caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи At-Talaaq, ояти 1

Мадина · тартиби нузул 99 · 65:1

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ إِذَا طَلَّقْتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ وَأَحْصُوا۟ ٱلْعِدَّةَ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ رَبَّكُمْ لَا تُخْرِجُوهُنَّ مِنۢ بُيُوتِهِنَّ وَلَا يَخْرُجْنَ إِلَّآ أَن يَأْتِينَ بِفَٰحِشَةٍ مُّبَيِّنَةٍ وَتِلْكَ حُدُودُ ٱللَّهِ وَمَن يَتَعَدَّ حُدُودَ ٱللَّهِ فَقَدْ ظَلَمَ نَفْسَهُۥ لَا تَدْرِى لَعَلَّ ٱللَّهَ يُحْدِثُ بَعْدَ ذَٰلِكَ أَمْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Паёмбар, ҳаргоҳ хостед занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед ва ҳисоби иддаро нигаҳ доред ва аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори шумост, парво кунед. На шумо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунед ва на онҳо берун раванд; магар он ки кори зишти ошкоре муртакиб шаванд; ва ин ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳ таоло аст ва ҳар кас аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, мусалламан, ба худ ситам кардааст. Ту намедонӣ, шояд Аллоҳ таоло пас аз он, вазъи тозае фароҳам оварад [ки ба сулҳу оштӣ мунҷар шавад]
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70