مَا كَانَ لِأَهْلِ ٱلْمَدِينَةِ وَمَنْ حَوْلَهُم مِّنَ ٱلْأَعْرَابِ أَن يَتَخَلَّفُوا۟ عَن رَّسُولِ ٱللَّهِ وَلَا يَرْغَبُوا۟ بِأَنفُسِهِمْ عَن نَّفْسِهِۦ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ لَا يُصِيبُهُمْ ظَمَأٌ وَلَا نَصَبٌ وَلَا مَخْمَصَةٌ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَطَـُٔونَ مَوْطِئًا يَغِيظُ ٱلْكُفَّارَ وَلَا يَنَالُونَ مِنْ عَدُوٍّ نَّيْلًا إِلَّا كُتِبَ لَهُم بِهِۦ عَمَلٌ صَٰلِحٌ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ ٱلْمُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСазовор нест, ки аҳли Мадина ва аъроб [-и бодиянишин] перомуни эшон аз [ҳамроҳӣ бо] Расулуллоҳ бозмонанд ва ҳифзи ҷони хешро муқаддам бар ӯ шуморанд, зеро дар роҳи Аллоҳ таоло ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷу гуруснагие ба онон намерасад ва дар ҳеҷ маконе, ки кофиронро ба хашм меоварад, қадам намегузоранд ва аз душман ҳеҷ [шикаст ва] зарбае намехӯранд, магар инки ба [подоши] он кори шоиста барояшон сабт мешавад. Баростӣ, ки Аллоҳ таоло подоши накукоронро зоеъ намегардонад