caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Maaida, ояти 106

Мадина · тартиби нузул 112 · 5:106

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ شَهَٰدَةُ بَيْنِكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ ٱلْمَوْتُ حِينَ ٱلْوَصِيَّةِ ٱثْنَانِ ذَوَا عَدْلٍ مِّنكُمْ أَوْ ءَاخَرَانِ مِنْ غَيْرِكُمْ إِنْ أَنتُمْ ضَرَبْتُمْ فِى ٱلْأَرْضِ فَأَصَٰبَتْكُم مُّصِيبَةُ ٱلْمَوْتِ تَحْبِسُونَهُمَا مِنۢ بَعْدِ ٱلصَّلَوٰةِ فَيُقْسِمَانِ بِٱللَّهِ إِنِ ٱرْتَبْتُمْ لَا نَشْتَرِى بِهِۦ ثَمَنًا وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَىٰ وَلَا نَكْتُمُ شَهَٰدَةَ ٱللَّهِ إِنَّآ إِذًا لَّمِنَ ٱلْـَٔاثِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки [нишонаҳои] марги яке аз шумо фаро расид, ҳангоми васият бояд аз миёнатон ду нафари одилро гувоҳ бигиред ё агар мусофират кардед ва пешомади марг ба шумо расид [ва мусулмонеро наёфтед], ду нафар аз ғайри худ [ғайри мусулмон]-ро ба гувоҳӣ биталабед ва агар [дар ростгӯии онҳо] тардид доштед, он дуро баъд аз намоз нигоҳ доред, то ба Аллоҳ таоло савганд бихӯранд, ки: "Мо ҳозир нестем он [васият]-ро ба чизе фурӯшем, агарчи [ба суди] хешонамон бошад. Ва шаҳодати Аллоҳро китмон намекунем, ки дар ин сурат, ҳатман, аз гунаҳгорон хоҳем буд"
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70