمَسَّنَا ٱلنَّارُ إِلَّآ أَيَّامًا مَّعْدُودَٰتٍ وَغَرَّهُمْ فِى دِينِهِم مَّا كَانُوا۟ يَفْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [рӯйгардонӣ аз ҳақ], бад-он сабаб аст, ки гуфтанд: "Оташ [-и дӯзах] ҷуз чанд рӯзе ба мо нахоҳад расид"; ва ин [ифтироҳо] ва дурӯғҳое, ки мебофтанд, ононро дар динашон фирефта сохт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَكَيْفَ إِذَا جَمَعْنَٰهُمْ لِيَوْمٍ لَّا رَيْبَ فِيهِ وَوُفِّيَتْ كُلُّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [ҳоли пушаймониашон] чи гуна хоҳад буд? [Оре, дар бадтарин ҳол хоҳанд буд] Он гоҳ ки ононро барои рӯзе, ки [ҳеҷ] тардиде дар он нест, гирд оварем ва ба ҳар кас [подоши] он чи, ки фароҳам кардааст, ба тамом ва камол дода шавад ва ба эшон ситам нахоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلِ ٱللَّهُمَّ مَٰلِكَ ٱلْمُلْكِ تُؤْتِى ٱلْمُلْكَ مَن تَشَآءُ وَتَنزِعُ ٱلْمُلْكَ مِمَّن تَشَآءُ وَتُعِزُّ مَن تَشَآءُ وَتُذِلُّ مَن تَشَآءُ بِيَدِكَ ٱلْخَيْرُ إِنَّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бигӯ: "Бор Илоҳо, эй Фармонравои ҳастӣ, ҳар киро бихоҳӣ, ҳукумат мебахшӣ ва аз ҳар ки бихоҳӣ, ҳукуматро бозпас мегирӣ; ва ба ҳар ки бихоҳӣ, иззат [-у қудрат] медиҳӣ ва ҳар киро бихоҳӣ, хор медорӣ. [Парвардигоро] Хубӣ ба дасти Туст ва бе гумон, Ту бар ҳар чизе тавоноӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تُولِجُ ٱلَّيْلَ فِى ٱلنَّهَارِ وَتُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِى ٱلَّيْلِ وَتُخْرِجُ ٱلْحَىَّ مِنَ ٱلْمَيِّتِ وَتُخْرِجُ ٱلْمَيِّتَ مِنَ ٱلْحَىِّ وَتَرْزُقُ مَن تَشَآءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШабро ба рӯз дармеоварӣ ва рӯзро ба шаб дармеоварӣ [ва аз тӯли яке мекоҳӣ ва бар дигаре меафзоӣ] ва [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон берун меоварӣ [рӯйиши гиёҳ аз дона] ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозӣ [берун омадани тухм аз паррандагон] ва ба ҳар ки бихоҳӣ, бешумор рӯзӣ медиҳӣ"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا يَتَّخِذِ ٱلْمُؤْمِنُونَ ٱلْكَٰفِرِينَ أَوْلِيَآءَ مِن دُونِ ٱلْمُؤْمِنِينَ وَمَن يَفْعَلْ ذَٰلِكَ فَلَيْسَ مِنَ ٱللَّهِ فِى شَىْءٍ إِلَّآ أَن تَتَّقُوا۟ مِنْهُمْ تُقَىٰةً وَيُحَذِّرُكُمُ ٱللَّهُ نَفْسَهُۥ وَإِلَى ٱللَّهِ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМуъминон набояд кофиронро ба ҷойи муъминон дӯсти худ бигиранд; ва ҳар ки чунин кунад, бо Аллоҳ таоло ҳеҷ пайванде надорад ва [Аллоҳ таоло аз ӯ безорӣ меҷӯяд]; магар он ки [ночор шавед бо нармӣ дар гуфтору рафтор] хешро аз [озори] эшон дар амон доред [ва ба хотири ҳифзи ҷонатон эҳтиёт кунед]; ва Аллоҳ таоло шуморо аз [кайфари] хеш барҳазар медорад; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِن تُخْفُوا۟ مَا فِى صُدُورِكُمْ أَوْ تُبْدُوهُ يَعْلَمْهُ ٱللَّهُ وَيَعْلَمُ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар ҳар он чи [аз дӯстӣ ва муҳаббати кофирон, ки] дар дилҳоятон аст, пинҳон доред, ё ошкораш кунед, Аллоҳ таоло онро медонад, [ва низ] он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ تَجِدُ كُلُّ نَفْسٍ مَّا عَمِلَتْ مِنْ خَيْرٍ مُّحْضَرًا وَمَا عَمِلَتْ مِن سُوٓءٍ تَوَدُّ لَوْ أَنَّ بَيْنَهَا وَبَيْنَهُۥٓ أَمَدًۢا بَعِيدًا وَيُحَذِّرُكُمُ ٱللَّهُ نَفْسَهُۥ وَٱللَّهُ رَءُوفٌۢ بِٱلْعِبَادِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Рӯзи қиёмат] Рӯзе [аст], ки ҳар кас он чиро аз кори нек [ва бад] анҷом додааст, ҳозир мебинад ва орзу мекунад миёни ӯ ва аъмоли баде, ки анҷом додааст, фосилаи бисёре бошад; ва Аллоҳ таоло шуморо аз [нофармонӣ ва кайфари] худ барҳазар медорад; ва Аллоҳ таоло нисбат ба бандагон [-и худ] дилсӯз аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِى يُحْبِبْكُمُ ٱللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ таоло шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ فَإِن تَوَلَّوْا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلْكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бигӯ: "Аллоҳ таоло ва паёмбар [-и Ӯ]-ро итоат кунед"; пас, агар пушт карданд [ва сарпечӣ намуданд], ҳатман, Аллоҳ таоло кофиронро дӯст надорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ ٱصْطَفَىٰٓ ءَادَمَ وَنُوحًا وَءَالَ إِبْرَٰهِيمَ وَءَالَ عِمْرَٰنَ عَلَى ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки Аллоҳ таоло Одаму Нуҳ ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро бар ҷаҳониён [бартарӣ дод ва] баргузид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذُرِّيَّةًۢ بَعْضُهَا مِنۢ بَعْضٍ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterФарзандоне, ки бархе аз онон [дар тавҳиду ибодат] аз [пайи] бархи дигаранд; ва Аллоҳ таоло шунавову доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ قَالَتِ ٱمْرَأَتُ عِمْرَٰنَ رَبِّ إِنِّى نَذَرْتُ لَكَ مَا فِى بَطْنِى مُحَرَّرًا فَتَقَبَّلْ مِنِّىٓ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки ҳамсари Имрон гуфт: "Парвардигоро, ман он чиро дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, ки озод [аз ҳар чиз дар хидмати Байт-ул-муқаддас ва парастишгари Ту] бошад; пас, аз ман бипазир, ки Ту худ шунавову доноӣ"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا وَضَعَتْهَا قَالَتْ رَبِّ إِنِّى وَضَعْتُهَآ أُنثَىٰ وَٱللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا وَضَعَتْ وَلَيْسَ ٱلذَّكَرُ كَٱلْأُنثَىٰ وَإِنِّى سَمَّيْتُهَا مَرْيَمَ وَإِنِّىٓ أُعِيذُهَا بِكَ وَذُرِّيَّتَهَا مِنَ ٱلشَّيْطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки ӯро бизод, гуфт: "Парвардигоро, ман ӯро духтар зодаам – вале Аллоҳ таоло ба он чи ӯ ба дунё оварда буд, донотар буд – ва писар ҳаммонанди духтар нест ва ман ӯро Марям ном ниҳодам ва ӯву фарзандонашро аз [шарри] шайтони рондашуда дар паноҳи Ту қарор медиҳам"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتَقَبَّلَهَا رَبُّهَا بِقَبُولٍ حَسَنٍ وَأَنۢبَتَهَا نَبَاتًا حَسَنًا وَكَفَّلَهَا زَكَرِيَّا كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيْهَا زَكَرِيَّا ٱلْمِحْرَابَ وَجَدَ عِندَهَا رِزْقًا قَالَ يَٰمَرْيَمُ أَنَّىٰ لَكِ هَٰذَا قَالَتْ هُوَ مِنْ عِندِ ٱللَّهِ إِنَّ ٱللَّهَ يَرْزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ Парвардигораш ӯ [Марям]-ро ба накуӣ пазируфт ва [ниҳоли вуҷудашро] ба шеваи шоистае парвариш дод ва сарпарастиашро ба Закариё супурд. Ҳар гоҳ Закариё вориди ибодатгоҳ [-и ӯ] мешуд, наздаш ғизое меёфт [пас, бо шигифтӣ] мегуфт: "Эй Марям, ин [ғизо] аз куҷо бароят омадааст"? [Марям] Мегуфт: "Ин [ғизо] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар ки бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُنَالِكَ دَعَا زَكَرِيَّا رَبَّهُۥ قَالَ رَبِّ هَبْ لِى مِن لَّدُنكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн ҷо [буд, ки] Закариё Парвардигорашро хонд [ва] гуфт: "Парвардигоро, аз ҷониби хеш фарзанди поку писандида ба ман ато кун, [ки] бе тардид, Ту шунавандаи дуоӣ"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَنَادَتْهُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ وَهُوَ قَآئِمٌ يُصَلِّى فِى ٱلْمِحْرَابِ أَنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكَ بِيَحْيَىٰ مُصَدِّقًۢا بِكَلِمَةٍ مِّنَ ٱللَّهِ وَسَيِّدًا وَحَصُورًا وَنَبِيًّا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, дар ҳоле ки ӯ [Закариё] истода дар ибодатгоҳ намоз мехонд, фариштагон нидояш доданд, ки: "Аллоҳ таоло туро ба [вилодати] Яҳё башорат медиҳад, [ки] тасдиқкунандаи калимаи Аллоҳ таоло [Исо] аст ва [дар илму ибодат, бар қавми хеш] сарвар аст ва порсост [ба шаҳавот таваҷҷуҳе надорад] ва паёмбаре аз шоистагон аст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِى غُلَٰمٌ وَقَدْ بَلَغَنِىَ ٱلْكِبَرُ وَٱمْرَأَتِى عَاقِرٌ قَالَ كَذَٰلِكَ ٱللَّهُ يَفْعَلُ مَا يَشَآءُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Закариё] Гуфт: "Парвардигоро, чи гуна маро фарзанде хоҳад буд, ҳол он ки пирӣ ба суроғам омадаву ҳамсарам нозост"? [Аллоҳ таоло] Гуфт: "[амри офариниш] Чунин аст, [ки] Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ ٱجْعَل لِّىٓ ءَايَةً قَالَ ءَايَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ ٱلنَّاسَ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٍ إِلَّا رَمْزًا وَٱذْكُر رَّبَّكَ كَثِيرًا وَسَبِّحْ بِٱلْعَشِىِّ وَٱلْإِبْكَٰرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Закариё] Гуфт: "Парвардигоро, бароям нишонае қарор бидеҳ"; [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Нишонаат ин аст, ки се [шабона] рӯз [бидуни ин ки бемор бошӣ] ҷуз бо ишора қодир ба сухан гуфтан бо мардум нестӣ [пас, сабур бош] ва Парвардигоратро бисёр ёд кун ва шомгоҳону субҳгоҳон [Ӯро] тасбеҳ бигӯ"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قَالَتِ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ يَٰمَرْيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصْطَفَىٰكِ وَطَهَّرَكِ وَٱصْطَفَىٰكِ عَلَىٰ نِسَآءِ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: "Эй Марям, Аллоҳ таоло туро баргузида ва пок сохта ва туро [дар асри худ] бар занони ҷаҳон бартарӣ додааст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰمَرْيَمُ ٱقْنُتِى لِرَبِّكِ وَٱسْجُدِى وَٱرْكَعِى مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Марям, [ҳамвора] ибодатгари Парвардигори хеш бошу [ва барои Ӯ] саҷда бигзор ва ҳамроҳи рукуъкунандагон рукуъ кун"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ مِنْ أَنۢبَآءِ ٱلْغَيْبِ نُوحِيهِ إِلَيْكَ وَمَا كُنتَ لَدَيْهِمْ إِذْ يُلْقُونَ أَقْلَٰمَهُمْ أَيُّهُمْ يَكْفُلُ مَرْيَمَ وَمَا كُنتَ لَدَيْهِمْ إِذْ يَخْتَصِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Ин [хабар] аз хабарҳои ғайбест, ки ба ту ваҳй мекунем ва ту ҳангоме ки [уламои мазҳаби яҳуд] қаламҳои худро [барои қуръакашӣ ба об] меафканданд, то [таъйин кунанд, ки] кадом як сарпарастии Марямро ба уҳда гирад, наздашон набудӣ; ва [низ] вақте ки [ба сари ин мавзӯъ] бо якдигар кашмакаш мекарданд, канорашон ҳузур надоштӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ قَالَتِ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ يَٰمَرْيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكِ بِكَلِمَةٍ مِّنْهُ ٱسْمُهُ ٱلْمَسِيحُ عِيسَى ٱبْنُ مَرْيَمَ وَجِيهًا فِى ٱلدُّنْيَا وَٱلْـَٔاخِرَةِ وَمِنَ ٱلْمُقَرَّبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: "Эй Марям, Аллоҳ таоло туро ба калимае аз ҷониби хеш башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ – Исо ибни Марям – аст; дар ҳоле ки [ӯ] дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикони [даргоҳи илоҳӣ] аст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيُكَلِّمُ ٱلنَّاسَ فِى ٱلْمَهْدِ وَكَهْلًا وَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ дар гаҳвора [ба эъҷоз] ва дар куҳансолӣ [ба ваҳйи илоҳӣ] бо мардум сухан мегӯяд ва аз шоистагон аст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَتْ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِى وَلَدٌ وَلَمْ يَمْسَسْنِى بَشَرٌ قَالَ كَذَٰلِكِ ٱللَّهُ يَخْلُقُ مَا يَشَآءُ إِذَا قَضَىٰٓ أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Марям] Гуфт: "Парвардигоро, чи гуна фарзанде хоҳам дошт, дар ҳоле [ҳеҷ] башаре ба ман даст назадааст"? [Фаришта] Гуфт: "Аллоҳ таоло бад-ин сон ҳар чиро бихоҳад, меофаринад, [ва] ҳар гоҳ, ки иродаи чизе кунад, фақат ба он мегӯяд: "Бош", пас, он [бедиранг] мавҷуд мешавад"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيُعَلِّمُهُ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْحِكْمَةَ وَٱلتَّوْرَىٰةَ وَٱلْإِنجِيلَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ башорат дод, ки Аллоҳ таоло] ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَرَسُولًا إِلَىٰ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ أَنِّى قَدْ جِئْتُكُم بِـَٔايَةٍ مِّن رَّبِّكُمْ أَنِّىٓ أَخْلُقُ لَكُم مِّنَ ٱلطِّينِ كَهَيْـَٔةِ ٱلطَّيْرِ فَأَنفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيْرًۢا بِإِذْنِ ٱللَّهِ وَأُبْرِئُ ٱلْأَكْمَهَ وَٱلْأَبْرَصَ وَأُحْىِ ٱلْمَوْتَىٰ بِإِذْنِ ٱللَّهِ وَأُنَبِّئُكُم بِمَا تَأْكُلُونَ وَمَا تَدَّخِرُونَ فِى بُيُوتِكُمْ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لَّكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа паёмбаре ба сӯйи Бани Исроил аст, ки [ба онон мегӯяд]: "Ман аз сӯйи Парвардигоратон барои шумо нишонае овардаам: Ман аз гил бароятон [чизе] ба шакли парранда месозам; он гоҳ дар он медамам ва ба фармони Аллоҳ таоло [он гили беҷон табдил ба] паррандае мешавад; ва [ҳамчунин] ба фармони Аллоҳ таоло кӯри модарзод ва мубталоён ба песиро беҳбудӣ мебахшам ва мурдагонро зинда мекунам ва аз он чи мехуред ва дар хонаҳоятон захира мекунед, ба шумо хабар медиҳам. Мусалламан, агар имон дошта бошед, дар инҳо нишонае барои шумост [ки нубувватамро бовар кунед]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمُصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَىَّ مِنَ ٱلتَّوْرَىٰةِ وَلِأُحِلَّ لَكُم بَعْضَ ٱلَّذِى حُرِّمَ عَلَيْكُمْ وَجِئْتُكُم بِـَٔايَةٍ مِّن رَّبِّكُمْ فَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мегӯяд: "Омадаам то] тасдиқкунандаи Таврот бошам, ки пеш аз ман [нозил шуда] аст; ва [фиристода шудаам] то бархе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда буд, ҳалол кунам; ва нишонае аз тарафи Парвардигоратон барои шумо овардаам; пас, аз Аллоҳ таоло парво (ва тақво) дошта бошед ва маро итоат кунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ رَبِّى وَرَبُّكُمْ فَٱعْبُدُوهُ هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسْتَقِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки Аллоҳ таоло, Парвардигори ману Парвардигори шумост; пас, Ӯро бипарастед, [ки] роҳи рост ин аст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّآ أَحَسَّ عِيسَىٰ مِنْهُمُ ٱلْكُفْرَ قَالَ مَنْ أَنصَارِىٓ إِلَى ٱللَّهِ قَالَ ٱلْحَوَارِيُّونَ نَحْنُ أَنصَارُ ٱللَّهِ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَٱشْهَدْ بِأَنَّا مُسْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас чун Исо ба куфри онон пай бурд, гуфт: "Чи касоне ёварони ман [дар роҳи даъват] ба сӯйи Аллоҳ таоло ҳастанд"? Ҳавориюн гуфтанд: "Мо ёварони [дини] Аллоҳ таоло ҳастем; ба Аллоҳ таоло имон овардаем ва [ту низ, эй Исо] гувоҳ бош, ки мо таслим [-и Ӯ] ҳастем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبَّنَآ ءَامَنَّا بِمَآ أَنزَلْتَ وَٱتَّبَعْنَا ٱلرَّسُولَ فَٱكْتُبْنَا مَعَ ٱلشَّٰهِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро, ба он чи нозил кардаӣ, имон овардем ва аз фиристода [-и Ту] пайравӣ намудем; пас, моро дар зумраи гувоҳон [ба ҳақ ва муъминон ба паёмбарат] бинавис"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَكَرُوا۟ وَمَكَرَ ٱللَّهُ وَٱللَّهُ خَيْرُ ٱلْمَٰكِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Пас аз муддате кофирони Бани Исроил барои куштани Исо] Макр варзиданд ва Аллоҳ таоло [низ дар посухашон] макр намуд ва Аллоҳ таоло бехтарин макрангезон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ قَالَ ٱللَّهُ يَٰعِيسَىٰٓ إِنِّى مُتَوَفِّيكَ وَرَافِعُكَ إِلَىَّ وَمُطَهِّرُكَ مِنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَجَاعِلُ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوكَ فَوْقَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ ثُمَّ إِلَىَّ مَرْجِعُكُمْ فَأَحْكُمُ بَيْنَكُمْ فِيمَا كُنتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Аллоҳ таоло [ба Исо] фармуд: "Эй Исо, ман туро бармегирам ва ба сӯйи хеш боло мебарам ва туро аз [олоишу туҳмати] касоне, ки куфр варзиданд, пок мегардонам ва то рӯзи растохез касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд [ва ба Муҳаммад имон оварданд], бартар аз касоне қарор медиҳам, ки куфр варзиданд. Сипас бозгаштатон ба сӯйи ман аст; он гоҳ дар [мавриди] он чи дар он ихтилоф мекардед, миёнатон доварӣ мекунам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَأُعَذِّبُهُمْ عَذَابًا شَدِيدًا فِى ٱلدُّنْيَا وَٱلْـَٔاخِرَةِ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо касоне, ки куфр варзиданд, дар дунё ва охират ба азоби сахт муҷозоташон мекунам ва ёвароне нахоҳанд дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَيُوَفِّيهِمْ أُجُورَهُمْ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, [Аллоҳ таоло] подошашонро ба таври комил ба эшон хоҳад дод; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро дӯст намедорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ نَتْلُوهُ عَلَيْكَ مِنَ ٱلْـَٔايَٰتِ وَٱلذِّكْرِ ٱلْحَكِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Инҳо, ки [аз моҷарои Исо] бар ту мехонем, аз нишонаҳо [-и равшан аст далолаткунанда бар ростгӯии ту ва дурустии ин] андарзи ҳикматомез [Қуръон]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ مَثَلَ عِيسَىٰ عِندَ ٱللَّهِ كَمَثَلِ ءَادَمَ خَلَقَهُۥ مِن تُرَابٍ ثُمَّ قَالَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, масали Исо назди Аллоҳ таоло ҳамчун масали [офариниши] Одам аст, [ки] ӯро аз хок офариду сипас ба ӯ фармуд: "Бош"; пас, [бедиранг] мавҷуд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُن مِّنَ ٱلْمُمْتَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он чи дар бораи Исо баён кардем] Ҳақиқате аз ҷониби Парвардигори туст; пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон мабош

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَنْ حَآجَّكَ فِيهِ مِنۢ بَعْدِ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْا۟ نَدْعُ أَبْنَآءَنَا وَأَبْنَآءَكُمْ وَنِسَآءَنَا وَنِسَآءَكُمْ وَأَنفُسَنَا وَأَنفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَل لَّعْنَتَ ٱللَّهِ عَلَى ٱلْكَٰذِبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй паёмбар] ҳар ки [аз масеҳиёни Наҷрон] пас аз он донише, ки дар бораи ӯ [Исо] бароят [ҳосил] омадааст, бо ту баҳсу ҷадал кунад, [ба онҳо] бигӯ: "Биёед [ҳамагиро] фаро бихонем: писарони мову писарони шумо ва занони мову занони шумо ва худи мову шумо [низ ҳозир шавем]; сипас ба [даргоҳи илоҳӣ тазарруъ ва] дуо кунем ва лаънати Аллоҳро бар дурӯғгӯён қарор диҳем"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلْقَصَصُ ٱلْحَقُّ وَمَا مِنْ إِلَٰهٍ إِلَّا ٱللَّهُ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн ҳамон достони ҳақиқӣ [-и Масеҳ] аст ва ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Аллоҳ таоло нест ва бе гумон, Аллоҳ таоло аст, ки шикастнопазир [ва] ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِن تَوَلَّوْا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌۢ بِٱلْمُفْسِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, агар [аз сухани ҳақ] рӯй гардонанд, [бидон, ки] Аллоҳ таоло аз [ҳоли] муфсидон огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ يَٰٓأَهْلَ ٱلْكِتَٰبِ تَعَالَوْا۟ إِلَىٰ كَلِمَةٍ سَوَآءٍۭ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلَّا نَعْبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشْرِكَ بِهِۦ شَيْـًٔا وَلَا يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ ٱللَّهِ فَإِن تَوَلَّوْا۟ فَقُولُوا۟ ٱشْهَدُوا۟ بِأَنَّا مُسْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ таоло [ба парастиш] нагиранд". Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй муъминон, ба эшон] бигӯед: "Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَهْلَ ٱلْكِتَٰبِ لِمَ تُحَآجُّونَ فِىٓ إِبْرَٰهِيمَ وَمَآ أُنزِلَتِ ٱلتَّوْرَىٰةُ وَٱلْإِنجِيلُ إِلَّا مِنۢ بَعْدِهِۦٓ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим муҷодила мекунед; дар ҳоле ки Таврот ва Инҷил баъд аз ӯ нозил шудааст? Оё намеандешед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰٓأَنتُمْ هَٰٓؤُلَآءِ حَٰجَجْتُمْ فِيمَا لَكُم بِهِۦ عِلْمٌ فَلِمَ تُحَآجُّونَ فِيمَا لَيْسَ لَكُم بِهِۦ عِلْمٌ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲон! Шумо [аҳли китоб] касоне ҳастед, ки дар бораи он чи нисбат ба он огоҳӣ ва илм доштед, баҳсу ситез мекардед; пас, чаро [инак] дар мавриди чизе, ки бад-он илм надоред [ва дар китобҳоятон наёмадааст], баҳсу ситез мекунед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло [ҳақоиқи умурро] медонад ва шумо намедонед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا كَانَ إِبْرَٰهِيمُ يَهُودِيًّا وَلَا نَصْرَانِيًّا وَلَٰكِن كَانَ حَنِيفًا مُّسْلِمًا وَمَا كَانَ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИброҳим на яҳудӣ буд ва на масеҳӣ; балки ҳақгарои мусулмон буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ أَوْلَى ٱلنَّاسِ بِإِبْرَٰهِيمَ لَلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ وَهَٰذَا ٱلنَّبِىُّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَٱللَّهُ وَلِىُّ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, сазовортарин мардум ба Иброҳим ҳамон касоне ҳастанд, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд; ва [аз ҷумла] ин паёмбар [-и шумо-Муҳаммад] ва касоне, ки [мусулмонанд ва ба ӯ] имон овардаанд; ва Аллоҳ таоло [ёру] корсози муъминон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَدَّت طَّآئِفَةٌ مِّنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ لَوْ يُضِلُّونَكُمْ وَمَا يُضِلُّونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй муъминон] Гурӯҳе аз аҳли китоб орзу мекарданд, кош шуморо гумроҳ мекарданд; дар ҳоле ки ҷуз худашон [касе]–ро гумроҳ намекунанд ва [аммо] намефаҳманд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَهْلَ ٱلْكِتَٰبِ لِمَ تَكْفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَأَنتُمْ تَشْهَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй аҳли китоб, чаро ба оёти Аллоҳ таоло кофир мешавед, дар ҳоле ки худ [ба дурустии он] гувоҳӣ медиҳед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَهْلَ ٱلْكِتَٰبِ لِمَ تَلْبِسُونَ ٱلْحَقَّ بِٱلْبَٰطِلِ وَتَكْتُمُونَ ٱلْحَقَّ وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй аҳли китоб, чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқат [-и паёмбарии Муҳаммад]-ро пинҳон мекунед, дар ҳоле ки худ медонед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالَت طَّآئِفَةٌ مِّنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ ءَامِنُوا۟ بِٱلَّذِىٓ أُنزِلَ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَجْهَ ٱلنَّهَارِ وَٱكْفُرُوٓا۟ ءَاخِرَهُۥ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГурӯҳе аз [уламои] аҳли китоб [ба ҳамдигар] гуфтанд: "Дар оғози рӯз ба он чи ба муъминон нозил шудааст, имон биёваред ва дар поён [-и рӯз] кофир шавед; шояд онон [низ тардид кунанд ва аз ислом] баргарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تُؤْمِنُوٓا۟ إِلَّا لِمَن تَبِعَ دِينَكُمْ قُلْ إِنَّ ٱلْهُدَىٰ هُدَى ٱللَّهِ أَن يُؤْتَىٰٓ أَحَدٌ مِّثْلَ مَآ أُوتِيتُمْ أَوْ يُحَآجُّوكُمْ عِندَ رَبِّكُمْ قُلْ إِنَّ ٱلْفَضْلَ بِيَدِ ٱللَّهِ يُؤْتِيهِ مَن يَشَآءُ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ин ки] имон наёваред магар ба касе, ки аз дини шумо пайравӣ мекунад". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Дар ҳақиқат, ҳидоят ҳидояти Аллоҳ таоло аст. [Боз гуфтанд: "Ҳаргиз чизе ба мусулмонон наёмӯзед ва иҷозат надиҳед] ба каси он чи ба шумо додааст, дода шавад ё [далеле дар ихтиёрашон нагузоред, ки битвонанд] дар пешгоҳи Парвардигоратон бо шумо баҳс кунанд". [Эй паёмбар] Бигӯ: "Бе тардид, фазл [-у бартарӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст; онро ба ҳар ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло кушоишгари доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِۦ مَن يَشَآءُ وَٱللَّهُ ذُو ٱلْفَضْلِ ٱلْعَظِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРаҳмати хешро ба ҳар ки бихоҳад, ихтисос медиҳад; ва Аллоҳ таоло дорои бахшиши бузург [ва беандоза] аст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ مَنْ إِن تَأْمَنْهُ بِقِنطَارٍ يُؤَدِّهِۦٓ إِلَيْكَ وَمِنْهُم مَّنْ إِن تَأْمَنْهُ بِدِينَارٍ لَّا يُؤَدِّهِۦٓ إِلَيْكَ إِلَّا مَا دُمْتَ عَلَيْهِ قَآئِمًا ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا۟ لَيْسَ عَلَيْنَا فِى ٱلْأُمِّيِّـۧنَ سَبِيلٌ وَيَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلْكَذِبَ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз аҳли китоб касе ҳаст, ки агар моли фаровоне ба ӯ амонат диҳӣ, онро ба ту бозмегардонад; ва аз [миёни] онон касе ҳаст, ки агар ӯро бар диноре амин бишуморӣ, онро ба ту бознамегардонад; магар он ки пайваста бар [дарёфти] он истодагӣ кунӣ. Ин бад-он хотир аст, ки онон мегӯянд: "Дар мавриди [хурдани амволи] қавми араб, гуноҳе бар мо нест"; ва [бад-ин гуна онон] дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонанд, бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلَىٰ مَنْ أَوْفَىٰ بِعَهْدِهِۦ وَٱتَّقَىٰ فَإِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلْمُتَّقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОре, [ин кор гуноҳ аст; аммо] ҳар ки ба паймони худ вафо кунад ва парҳезгорӣ намояд, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَشْتَرُونَ بِعَهْدِ ٱللَّهِ وَأَيْمَٰنِهِمْ ثَمَنًا قَلِيلًا أُو۟لَٰٓئِكَ لَا خَلَٰقَ لَهُمْ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ وَلَا يَنظُرُ إِلَيْهِمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки паймони Аллоҳ таоло [дар бораи иҷрои аҳком] ва савгандҳои худ [дар бораи пайравӣ аз Муҳаммад]-ро ба баҳои ночизе мефурушанд, яқинан баҳрае дар охират нахоҳанд дошт ва Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат бо онон сухан намегӯяд ва ба эшон наменигарад ва онҳоро [аз гуноҳ] пок намесозад ва азоби дардноке [дар пеш] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ مِنْهُمْ لَفَرِيقًا يَلْوُۥنَ أَلْسِنَتَهُم بِٱلْكِتَٰبِ لِتَحْسَبُوهُ مِنَ ٱلْكِتَٰبِ وَمَا هُوَ مِنَ ٱلْكِتَٰبِ وَيَقُولُونَ هُوَ مِنْ عِندِ ٱللَّهِ وَمَا هُوَ مِنْ عِندِ ٱللَّهِ وَيَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلْكَذِبَ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гурӯҳе аз онон [яҳудиён] ҳастанд, ки забони худро ба [ҳангоми тиловати] китоби [Таврот] чунон мегардонанд, ки гумон мекунед, [он чи мехонанд, воқеан,] аз [матолиби он] китоб аст, дар ҳоле ки аз он китоб нест; ва [боз ба дурӯғ] мегӯянд: "Он [ҷумалот] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст"; дар сурате ки аз ҷониби Аллоҳ таоло нест ва бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, дар ҳоле ки худ [низ ҳақиқатро] медонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُؤْتِيَهُ ٱللَّهُ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْحُكْمَ وَٱلنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنَّاسِ كُونُوا۟ عِبَادًا لِّى مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِن كُونُوا۟ رَبَّٰنِيِّـۧنَ بِمَا كُنتُمْ تُعَلِّمُونَ ٱلْكِتَٰبَ وَبِمَا كُنتُمْ تَدْرُسُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБарои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Аллоҳ таоло ба ӯ китоб ва ҳукм [донишу фаҳм] ва паёмбарӣ диҳад, сипас ӯ ба мардум бигӯяд: "Ба ҷойи Аллоҳ таоло, бандагони ман бошед". Балки [сазовор аст, ки паёмбарон ба мардум бигӯянд]: "Ба хотири он, ки китоб [-и Таврот]-ро омӯзиш медодед ва аз он ҷо, ки [ақоиду аҳкоми онро ба дигарон] дарс медодед, [фақеҳону донишмандони] илоҳӣ бошед"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا يَأْمُرَكُمْ أَن تَتَّخِذُوا۟ ٱلْمَلَٰٓئِكَةَ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ أَرْبَابًا أَيَأْمُرُكُم بِٱلْكُفْرِ بَعْدَ إِذْ أَنتُم مُّسْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа на ин ки ба шумо фармон диҳад, ки фариштагон ва паёмбаронро [ба ҷойи Аллоҳ таоло] соҳибихтиёр [ба парастиш] бигиред. Оё [ин шахс] шуморо пас аз он, ки мусулмон шудед, ба куфр фармон медиҳад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ أَخَذَ ٱللَّهُ مِيثَٰقَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ لَمَآ ءَاتَيْتُكُم مِّن كِتَٰبٍ وَحِكْمَةٍ ثُمَّ جَآءَكُمْ رَسُولٌ مُّصَدِّقٌ لِّمَا مَعَكُمْ لَتُؤْمِنُنَّ بِهِۦ وَلَتَنصُرُنَّهُۥ قَالَ ءَأَقْرَرْتُمْ وَأَخَذْتُمْ عَلَىٰ ذَٰلِكُمْ إِصْرِى قَالُوٓا۟ أَقْرَرْنَا قَالَ فَٱشْهَدُوا۟ وَأَنَا۠ مَعَكُم مِّنَ ٱلشَّٰهِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз паёмбарон паймон гирифт [ва фармуд]: "Ҳар гоҳ ба шумо китобу ҳикмате додам, он гоҳ фиристодае [Муҳаммад] ба сӯятон омад, ки он чиро бо шумост, тасдиқ кард, бояд ба ӯ имон оваред ва ёриаш кунед". [Он гоҳ] Фармуд: "Оё иқрор кардед ва паймони муҳками маро дар ин бора пазируфтед"? [Онон] Гуфтанд: "Иқрор кардем". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Пас, [бар худу умматҳоятон] гувоҳ бошед ва ман [низ] бо шумо аз гувоҳонам"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَن تَوَلَّىٰ بَعْدَ ذَٰلِكَ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْفَٰسِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳар ки баъд аз ин [паймон, аз аҳди хеш] рӯй бигардонад, ононанд, ки фосиқанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَغَيْرَ دِينِ ٱللَّهِ يَبْغُونَ وَلَهُۥٓ أَسْلَمَ مَن فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ طَوْعًا وَكَرْهًا وَإِلَيْهِ يُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [кофирон, оине] ба ҷуз дини Аллоҳро меҷӯянд? Ҳол он ки ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст – хоҳ ноҳоҳ – сар ба фармони Ӯ ниҳодааст ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ عَلَيْنَا وَمَآ أُنزِلَ عَلَىٰٓ إِبْرَٰهِيمَ وَإِسْمَٰعِيلَ وَإِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ وَٱلْأَسْبَاطِ وَمَآ أُوتِىَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمْ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُۥ مُسْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бигӯ: "Ба Аллоҳ таоло ва он чи бар мо нозил шудааст, имон овардем ва [ҳамчунин ба] он чи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне, ки аз] наводагон [-и Яқуб буданд] нозил гардидааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва [дигар] паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст; миёни ҳеҷ як аз онон фарқе намегузорем ва таслими Ӯ ҳастем"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن يَبْتَغِ غَيْرَ ٱلْإِسْلَٰمِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ مِنَ ٱلْخَٰسِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки дине ғайр аз ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَيْفَ يَهْدِى ٱللَّهُ قَوْمًا كَفَرُوا۟ بَعْدَ إِيمَٰنِهِمْ وَشَهِدُوٓا۟ أَنَّ ٱلرَّسُولَ حَقٌّ وَجَآءَهُمُ ٱلْبَيِّنَٰتُ وَٱللَّهُ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧи гуна Аллоҳ таоло қавмеро ҳидоят мекунад, ки баъд аз имонашон ва [пас аз он ки] гувоҳӣ доданд ба ин ки паёмбар [-и ислом] барҳақ аст, барояшон далоили равшан омад, кофир шуданд? Ва, албатта, Аллоҳ таоло қавми ситамгорро ҳидоят намекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ جَزَآؤُهُمْ أَنَّ عَلَيْهِمْ لَعْنَةَ ٱللَّهِ وَٱلْمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلنَّاسِ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҶазояшон ин аст, ки лаънати Аллоҳ таоло ва фариштагону мардум ҳамагӣ бар онҳост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ ٱلْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنظَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он [лаънат ва азоби онон] ҷовидона боқӣ мемонанд ва на аз азобашон коста мешавад ва на муҳлат [-и узрхоҳӣ] меёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُوا۟ مِنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ وَأَصْلَحُوا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар касоне, ки пас аз он тавба карданд ва [бо дурусткорӣ, рафторашонро] ислоҳ намуданд; пас, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بَعْدَ إِيمَٰنِهِمْ ثُمَّ ٱزْدَادُوا۟ كُفْرًا لَّن تُقْبَلَ تَوْبَتُهُمْ وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلضَّآلُّونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ касоне, ки пас аз имони худ кофир шуданд ва бар куфр [-и хеш] афзуданд, ҳаргиз тавбаи онон пазируфта нахоҳад шуд ва ононанд, ки гумроҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَمَاتُوا۟ وَهُمْ كُفَّارٌ فَلَن يُقْبَلَ مِنْ أَحَدِهِم مِّلْءُ ٱلْأَرْضِ ذَهَبًا وَلَوِ ٱفْتَدَىٰ بِهِۦٓ أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки куфр варзиданд ва дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, агарчи рӯйи замин пур аз тилло бошад ва онро ба унвони фидя [ва каффораи аъмоли бади хеш] бипардозанд, ҳаргиз аз ҳеҷ як аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд ва муҷозоти дарднок [дар пеш] доранд ва ёвароне нахоҳанд дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَن تَنَالُوا۟ ٱلْبِرَّ حَتَّىٰ تُنفِقُوا۟ مِمَّا تُحِبُّونَ وَمَا تُنفِقُوا۟ مِن شَىْءٍ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй муъминон] Ҳаргиз ба [манзалату савоби] накукорӣ даст намеёбед, магар он ки аз он чи дӯст медоред, инфоқ кунед; ва бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи инфоқ мекунед, доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كُلُّ ٱلطَّعَامِ كَانَ حِلًّا لِّبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ إِلَّا مَا حَرَّمَ إِسْرَٰٓءِيلُ عَلَىٰ نَفْسِهِۦ مِن قَبْلِ أَن تُنَزَّلَ ٱلتَّوْرَىٰةُ قُلْ فَأْتُوا۟ بِٱلتَّوْرَىٰةِ فَٱتْلُوهَآ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲама ғизоҳо барои Бани Исроил ҳалол буд, магар он чи Исроил (Яъқуб) пеш аз нузули Таврот бар худ ҳаром карда буд. [Эй паёмбар, ба яҳудиён] Бигӯ: "Агар рост мегӯед [ва суханамро бовар надоред], Тавротро биёваред ва онро бихонед"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ ٱلْكَذِبَ مِنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳар ки пас аз он бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандад, ононанд, ки ситамгоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ صَدَقَ ٱللَّهُ فَٱتَّبِعُوا۟ مِلَّةَ إِبْرَٰهِيمَ حَنِيفًا وَمَا كَانَ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паймбар] Бигӯ: "Аллоҳ таоло [дар мавриди Яъқуб ва ҳар чи нозил фармудааст] рост гуфт; пас, аз оини Иброҳим пайравӣ кунед, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِى بِبَكَّةَ مُبَارَكًا وَهُدًى لِّلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, нахустин хонае, ки барои [ибодати] мардум қарор дода шуд, ҳамонест, ки дар Макка қарор дорад, ки пурбаракат ва [мояи] ҳидояти ҷаҳониён аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فِيهِ ءَايَٰتٌۢ بَيِّنَٰتٌ مَّقَامُ إِبْرَٰهِيمَ وَمَن دَخَلَهُۥ كَانَ ءَامِنًا وَلِلَّهِ عَلَى ٱلنَّاسِ حِجُّ ٱلْبَيْتِ مَنِ ٱسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِىٌّ عَنِ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он [хона], нишонаҳои равшан, [аз ҷумла] мақоми Иброҳим аст ва [дигар ин ки] ҳар ки дохили он [ҳарам] шавад, дар амон хоҳад буд; ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ таоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ таоло аз ҷаҳониён бениёз аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ يَٰٓأَهْلَ ٱلْكِتَٰبِ لِمَ تَكْفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ شَهِيدٌ عَلَىٰ مَا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, чаро ба Аллоҳ таоло куфр меварзед? Ҳол он ки Аллоҳ таоло бар он чи мекунед, гувоҳ аст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ يَٰٓأَهْلَ ٱلْكِتَٰبِ لِمَ تَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ مَنْ ءَامَنَ تَبْغُونَهَا عِوَجًا وَأَنتُمْ شُهَدَآءُ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: "Эй аҳли китоб, чаро касеро, ки имон овардааст, аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоред ва онро мунҳариф [раҳгумзадаву гумроҳшуда] мехоҳед? Дар ҳоле ки шумо [худ ба дурустии он] гувоҳед; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِن تُطِيعُوا۟ فَرِيقًا مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ يَرُدُّوكُم بَعْدَ إِيمَٰنِكُمْ كَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, агар аз гурӯҳе аз аҳли китоб итоат кунед, шуморо пас аз имонатон ба куфр бозмегардонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَيْفَ تَكْفُرُونَ وَأَنتُمْ تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ وَفِيكُمْ رَسُولُهُۥ وَمَن يَعْتَصِم بِٱللَّهِ فَقَدْ هُدِىَ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чи гуна шумо кофир мешавед, дар ҳоле ки оёти Аллоҳ таоло бар шумо хонда мешавад ва паёмбараш миёни шумост? Ва ҳар ки ба [китоби] Аллоҳ таоло [ва суннати паёмбараш] тамассук ҷӯяд, ҳатман, ба роҳи рост ҳидоят шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِۦ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло – он гуна ки шоистаи парво кардан [тарсидан] аз Ӯст – парво кунед [битарсед] ва ҷуз дар мусулмонӣ намиред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱعْتَصِمُوا۟ بِحَبْلِ ٱللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا۟ وَٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتَ ٱللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنتُمْ أَعْدَآءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِۦٓ إِخْوَٰنًا وَكُنتُمْ عَلَىٰ شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ ٱلنَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنْهَا كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمْ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамагӣ ба ресмони Аллоҳ таоло [Қуръону Суннат] чанг занед ва пароканда нашавед; ва неъмати [бузурги] Аллоҳро бар худ ба ёд оред, ки чи гуна душмани якдигар будед ва ӯ миёни дилҳоятон улфат эҷод кард ва ба [лутфу баракати] неъматаш бародар шудед; ва [пеш аз он ба хотири куфратон] бар остонаи партгоҳи оташ будед, [ки] Аллоҳ таоло шуморо аз он наҷот дод. Аллоҳ таоло, инчунин, оёти худро бароятон ошкор месозад; бошад, ки ҳидоят ёбед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلْتَكُن مِّنكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى ٱلْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِٱلْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ ٱلْمُنكَرِ وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй муъминон] бояд гувоҳе аз шумо бошанд, ки [мардумро] ба кор [-ҳои] шоиста [ки ақлу дин меписандад] водоранд ва аз зиштӣ боздоранд; ва ононанд, ки растагоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَكُونُوا۟ كَٱلَّذِينَ تَفَرَّقُوا۟ وَٱخْتَلَفُوا۟ مِنۢ بَعْدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلْبَيِّنَٰتُ وَأُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа монанди касоне набошед, ки пас аз он ки далоили равшан барояшон омад, пароканда шуданд ва ихтилоф карданд. Онон азоби бузург [дар пеш] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ تَبْيَضُّ وُجُوهٌ وَتَسْوَدُّ وُجُوهٌ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ٱسْوَدَّتْ وُجُوهُهُمْ أَكَفَرْتُم بَعْدَ إِيمَٰنِكُمْ فَذُوقُوا۟ ٱلْعَذَابَ بِمَا كُنتُمْ تَكْفُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки чеҳраҳое сапед ва чеҳраҳое сиёҳ мегардад; аммо [ба] онон, ки чеҳраҳояшон сиёҳ шудааст [гуфта мешавад]: "Оё баъд аз имонатон кофир шудед? Пас, ба сабаби он чи куфр меварзидед, азобро бичашед"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ٱبْيَضَّتْ وُجُوهُهُمْ فَفِى رَحْمَةِ ٱللَّهِ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо онон, ки чеҳраҳояшон сапед гаштааст, дар раҳмати Аллоҳ таоло [дар биҳишти барин] ҷой мегиранд ва дар он ҷовидонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تِلْكَ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ نَتْلُوهَا عَلَيْكَ بِٱلْحَقِّ وَمَا ٱللَّهُ يُرِيدُ ظُلْمًا لِّلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Инҳо оёти Аллоҳ таоло аст, ки онро ба ҳақ бар ту мехонем; ва Аллоҳ таоло [ҳеҷ гоҳ] ситаме барои ҷаҳониён намехоҳад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرْجَعُ ٱلْأُمُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва [ҳама] корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كُنتُمْ خَيْرَ أُمَّةٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِٱلْمَعْرُوفِ وَتَنْهَوْنَ عَنِ ٱلْمُنكَرِ وَتُؤْمِنُونَ بِٱللَّهِ وَلَوْ ءَامَنَ أَهْلُ ٱلْكِتَٰبِ لَكَانَ خَيْرًا لَّهُم مِّنْهُمُ ٱلْمُؤْمِنُونَ وَأَكْثَرُهُمُ ٱلْفَٰسِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй уммати Муҳаммад] Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум падидор шудаед: Ба кори нек фармон медиҳед ва аз кори нописанд бозмедоред ва ба Аллоҳ таоло имон доред; ва агар аҳли китоб [низ] имон меоварданд, ҳатман, барояшон беҳтар буд; бархе аз онон муъминанд ва [аммо] бештарашон [фосиқу] нофармонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَن يَضُرُّوكُمْ إِلَّآ أَذًى وَإِن يُقَٰتِلُوكُمْ يُوَلُّوكُمُ ٱلْأَدْبَارَ ثُمَّ لَا يُنصَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фосиқони аҳли китоб] Ҷуз озори андак [ҳамчун таъна ва тамасхур] ҳаргиз зиёне ба шумо нахоҳанд расонд ва агар бо шумо биҷанганд, [шикаст мехӯранд ва] ба шумо пушт мекунанд; он гоҳ [низ аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ ٱلذِّلَّةُ أَيْنَ مَا ثُقِفُوٓا۟ إِلَّا بِحَبْلٍ مِّنَ ٱللَّهِ وَحَبْلٍ مِّنَ ٱلنَّاسِ وَبَآءُو بِغَضَبٍ مِّنَ ٱللَّهِ وَضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ ٱلْمَسْكَنَةُ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَانُوا۟ يَكْفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقْتُلُونَ ٱلْأَنۢبِيَآءَ بِغَيْرِ حَقٍّ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَوا۟ وَّكَانُوا۟ يَعْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Яҳудиён] Ҳар куҷо ёфт шаванд, [доғи нангу] хорӣ бар онон зада шудааст; магар он ки дар паноҳи амони Аллоҳ таоло ва мардум бошанд; ва онон ба хашме аз Аллоҳ таоло гирифтор шудаанд ва [доғи] дармондагӣ бар онон зада шудааст. Ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд; [ва низ] ин [сазо] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва аз ҳудуд [-и илоҳӣ] таҷовуз менамуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَيْسُوا۟ سَوَآءً مِّنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ أُمَّةٌ قَآئِمَةٌ يَتْلُونَ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ ءَانَآءَ ٱلَّيْلِ وَهُمْ يَسْجُدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Вале ҳамаи онон] Яксон нестанд. Гурӯҳе аз аҳли китоб ҳастанд, ки дурусткоранд, [ва] дар дили шаб, дар ҳоле ки ба намоз истодаанд, оёти Аллоҳро мехонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُؤْمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ وَيَأْمُرُونَ بِٱلْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ ٱلْمُنكَرِ وَيُسَٰرِعُونَ فِى ٱلْخَيْرَٰتِ وَأُو۟لَٰٓئِكَ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бархе аз] Онон ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доранд ва [мардумро] ба некӣ амр мекунанд ва аз бадӣ бозмедоранд ва дар [анҷоми] корҳои нек мешитобанд ва ононанд, ки аз шоистагонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يَفْعَلُوا۟ مِنْ خَيْرٍ فَلَن يُكْفَرُوهُ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِٱلْمُتَّقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар кори неке, ки анҷом диҳанд, ҳаргиз дар бораи он носипосӣ нахоҳанд дид; ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] парҳезгорон доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَن تُغْنِىَ عَنْهُمْ أَمْوَٰلُهُمْ وَلَآ أَوْلَٰدُهُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيْـًٔا وَأُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلنَّارِ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон касоне, ки куфр варзиданд, ҳаргиз амволу фарзандонашон чизе аз [азоби] Аллоҳро аз эшон дафъ нахоҳад кард ва онон аҳли оташанд [ва] ҷовидона дар он мемонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَثَلُ مَا يُنفِقُونَ فِى هَٰذِهِ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا كَمَثَلِ رِيحٍ فِيهَا صِرٌّ أَصَابَتْ حَرْثَ قَوْمٍ ظَلَمُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ فَأَهْلَكَتْهُ وَمَا ظَلَمَهُمُ ٱللَّهُ وَلَٰكِنْ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМасали он чи [кофирон] дар ин зиндагии дунё инфоқ мекунанд, ҳаммонанди боде аст, ки сармои сахте бо худ дорад ва ба киштзори қавме, ки бар худ ситам кардаанд, мерасад ва нобудашон месозад. Аллоҳ таоло ба онон ситам накардааст, балки эшон худ бар хештан ситам кардаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَتَّخِذُوا۟ بِطَانَةً مِّن دُونِكُمْ لَا يَأْلُونَكُمْ خَبَالًا وَدُّوا۟ مَا عَنِتُّمْ قَدْ بَدَتِ ٱلْبَغْضَآءُ مِنْ أَفْوَٰهِهِمْ وَمَا تُخْفِى صُدُورُهُمْ أَكْبَرُ قَدْ بَيَّنَّا لَكُمُ ٱلْـَٔايَٰتِ إِن كُنتُمْ تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, аз ғайри худатон [дӯсту] ҳамроз нагиред. Онон аз ҳеҷ нобакорӣ [ва шарре] дар ҳаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд [ва] дӯст доранд, ки шумо дар ранҷу заҳмат бошед. Дар ҳақиқат, [нишонаҳои] душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он чи дар дилҳояшон пинҳон медоранд бузургтар аст. Агар бияндешед, ҳатман, [хоҳед донист, ки] мо нишонаҳо [-и пандомӯз ва роҳи саодати дунё ва охират]-ро бароятон ба равшанӣ баён кардаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰٓأَنتُمْ أُو۟لَآءِ تُحِبُّونَهُمْ وَلَا يُحِبُّونَكُمْ وَتُؤْمِنُونَ بِٱلْكِتَٰبِ كُلِّهِۦ وَإِذَا لَقُوكُمْ قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَوْا۟ عَضُّوا۟ عَلَيْكُمُ ٱلْأَنَامِلَ مِنَ ٱلْغَيْظِ قُلْ مُوتُوا۟ بِغَيْظِكُمْ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲон! Шумо [эй муъминон] касоне ҳастед, ки ононро дӯст доред, дар ҳоле ки онҳо шуморо дӯст надоранд ва шумо ба ҳама китоб [-ҳои осмонӣ] имон доред [вале онон ба Қуръон имон надоранд]; ва чун бо шумо мулоқот мекунанд, мегӯянд: "Имон овардаем" ва чун танҳо мешаванд, аз шиддати хашм бар шумо сарангуштон [-и худ]-ро ба дандон мегазанд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ба хашми худ бимиред". Бе гумон, Аллоҳ таоло ба [рози] даруни синаҳо доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن تَمْسَسْكُمْ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ وَإِن تُصِبْكُمْ سَيِّئَةٌ يَفْرَحُوا۟ بِهَا وَإِن تَصْبِرُوا۟ وَتَتَّقُوا۟ لَا يَضُرُّكُمْ كَيْدُهُمْ شَيْـًٔا إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй муъминон] Агар ба шумо некӣ [ва хушӣ] расад, ононро андӯҳгин месозад ва агар ба шумо бадӣ [ва газанде] расад, бад-он шодмон мешаванд; ва агар [бар тақдири илоҳӣ] сабру парҳезгорӣ намоед, макру найрангашон ҳеҷ зиёне ба шумо намерасонад, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, иҳота дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ غَدَوْتَ مِنْ أَهْلِكَ تُبَوِّئُ ٱلْمُؤْمِنِينَ مَقَٰعِدَ لِلْقِتَالِ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар, ба ёд овар] замоне, ки [дар ҷанги Уҳуд] бомдодон аз хона ва кошонаат берун омадӣ, [ва] муъминонро барои ҷангидан дар мавозеи худ мегуморидӣ; ва Аллоҳ таоло шунавову доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ هَمَّت طَّآئِفَتَانِ مِنكُمْ أَن تَفْشَلَا وَٱللَّهُ وَلِيُّهُمَا وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ба ёд овар] ҳангоме ки ду гурӯҳ аз шумо [Бани Салама ва Бани Ҳориса] хостанд сустӣ варзанд [ва ҳамроҳи мунофиқон ба Мадина бозгарданд]; вале Аллоҳ таоло ёвар [-у нигаҳдор]-и онон буд; ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ نَصَرَكُمُ ٱللَّهُ بِبَدْرٍ وَأَنتُمْ أَذِلَّةٌ فَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй муъминон] бе гумон, Аллоҳ таоло шуморо дар [ҷанги] Бадр дар ҳоле ёрӣ кард, ки [ба сабаби камбуди афрод ва аслиҳа] нотавон будед; пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки сипос гузоред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ تَقُولُ لِلْمُؤْمِنِينَ أَلَن يَكْفِيَكُمْ أَن يُمِدَّكُمْ رَبُّكُم بِثَلَٰثَةِ ءَالَٰفٍ مِّنَ ٱلْمَلَٰٓئِكَةِ مُنزَلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, ба ёд овар] он гоҳ ки ба муъминон мегуфтӣ: "Оё бароятон кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо бо се ҳазор фаришта, ки [аз осмон] фуруд меоянд, ёрӣ кунад"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلَىٰٓ إِن تَصْبِرُوا۟ وَتَتَّقُوا۟ وَيَأْتُوكُم مِّن فَوْرِهِمْ هَٰذَا يُمْدِدْكُمْ رَبُّكُم بِخَمْسَةِ ءَالَٰفٍ مِّنَ ٱلْمَلَٰٓئِكَةِ مُسَوِّمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОре, агар шикебоиву порсоӣ кунед ва душманон дар ин [ҳаяҷон ва] шитоби хеш бар шумо битозанд, Парвардигоратон шуморо бо панҷ ҳазор фариштаи нишондор ёрӣ хоҳад кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا جَعَلَهُ ٱللَّهُ إِلَّا بُشْرَىٰ لَكُمْ وَلِتَطْمَئِنَّ قُلُوبُكُم بِهِۦ وَمَا ٱلنَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِندِ ٱللَّهِ ٱلْعَزِيزِ ٱلْحَكِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Аллоҳ таоло он [ёрӣ]-ро ҷуз башорате барои [пирӯзии] шумо қарор надод, то [бад-ин васила] дилҳоятон бад-он оромиш гирад; ва [-гарна] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазиру ҳаким нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِيَقْطَعَ طَرَفًا مِّنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَوْ يَكْبِتَهُمْ فَيَنقَلِبُوا۟ خَآئِبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин пирӯзӣ барои он буд] То [Аллоҳ таоло] гурӯҳе аз касонеро, ки куфр варзиданд, ҳалок созад, ё хору мағлубашон намояд, то маъюс [ва хор ба Макка] бозгарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَيْسَ لَكَ مِنَ ٱلْأَمْرِ شَىْءٌ أَوْ يَتُوبَ عَلَيْهِمْ أَوْ يُعَذِّبَهُمْ فَإِنَّهُمْ ظَٰلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Ҳеҷ чизе аз кор [-и бандагон] дар дасти ту нест; ё [Аллоҳ таоло] тавбаи онон [мушрикон]-ро мепазирад [ва аз гуноҳашон дармегузарад] ё азобашон мекунад; зеро онон ситамгоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ يَغْفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ ҳар киро, ки бихоҳад [ба раҳмат] меомурзад ва ҳар киро бихоҳад [ба адолат] азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَأْكُلُوا۟ ٱلرِّبَوٰٓا۟ أَضْعَٰفًا مُّضَٰعَفَةً وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, риборо [бо суди] чанд баробар нахӯред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки растагор шавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱتَّقُوا۟ ٱلنَّارَ ٱلَّتِىٓ أُعِدَّتْ لِلْكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст, бипарҳезед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз Аллоҳу паёмбар итоат кунед; бошад, ки мавриди раҳмат [-и Аллоҳ таоло] қарор гиред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَسَارِعُوٓا۟ إِلَىٰ مَغْفِرَةٍ مِّن رَّبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلْأَرْضُ أُعِدَّتْ لِلْمُتَّقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба сӯйи омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште бишитобед, ки густура [паҳно]-и он [ба андозаи] осмонҳо ва замин аст [ва] барои парҳезгорон муҳайё шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ فِى ٱلسَّرَّآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَٱلْكَٰظِمِينَ ٱلْغَيْظَ وَٱلْعَافِينَ عَنِ ٱلنَّاسِ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلْمُحْسِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн касоне, ки дар [ҳангоми] тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашми худро фурӯ мебаранд ва аз мардум дармегузаранд; ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا۟ فَٰحِشَةً أَوْ ظَلَمُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ ذَكَرُوا۟ ٱللَّهَ فَٱسْتَغْفَرُوا۟ لِذُنُوبِهِمْ وَمَن يَغْفِرُ ٱلذُّنُوبَ إِلَّا ٱللَّهُ وَلَمْ يُصِرُّوا۟ عَلَىٰ مَا فَعَلُوا۟ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳамон] касоне, ки чун муртакиб [-и гуноҳи бузург ва] кори зиште шуданд ё [бо анҷоми дигар гуноҳон] бар худ ситам карданд, Аллоҳро ба ёд меоваранд ва барои гуноҳонашон омурзиш мехоҳанд – ва ҷуз Аллоҳ таоло чи касе гуноҳонро меомурзад? – Ва бар он чи кардаанд пофишорӣ намекунанд, дар ҳоле ки медонанд [гунаҳкоранд ва Аллоҳ таоло бахшоянда ва тавбапазир аст]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ جَزَآؤُهُم مَّغْفِرَةٌ مِّن رَّبِّهِمْ وَجَنَّٰتٌ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَنِعْمَ أَجْرُ ٱلْعَٰمِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПодоши эшон омурзише аз [ҷониби] Парвардигорашон аст ва боғҳое, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҷовидона дар он мемонанд; ва подоши [накукорон ва] аҳли амал чӣ накуст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِكُمْ سُنَنٌ فَسِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَٱنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُكَذِّبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй осебдидагони Уҳуд] Бе тардид, пеш аз шумо [низ миллатҳо ва] суннатҳое гузаштааст; пас, дар замин бигардед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чи гуна будааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذَا بَيَانٌ لِّلنَّاسِ وَهُدًى وَمَوْعِظَةٌ لِّلْمُتَّقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [Қуръон] баёни ошкор барои мардум ва ҳидояту андарзе барои парҳезгорон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَهِنُوا۟ وَلَا تَحْزَنُوا۟ وَأَنتُمُ ٱلْأَعْلَوْنَ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй муъминон, аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ таоло] суст нашавед ва андӯҳгин нагардед; ва [бидонед, ки] агар имон дошта бошед, шумо бартаред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن يَمْسَسْكُمْ قَرْحٌ فَقَدْ مَسَّ ٱلْقَوْمَ قَرْحٌ مِّثْلُهُۥ وَتِلْكَ ٱلْأَيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيْنَ ٱلنَّاسِ وَلِيَعْلَمَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَيَتَّخِذَ مِنكُمْ شُهَدَآءَ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар [дар Уҳуд] ба шумо газанде расид, ба душманони шумо низ [дар ҷанги Бадр ба ҳамон шакл] осеб расид [пас, муқовимат кунед]. Мо ин рӯзҳо [-и шикасту пирӯзӣ]-ро миёни мардум мегардонем, то Аллоҳ таоло, муъминон [-и воқеӣ]-ро маълум дорад ва аз шумо муъминон [онеро, ки собитқадам аст] бар дигарон гувоҳ гирад; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро дӯст намедорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِيُمَحِّصَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَيَمْحَقَ ٱلْكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [моҷарои Уҳуд василаи имтиҳон буд] то Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд [аз гуноҳонашон пок кунад] ва холис гардонад ва кофиронро нобуд созад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ حَسِبْتُمْ أَن تَدْخُلُوا۟ ٱلْجَنَّةَ وَلَمَّا يَعْلَمِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ جَٰهَدُوا۟ مِنكُمْ وَيَعْلَمَ ٱلصَّٰبِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй асҳоби Муҳаммад], оё пиндоштаед, ки [танҳо бо иддаои имон] ба биҳишт меравед, ҳол он ки Аллоҳ таоло ҳанӯз ҷиҳодгарону шикебоёни шуморо маълум надоштааст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ كُنتُمْ تَمَنَّوْنَ ٱلْمَوْتَ مِن قَبْلِ أَن تَلْقَوْهُ فَقَدْ رَأَيْتُمُوهُ وَأَنتُمْ تَنظُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй муъминон] ба ростӣ, ки пеш аз рӯёрӯ шудан бо марг [дар ғазваи Уҳуд] орзуи шаҳодат доштед. Саранҷом он [маъракаи ҷанг]-ро дидед ва [акнун пешорӯйи шумост ва] ба он менигаред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِ ٱلرُّسُلُ أَفَإِي۟ن مَّاتَ أَوْ قُتِلَ ٱنقَلَبْتُمْ عَلَىٰٓ أَعْقَٰبِكُمْ وَمَن يَنقَلِبْ عَلَىٰ عَقِبَيْهِ فَلَن يَضُرَّ ٱللَّهَ شَيْـًٔا وَسَيَجْزِى ٱللَّهُ ٱلشَّٰكِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Муҳаммад ҷуз фиристодае нест, ки пеш аз ӯ [низ] фиристодагоне [буданд ва] гузаштанд. Оё агар ӯ бимирад ё кушта шавад, ба ақиб бозмегардед [ва дини худро раҳо мекунед]? Ва ҳар ки [аз ақидаи ростини худ] бозгардад, [бидонад, ки] ҳаргиз ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонад ва [ба зудӣ] Аллоҳ таоло сипосгузоронро подош хоҳад дод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا كَانَ لِنَفْسٍ أَن تَمُوتَ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ كِتَٰبًا مُّؤَجَّلًا وَمَن يُرِدْ ثَوَابَ ٱلدُّنْيَا نُؤْتِهِۦ مِنْهَا وَمَن يُرِدْ ثَوَابَ ٱلْـَٔاخِرَةِ نُؤْتِهِۦ مِنْهَا وَسَنَجْزِى ٱلشَّٰكِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ касе ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло намемирад, [чаро ки марг] сарнавиште аст замондор [ва муайян]; ва ҳар ки подоши ин дунёро бихоҳад, насибаш мекунем ва ҳар ки подоши охиратро бихоҳад [низ] насибаш хоҳем кард ва [ба зудӣ] сипосгузоронро подош хоҳем дод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَأَيِّن مِّن نَّبِىٍّ قَٰتَلَ مَعَهُۥ رِبِّيُّونَ كَثِيرٌ فَمَا وَهَنُوا۟ لِمَآ أَصَابَهُمْ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَمَا ضَعُفُوا۟ وَمَا ٱسْتَكَانُوا۟ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلصَّٰبِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чи бисёр паёмбароне, ки тӯдаҳои анбӯҳе ҳамроҳашон набард карданд; онон ҳеҷ гоҳ дар баробари [сахтиҳо ва] он чи, ки дар роҳи Аллоҳ таоло ба эшон расид, сустӣ наварзиданд ва [дар муқобили душман] дармонда нашуданд; ва Аллоҳ таоло шикебоёнро дӯст медорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا كَانَ قَوْلَهُمْ إِلَّآ أَن قَالُوا۟ رَبَّنَا ٱغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا فِىٓ أَمْرِنَا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَٱنصُرْنَا عَلَى ٱلْقَوْمِ ٱلْكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа суханашон танҳо ин буд, ки: "Парвардигоро, гуноҳонамонро биёмурз ва аз зиёдаравии мо дар корамон [даргузар] ва гомҳоямонро устувор бидор ва моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَـَٔاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ ثَوَابَ ٱلدُّنْيَا وَحُسْنَ ثَوَابِ ٱلْـَٔاخِرَةِ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلْمُحْسِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас Аллоҳ таоло, подоши ин дунё ва подоши неки охиратро ба онон ато кард; ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِن تُطِيعُوا۟ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ يَرُدُّوكُمْ عَلَىٰٓ أَعْقَٰبِكُمْ فَتَنقَلِبُوا۟ خَٰسِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, агар аз касоне, ки куфр варзидаанд, итоат кунед, шуморо [ба куфр] бозмегардонанд, онгоҳ [дар дунё ва охират] зиёндида мегардед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلِ ٱللَّهُ مَوْلَىٰكُمْ وَهُوَ خَيْرُ ٱلنَّٰصِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бар кофирон такя накунед], балки Аллоҳ таоло [ёру] корсози шумост ва Ӯ беҳтарин ёригарон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَنُلْقِى فِى قُلُوبِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ ٱلرُّعْبَ بِمَآ أَشْرَكُوا۟ بِٱللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِۦ سُلْطَٰنًا وَمَأْوَىٰهُمُ ٱلنَّارُ وَبِئْسَ مَثْوَى ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа зудӣ дар дилҳои касоне, ки куфр варзиданд, биму ҳарос хоҳем афканд; бад-ин хотир, ки чизеро шарики Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст; ва ҷойгоҳашон оташ аст ва ҷойгоҳи ситамгорон чӣ бад аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ صَدَقَكُمُ ٱللَّهُ وَعْدَهُۥٓ إِذْ تَحُسُّونَهُم بِإِذْنِهِۦ حَتَّىٰٓ إِذَا فَشِلْتُمْ وَتَنَٰزَعْتُمْ فِى ٱلْأَمْرِ وَعَصَيْتُم مِّنۢ بَعْدِ مَآ أَرَىٰكُم مَّا تُحِبُّونَ مِنكُم مَّن يُرِيدُ ٱلدُّنْيَا وَمِنكُم مَّن يُرِيدُ ٱلْـَٔاخِرَةَ ثُمَّ صَرَفَكُمْ عَنْهُمْ لِيَبْتَلِيَكُمْ وَلَقَدْ عَفَا عَنكُمْ وَٱللَّهُ ذُو فَضْلٍ عَلَى ٱلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки [дар оғози ҷанги Уҳуд] ба фармони Ӯ онон [кофирон]-ро мекуштед, ба ростӣ, Аллоҳ таоло ваъдаи худро ба шумо таҳаққуқ бахшид, то [тарсидед ва дар ҳифзи мавқеияти худ] суст шудед ва дар кор [-и ҷангу ҷамъоварии ғанимат] бо якдигар ба низоъ пардохтед; ва пас аз он ки [Аллоҳ таоло] он чиро дӯст медоштед [пирӯзӣ], ба шумо нишон дод, [аз дастури паёмбар] сарпечӣ кардед; бархе аз шумо хоҳони дунё буданд ва бархе хоҳони охират. Сипас [Аллоҳ таоло] барои он ки шуморо биёзмояд, аз [таъқиби] онон мунсариф [рӯгардон]-атон атон кард [ва пирӯзиятон ба шикаст анҷомид] ва [чун аз гуноҳ ва кӯтоҳии худ дар нофармонӣ аз расул пушаймон шудед] аз шумо даргузашт; ва Аллоҳ таоло нисбат ба муъминон бахшоиш [-и бисёр] дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ تُصْعِدُونَ وَلَا تَلْوُۥنَ عَلَىٰٓ أَحَدٍ وَٱلرَّسُولُ يَدْعُوكُمْ فِىٓ أُخْرَىٰكُمْ فَأَثَٰبَكُمْ غَمًّۢا بِغَمٍّ لِّكَيْلَا تَحْزَنُوا۟ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمْ وَلَا مَآ أَصَٰبَكُمْ وَٱللَّهُ خَبِيرٌۢ بِمَا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй муъминон, ба ёд оваред] ҳангоме ки [дар ҳоли гурез аз кӯҳ] боло мерафтед ва [чунон тарсида будед, ки] ба ҳеҷ кас таваҷҷуҳ намекардед ва паёмбар [ки дар майдони ҷанг муқовимат мекард] аз пушти саратон шуморо садо мезад [ки: "Эй бандагони Аллоҳ таоло, ба сӯйи ман бишитобед"; вале шумо таваҷҷуҳ намекардед]; пас, [Аллоҳ таоло низ] бо андӯҳе дар пайи андӯҳи [дигар] муҷозотатон кард. Ин бад-ин хотир буд, ки бар он чи аз даст додаед [пирӯзӣ ва ғанимат] ва он чи бар саратон омадааст [шикасту тарс], андӯҳгин нашавед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَنزَلَ عَلَيْكُم مِّنۢ بَعْدِ ٱلْغَمِّ أَمَنَةً نُّعَاسًا يَغْشَىٰ طَآئِفَةً مِّنكُمْ وَطَآئِفَةٌ قَدْ أَهَمَّتْهُمْ أَنفُسُهُمْ يَظُنُّونَ بِٱللَّهِ غَيْرَ ٱلْحَقِّ ظَنَّ ٱلْجَٰهِلِيَّةِ يَقُولُونَ هَل لَّنَا مِنَ ٱلْأَمْرِ مِن شَىْءٍ قُلْ إِنَّ ٱلْأَمْرَ كُلَّهُۥ لِلَّهِ يُخْفُونَ فِىٓ أَنفُسِهِم مَّا لَا يُبْدُونَ لَكَ يَقُولُونَ لَوْ كَانَ لَنَا مِنَ ٱلْأَمْرِ شَىْءٌ مَّا قُتِلْنَا هَٰهُنَا قُل لَّوْ كُنتُمْ فِى بُيُوتِكُمْ لَبَرَزَ ٱلَّذِينَ كُتِبَ عَلَيْهِمُ ٱلْقَتْلُ إِلَىٰ مَضَاجِعِهِمْ وَلِيَبْتَلِىَ ٱللَّهُ مَا فِى صُدُورِكُمْ وَلِيُمَحِّصَ مَا فِى قُلُوبِكُمْ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас [Аллоҳ таоло] баъд аз он андӯҳ оромише бар шумо фурӯ фиристод, [ба гунае] ки гурӯҳе аз шуморо [ба сабаби итминону оромише, ки дар дилҳояшон буд] хоби сабук фаро гирифт ва гурӯҳи дигар [мунофиқин] танҳо дар фикри ҷони худ буданд ва дар бораи Аллоҳ таоло гумонҳои нораво [ва ботиле] ҳамчун гумонҳои [даврони] ҷоҳилият доштанд. Онон мегуфтанд: "Оё мо дар ин кор ихтиёре дорем"? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳамаи корҳо [ва шикасту пирӯзӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст". Онҳо чизеро дар дилҳояшон пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, [ва] мегӯянд: "Агар дар ин кор ихтиёр доштем, дар ин ҷо кушта намешудем". Бигӯ: "Агар шумо дар хонаҳои худ низ будед, касоне, ки кушта шудан бар онон муқаррар шуда буд, ҳатман, [бо пойи худ] ба сӯйи қатлгоҳҳои хеш мерафтанд". Ва [ин рӯйдодҳо] барои он аст, ки Аллоҳ таоло он чиро дар синаҳоятон [пинҳон] доред [дар амал] биёзмояд ва он чиро дар дилҳоятон аст, пок гардонад; ва Аллоҳ таоло ба [рози] даруни синаҳо доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ تَوَلَّوْا۟ مِنكُمْ يَوْمَ ٱلْتَقَى ٱلْجَمْعَانِ إِنَّمَا ٱسْتَزَلَّهُمُ ٱلشَّيْطَٰنُ بِبَعْضِ مَا كَسَبُوا۟ وَلَقَدْ عَفَا ٱللَّهُ عَنْهُمْ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ حَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй асҳоби паёмбар] Афроде аз шумо, ки дар рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [мусулмонон ва кофирон дар ҷанги Уҳуд] фирор карданд, дар ҳақиқат шайтон ононро ба сабаби баъзе аз кирдор [ва гуноҳон]-е, ки муртакиб шуда буданд, ба инҳироф кашонд ва, ҳатман, Аллоҳ таоло аз онон даргузашт. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَكُونُوا۟ كَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَقَالُوا۟ لِإِخْوَٰنِهِمْ إِذَا ضَرَبُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ أَوْ كَانُوا۟ غُزًّى لَّوْ كَانُوا۟ عِندَنَا مَا مَاتُوا۟ وَمَا قُتِلُوا۟ لِيَجْعَلَ ٱللَّهُ ذَٰلِكَ حَسْرَةً فِى قُلُوبِهِمْ وَٱللَّهُ يُحْىِۦ وَيُمِيتُ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, монанди афроде набошед, ки куфр варзиданд ва дар бораи бародаронашон – ҳангоме ки [дар пайи касби рӯзӣ] ба сафар рафтанд [ва мурданд] ё дар ҷанг ширкат карданд [ва кушта шуданд] – гуфтанд: "Агар онон назди мо буданд, намемурданд ва кушта намешуданд". [Ин эътиқод дар вуҷудашон ниҳода шуд] То Аллоҳ таоло [бад-ин гуна андӯҳ ва] ҳасрате дар дилҳояшон карор диҳад; ва Аллоҳ таоло [аст, ки] зинда мекунад ва мемиронад; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِن قُتِلْتُمْ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ أَوْ مُتُّمْ لَمَغْفِرَةٌ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَحْمَةٌ خَيْرٌ مِّمَّا يَجْمَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шавед ё бимиред, ҳатман, омурзиш ва раҳмати Аллоҳ таоло беҳтар аст аз чизе [ки] онон [дунёдӯстон] ҷамъ мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِن مُّتُّمْ أَوْ قُتِلْتُمْ لَإِلَى ٱللَّهِ تُحْشَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар бимиред ё [дар арсаи ҷиҳод] кушта шавед, яқинан ба сӯйи Аллоҳ таоло маҳшур мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ ٱللَّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ ٱلْقَلْبِ لَٱنفَضُّوا۟ مِنْ حَوْلِكَ فَٱعْفُ عَنْهُمْ وَٱسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِى ٱلْأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى ٱللَّهِ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلْمُتَوَكِّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Ба [сабаби] раҳмати илоҳӣ аст, ки ту бо онон [асҳоб] нармхӯ [ва меҳрубон] шудӣ; ва агар тундхӯ ва сангдил будӣ, ҳатман, аз атрофат пароканда мешуданд; пас, аз эшон даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онон машварат кун ва он гоҳ ки тасмим [бар анҷоми коре] гирифтӣ, бар Аллоҳ таоло таваккал кун; [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло таваккалкунандагонро дӯст медорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن يَنصُرْكُمُ ٱللَّهُ فَلَا غَالِبَ لَكُمْ وَإِن يَخْذُلْكُمْ فَمَن ذَا ٱلَّذِى يَنصُرُكُم مِّنۢ بَعْدِهِۦ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар Аллоҳ таоло шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо пирӯз нахоҳад шуд ва [аммо] агар шуморо ба худ вогузорад, кист, ки пас аз Ӯ ёриатон кунад? Ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا كَانَ لِنَبِىٍّ أَن يَغُلَّ وَمَن يَغْلُلْ يَأْتِ بِمَا غَلَّ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа сазовор нест ҳеҷ паёмбаре [бо гирифтани саҳми изофӣ аз ғаноим ба асҳобаш] хиёнат кунад; ва ҳар ки хиёнат кунад, рӯзи қиёмат, бо он чи [дар он] хиёнат кардааст, меояд; сипас ба ҳар кас подоши ҳар чи [аз неку бад] кардааст, ба таври комил дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَمَنِ ٱتَّبَعَ رِضْوَٰنَ ٱللَّهِ كَمَنۢ بَآءَ بِسَخَطٍ مِّنَ ٱللَّهِ وَمَأْوَىٰهُ جَهَنَّمُ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касе, ки хушнудии Аллоҳро металабад, ҳаммонанди касест, ки ба хашме аз Аллоҳ таоло дучор шуда ва ҷойгоҳаш дӯзах аст? Ва [дӯзах] чи бад ҷойгоҳест!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُمْ دَرَجَٰتٌ عِندَ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ بَصِيرٌۢ بِمَا يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳар як аз] Эшон дараҷот [-и мутафовит]-е назди Аллоҳ таоло доранд ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَقَدْ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَى ٱلْمُؤْمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْ أَنفُسِهِمْ يَتْلُوا۟ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتِهِۦ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا۟ مِن قَبْلُ لَفِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Аллоҳ таоло бар муъминон миннат ниҳод, ки миёни онон паёмбаре аз худашон барангехт, то оёти Ӯ [Қуръон]–ро бар эшон бихонад ва [аз гуноҳ] покашон гардонад ва ба онон китоби [Қуръон] ва ҳикмат [суннат] биёмурзад; дар ҳоле ки дар гузашта дар гумроҳии ошкоре буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمَّآ أَصَٰبَتْكُم مُّصِيبَةٌ قَدْ أَصَبْتُم مِّثْلَيْهَا قُلْتُمْ أَنَّىٰ هَٰذَا قُلْ هُوَ مِنْ عِندِ أَنفُسِكُمْ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй муъминон] Оё чун ба шумо [дар ҷанги Уҳуд] мусибате расид – [бо он ки дар ҷанги Бадр] ду баробарашро [ба душманони худ] расондед – гуфтед: "Ин [мусибат] аз куҷо [ба мо] расид"? [Эй паёмбар] Бигӯ: "Он [шикаст] аз ҷониби худатон [ва натиҷаи нофармонӣ аз дастури паёмбар] аст". Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар коре тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَصَٰبَكُمْ يَوْمَ ٱلْتَقَى ٱلْجَمْعَانِ فَبِإِذْنِ ٱللَّهِ وَلِيَعْلَمَ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа рӯзе, ки [дар ҷанги Уҳуд] ду гурӯҳ [муъминон ва кофирон] бо ҳам бархӯрд карданд, он чи ба шумо расид, ба фармони Аллоҳ таоло буд [то шуморо биёзмояд] ва муъминонро маълум дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِيَعْلَمَ ٱلَّذِينَ نَافَقُوا۟ وَقِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا۟ قَٰتِلُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ أَوِ ٱدْفَعُوا۟ قَالُوا۟ لَوْ نَعْلَمُ قِتَالًا لَّٱتَّبَعْنَٰكُمْ هُمْ لِلْكُفْرِ يَوْمَئِذٍ أَقْرَبُ مِنْهُمْ لِلْإِيمَٰنِ يَقُولُونَ بِأَفْوَٰهِهِم مَّا لَيْسَ فِى قُلُوبِهِمْ وَٱللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يَكْتُمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касонеро, ки нифоқ варзиданд [низ] маълум дорад, ки [чун] ба эшон гуфта шуд: "Биёед, дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангед ё [аз хонавода ва қабилаатон] дифоъ кунед". Гуфтанд: "Агар медонистем, ҷанге рӯй хоҳад дод, ҳатман, аз шумо пайравӣ мекардем". Онон дар он ҳангом ба куфр наздиктар буданд то имон; ба забони хеш чизе мегӯянд, ки дар дилҳояшон нест ва Аллоҳ таоло ба он чи [дар дил] пинҳон мекунанд, огоҳтар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ قَالُوا۟ لِإِخْوَٰنِهِمْ وَقَعَدُوا۟ لَوْ أَطَاعُونَا مَا قُتِلُوا۟ قُلْ فَٱدْرَءُوا۟ عَنْ أَنفُسِكُمُ ٱلْمَوْتَ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки [худ дар хона] нишастанд [аз ҷиҳод сар боз заданд] ва дар бораи бародарони худ гуфтанд: "Агар онҳо аз мо пайравӣ мекарданд, кушта намешуданд". [Эй паёмбар, ба ин мунофиқон] Бигӯ: "Агар рост мегӯед, пас, маргро аз худ дур созед"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَحْسَبَنَّ ٱلَّذِينَ قُتِلُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ أَمْوَٰتًۢا بَلْ أَحْيَآءٌ عِندَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шудаанд, мурда мапиндор; балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَرِحِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضْلِهِۦ وَيَسْتَبْشِرُونَ بِٱلَّذِينَ لَمْ يَلْحَقُوا۟ بِهِم مِّنْ خَلْفِهِمْ أَلَّا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон ба он чи Аллоҳ таоло аз фазли худ ба эшон додааст, шодмонанд ва барои [саранҷоми неки] касоне, ки [роҳи] ононро пай гирифтаанд ва [ҳанӯз] ба онон напайвастаанд, шодӣ мекунанд; чаро ки [ҳеҷ як аз] эшон тарсу андӯҳе нахоҳанд дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَسْتَبْشِرُونَ بِنِعْمَةٍ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضْلٍ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамчунин] Ба неъмату фазли Аллоҳ таоло шодмонанд ва ин ки [мебинанд] Аллоҳ таоло подоши муъминонро зоеъ намекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ ٱسْتَجَابُوا۟ لِلَّهِ وَٱلرَّسُولِ مِنۢ بَعْدِ مَآ أَصَابَهُمُ ٱلْقَرْحُ لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا۟ مِنْهُمْ وَٱتَّقَوْا۟ أَجْرٌ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки даъвати Аллоҳ таоло ва паёмбарро – пас аз он ки [дар ғазваи Уҳуд] ба онон ҷароҳат [ва сахтии бисёр] расид – иҷобат карданд [ва барои таъқиби мушрикон ба сӯйи "Ҳамро-ул-асад" рафтанд], барои [он идда аз] эшон, ки некӣ ва парҳезкорӣ карданд, подоши бузурге [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ قَالَ لَهُمُ ٱلنَّاسُ إِنَّ ٱلنَّاسَ قَدْ جَمَعُوا۟ لَكُمْ فَٱخْشَوْهُمْ فَزَادَهُمْ إِيمَٰنًا وَقَالُوا۟ حَسْبُنَا ٱللَّهُ وَنِعْمَ ٱلْوَكِيلُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон касоне, ки бархе [аз мушрикон] ба онон гуфтанд: "Мардум [-и Макка] барои [ҷанг бо] шумо гирд омадаанд; пас, аз онҳо битарсед" ва [аммо ин сухан] бар имонашон афзуд ва гуфтанд: "Аллоҳ таоло барои [муҳофизат аз] мо бас аст ва [Ӯ] беҳтарин [муроқиб ва] коргузор аст"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱنقَلَبُوا۟ بِنِعْمَةٍ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضْلٍ لَّمْ يَمْسَسْهُمْ سُوٓءٌ وَٱتَّبَعُوا۟ رِضْوَٰنَ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ ذُو فَضْلٍ عَظِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас ба неъмату фазли Аллоҳ таоло [аз Ҳамро-ул-асад ба Мадина] бозгаштанд, дар ҳоле ки ҳеҷ осебе ба онон нарасида буд ва ҳамчунон дар пайи [касби] хушнудии Аллоҳ таоло буданд; ва Аллоҳ таоло фазлу бахшиши бузурге дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَا ذَٰلِكُمُ ٱلشَّيْطَٰنُ يُخَوِّفُ أَوْلِيَآءَهُۥ فَلَا تَخَافُوهُمْ وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, ин шайтон аст, ки [шуморо аз ҳайбати] дӯстонаш метарсонад, пас, агар имон доред, аз онон [мушрикон] натарсед ва аз ман битарсед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا يَحْزُنكَ ٱلَّذِينَ يُسَٰرِعُونَ فِى ٱلْكُفْرِ إِنَّهُمْ لَن يَضُرُّوا۟ ٱللَّهَ شَيْـًٔا يُرِيدُ ٱللَّهُ أَلَّا يَجْعَلَ لَهُمْ حَظًّا فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] касоне, ки дар [ёрӣ кардани] куфр мешитобанд, туро андӯҳгин насозанд. Яқинан, онон ҳаргиз зиёне ба Аллоҳ таоло намерасонанд. Аллоҳ таоло мехоҳад, ки баҳрае барояшон дар охират қарор надиҳад ва азоби бузург [дар пеш] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱشْتَرَوُا۟ ٱلْكُفْرَ بِٱلْإِيمَٰنِ لَن يَضُرُّوا۟ ٱللَّهَ شَيْـًٔا وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, касоне, ки куфрро ба [баҳои] имон хариданд, ҳаргиз ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонанд ва азоби дардноке [дар пеш] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا يَحْسَبَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَنَّمَا نُمْلِى لَهُمْ خَيْرٌ لِّأَنفُسِهِمْ إِنَّمَا نُمْلِى لَهُمْ لِيَزْدَادُوٓا۟ إِثْمًا وَلَهُمْ عَذَابٌ مُّهِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки кофир шуданд, мапиндоранд, ки чун ба онон муҳлат медиҳем ба судашон аст. Ҷуз ин нест, ки ба онон муҳлат медиҳем, то бар гуноҳи [худ] бияфзоянд ва азоби хоркунандае [пурдарде дар пеш] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا كَانَ ٱللَّهُ لِيَذَرَ ٱلْمُؤْمِنِينَ عَلَىٰ مَآ أَنتُمْ عَلَيْهِ حَتَّىٰ يَمِيزَ ٱلْخَبِيثَ مِنَ ٱلطَّيِّبِ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُطْلِعَكُمْ عَلَى ٱلْغَيْبِ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَجْتَبِى مِن رُّسُلِهِۦ مَن يَشَآءُ فَـَٔامِنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦ وَإِن تُؤْمِنُوا۟ وَتَتَّقُوا۟ فَلَكُمْ أَجْرٌ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй муъминон] Чунин набуд [ва аз ҳикмати илоҳӣ нест], ки Аллоҳ таоло муъминонро бар ин ҳол, ки шумо ҳастед [во гузорад ва муъмину мунофиқро дар канори якдигар] раҳо созад, [балки шуморо бо таколифу озмоишҳои гуногун меозмояд] то палидро аз пок ҷудо кунед; ва чунин набуд, ки Аллоҳ таоло [барои бозшиносии муъминон аз мунофиқон] шуморо аз [асрори] ғайб огоҳ кунад; вале Аллоҳ таоло аз миёни фиристодагонаш ҳар киро бихоҳад, бармегузинад [ва ӯро бар бахше аз ғайб огоҳ мекунад]; пас, ба Аллоҳ таоло ва фиристодагонаш имон биёваред; ва агар имон биёваред ва тақво пеша кунед, подоши бузурге бароятон [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا يَحْسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَبْخَلُونَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضْلِهِۦ هُوَ خَيْرًا لَّهُم بَلْ هُوَ شَرٌّ لَّهُمْ سَيُطَوَّقُونَ مَا بَخِلُوا۟ بِهِۦ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ وَلِلَّهِ مِيرَٰثُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки ба он чи Аллоҳ таоло аз фазли хеш ба онон додааст, бухл меварзанд, гумон накунанд, ки он [бухл] барояшон хайр аст; балки барояшон шар аст. Дар рӯзи қиёмат он чи ба он бухл меварзиданд, тавқи гарданашон хоҳад шуд [ва бо он азоб мешаванд]; ва мероси осмонҳову замин аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّقَدْ سَمِعَ ٱللَّهُ قَوْلَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓا۟ إِنَّ ٱللَّهَ فَقِيرٌ وَنَحْنُ أَغْنِيَآءُ سَنَكْتُبُ مَا قَالُوا۟ وَقَتْلَهُمُ ٱلْأَنۢبِيَآءَ بِغَيْرِ حَقٍّ وَنَقُولُ ذُوقُوا۟ عَذَابَ ٱلْحَرِيقِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Аллоҳ таоло сухани касонеро шунид, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло фақир аст ва [аз мо қарз мехоҳад ва] мо бениёзем". [Мо ин] Гуфторашон ва [низ] қатли ноҳаққи паёмбаронро хоҳем навишт ва рӯзи қиёмат ба [онон] мегӯем: "Азоби сӯзон [-и дӯзах]-ро бичашед"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِّلْعَبِيدِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй яҳудиён] Ин [муҷозот] ба хотири кирдори пешини шумост; ва [-гарна] Аллоҳ таоло ҳаргиз ба бандагони [худ] ситамгор нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ قَالُوٓا۟ إِنَّ ٱللَّهَ عَهِدَ إِلَيْنَآ أَلَّا نُؤْمِنَ لِرَسُولٍ حَتَّىٰ يَأْتِيَنَا بِقُرْبَانٍ تَأْكُلُهُ ٱلنَّارُ قُلْ قَدْ جَآءَكُمْ رُسُلٌ مِّن قَبْلِى بِٱلْبَيِّنَٰتِ وَبِٱلَّذِى قُلْتُمْ فَلِمَ قَتَلْتُمُوهُمْ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин яҳудиён ҳамон] Касоне ҳастанд, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло бо мо аҳду паймон бастааст, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, то [фиристодае ҳамроҳи худ] бароямон қурбоние биёварад, ки оташ [-и аз соиқа бархоста] онро [ба нишонаи пазириш] бисӯзонад". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳатман, пеш аз ман паёмбароне буданд, ки далоили ошкорро ҳамроҳи он чи гуфтед, бароятон оварданд. Агар рост мегӯед, пас, чаро ононро куштед"?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِن كَذَّبُوكَ فَقَدْ كُذِّبَ رُسُلٌ مِّن قَبْلِكَ جَآءُو بِٱلْبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِ وَٱلْكِتَٰبِ ٱلْمُنِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, агар [яҳудиён ва кофирон] такзибат карданд, [ғамгин мабош ва бидон] паёмбароне, ки пеш аз ту буданд ва муъҷизоту навиштаҳо ва китобҳои равшангар оварда буданд, [низ] такзиб шуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كُلُّ نَفْسٍ ذَآئِقَةُ ٱلْمَوْتِ وَإِنَّمَا تُوَفَّوْنَ أُجُورَكُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فَمَن زُحْزِحَ عَنِ ٱلنَّارِ وَأُدْخِلَ ٱلْجَنَّةَ فَقَدْ فَازَ وَمَا ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلْغُرُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар касе чашандаи [таъми] марг аст ва яқинан рӯзи қиёмат подошҳоятонро ба тамомӣ хоҳед гирифт; пас, ҳар киро аз оташ дур доранд ва дар биҳишт дароваранд, ҳатман, растагор шудааст; ва зиндагии дунё чизе ҷуз мояи фиреб нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَتُبْلَوُنَّ فِىٓ أَمْوَٰلِكُمْ وَأَنفُسِكُمْ وَلَتَسْمَعُنَّ مِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ مِن قَبْلِكُمْ وَمِنَ ٱلَّذِينَ أَشْرَكُوٓا۟ أَذًى كَثِيرًا وَإِن تَصْبِرُوا۟ وَتَتَّقُوا۟ فَإِنَّ ذَٰلِكَ مِنْ عَزْمِ ٱلْأُمُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй муъминон] Бе тардид шумо дар [мавриди базли] амволу ҷонҳоятон озмоиш мешавед ва [ҳамчунин] аз касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоби [осмонӣ] дода шудааст [яҳудиён ва масеҳиён] ва [низ] аз касоне, ки ширк варзиданд, суханони озордиҳандаи бисёре хоҳед шунид; ва [аммо] агар сабр кунед ва тақво пеша созед, [шоистатар аст; зеро] ин [истодагӣ] баёнгари азми устувор [-и шумо] дар корҳост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ أَخَذَ ٱللَّهُ مِيثَٰقَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ لَتُبَيِّنُنَّهُۥ لِلنَّاسِ وَلَا تَكْتُمُونَهُۥ فَنَبَذُوهُ وَرَآءَ ظُهُورِهِمْ وَٱشْتَرَوْا۟ بِهِۦ ثَمَنًا قَلِيلًا فَبِئْسَ مَا يَشْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар, ёд кун] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда буд, паймон гирифт, ки: "Ҳатман, [омӯзаҳои ҳидоятбахши] онро барои мардум баён намоед ва [он чиро, ки нубуввати Муҳаммад хабар медиҳад] китмон [пинҳон]-аш накунед"; ва [-ле] он [аҳд]-ро пушти сари хеш андохтанд [бад-он таваҷҷуҳе накарданд] ва ба баҳои андаке [ҳамчун молу мақом] фурӯхтанд. Чи бад аст, он чи мехаранд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا تَحْسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَفْرَحُونَ بِمَآ أَتَوا۟ وَّيُحِبُّونَ أَن يُحْمَدُوا۟ بِمَا لَمْ يَفْعَلُوا۟ فَلَا تَحْسَبَنَّهُم بِمَفَازَةٍ مِّنَ ٱلْعَذَابِ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки аз аъмоли [зишти] худ хушнуд мегарданд ва дӯст доранд дар муқобили кор [-и нек] -е, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки аз азоб [-и илоҳӣ] барканоранд; [балки] барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِلَّهِ مُلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterФармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ فِى خَلْقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱخْتِلَٰفِ ٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ لَـَٔايَٰتٍ لِّأُو۟لِى ٱلْأَلْبَٰبِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, дар офариниши осмонҳо ва замин ва омадушуди шабу рӯз нишонаҳо [и ошкор]-е барои хирадмандон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يَذْكُرُونَ ٱللَّهَ قِيَٰمًا وَقُعُودًا وَعَلَىٰ جُنُوبِهِمْ وَيَتَفَكَّرُونَ فِى خَلْقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَٰذَا بَٰطِلًا سُبْحَٰنَكَ فَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Касоне, ки Аллоҳро [дар ҳамаи аҳвол] истода ва нишаста ва бар паҳлу орамида, ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд [ва мегӯянд]: "Парвардигоро, инҳоро беҳуда наофаридаӣ; муназзаҳӣ Ту. Пас, моро аз азоби оташ [-и дузах] нигаҳ дор

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبَّنَآ إِنَّكَ مَن تُدْخِلِ ٱلنَّارَ فَقَدْ أَخْزَيْتَهُۥ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنْ أَنصَارٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро, касеро, ки Ту ба оташ [-и дузах] дароварӣ, яқинан, хору расвояш кардаӣ ва ситамгорон [ҳеҷ] ёваре надоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَّبَّنَآ إِنَّنَا سَمِعْنَا مُنَادِيًا يُنَادِى لِلْإِيمَٰنِ أَنْ ءَامِنُوا۟ بِرَبِّكُمْ فَـَٔامَنَّا رَبَّنَا فَٱغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرْ عَنَّا سَيِّـَٔاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ ٱلْأَبْرَارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро, мо шунидем, даъватгаре ба имон фаро мехонад, ки: "Ба Парвардигори худ имон оваред". Пас, мо имон овардем. Парвардигоро, пас, гуноҳонамонро бибахш ва бадиҳоямонро бипӯшон ва моро дар зумраи некон бимирон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبَّنَا وَءَاتِنَا مَا وَعَدتَّنَا عَلَىٰ رُسُلِكَ وَلَا تُخْزِنَا يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ إِنَّكَ لَا تُخْلِفُ ٱلْمِيعَادَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро, он чиро, ки ба василаи фиристодагонат ба мо ваъда додаӣ, ба мо ато кун ва дар рӯзи қиёмат расвоямон магардон. Бе тардид, Ту хилофи ваъда намекунӣ"

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱسْتَجَابَ لَهُمْ رَبُّهُمْ أَنِّى لَآ أُضِيعُ عَمَلَ عَٰمِلٍ مِّنكُم مِّن ذَكَرٍ أَوْ أُنثَىٰ بَعْضُكُم مِّنۢ بَعْضٍ فَٱلَّذِينَ هَاجَرُوا۟ وَأُخْرِجُوا۟ مِن دِيَٰرِهِمْ وَأُوذُوا۟ فِى سَبِيلِى وَقَٰتَلُوا۟ وَقُتِلُوا۟ لَأُكَفِّرَنَّ عَنْهُمْ سَيِّـَٔاتِهِمْ وَلَأُدْخِلَنَّهُمْ جَنَّٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ ثَوَابًا مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسْنُ ٱلثَّوَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, Парвардигорашон дуои ононро иҷобат кард [ва фармуд]: "Ман [подоши] амали ҳеҷ соҳибамале аз шуморо – аз мард ё зан – ки ҳамнавъи якдигаред, табоҳ намекунам; пас, касоне, ки [аз ватани худ] ҳиҷрат кардаанд ва [ё] аз хонаҳои худ ронда шудаанд ва дар роҳи ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, ҳатман, бадиҳояшонро аз онон мезудоям ва [ба унвони] подоше аз ҷониби Аллоҳ таоло эшонро дар боғҳое дармеоварам, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши наку назди Ӯст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا يَغُرَّنَّكَ تَقَلُّبُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فِى ٱلْبِلَٰدِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Рафтуомади кофирон [барои тиҷорат] дар шаҳрҳо [ва молу мақоми онон] туро нафиребад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَتَٰعٌ قَلِيلٌ ثُمَّ مَأْوَىٰهُمْ جَهَنَّمُ وَبِئْسَ ٱلْمِهَادُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин] Баҳрамандии ночизест; сипас ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад ҷойгоҳе аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَٰكِنِ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوْا۟ رَبَّهُمْ لَهُمْ جَنَّٰتٌ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا نُزُلًا مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ خَيْرٌ لِّلْأَبْرَارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо касоне, ки тақвои Парвардигорашонро намудаанд, [дар биҳишт] боғҳое доранд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист [ва] ҷовидона дар он мемонанд. [Ин] Пазироӣ аз ҷониби Аллоҳ таоло [муҳайё шуда] аст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои накукорон беҳтар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ مِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ لَمَن يُؤْمِنُ بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيْكُمْ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيْهِمْ خَٰشِعِينَ لِلَّهِ لَا يَشْتَرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلْحِسَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне аз аҳли китоб ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва он чи бар шумо нозил шуда ва он чи бар худашон нозил шудааст, имон доранд; дар баробари Аллоҳ таоло фурӯтан ҳастанд ва оёти Аллоҳро ба баҳои ночизе намефурушанд. Инонанд, ки подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱصْبِرُوا۟ وَصَابِرُوا۟ وَرَابِطُوا۟ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, [бар таколифи динӣ ва ранҷҳои дунявӣ] шикебоӣ варзед ва [дар баробари душманон] пойдор бошед ва парҳезгорӣ пеша кунед; бошад, ки растагор шавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70