caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Baqara, ояти 178

Мадина · тартиби нузул 87 · 2:178

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ كُتِبَ عَلَيْكُمُ ٱلْقِصَاصُ فِى ٱلْقَتْلَى ٱلْحُرُّ بِٱلْحُرِّ وَٱلْعَبْدُ بِٱلْعَبْدِ وَٱلْأُنثَىٰ بِٱلْأُنثَىٰ فَمَنْ عُفِىَ لَهُۥ مِنْ أَخِيهِ شَىْءٌ فَٱتِّبَاعٌۢ بِٱلْمَعْرُوفِ وَأَدَآءٌ إِلَيْهِ بِإِحْسَٰنٍ ذَٰلِكَ تَخْفِيفٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَرَحْمَةٌ فَمَنِ ٱعْتَدَىٰ بَعْدَ ذَٰلِكَ فَلَهُۥ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, дар [мавриди] куштагон [ки барқасд ба қатл расонида шудаанд, ҳукми] қасос бар шумо муқаррар гаштааст: Озод дар баробари озод ва барда дар баробари барда ва зан дар баробари зан. Пас, агар касе [хешованди мақтул] дар ҳаққи бародар [-и дини]-аш [қотил] бахшиш намояд, бояд [аз азобу озораш бипарҳезад ва бо ӯ] хушрафторӣ намояд ва [қотил низ бояд мутақобилан дия-хунбаҳоро] ба некӣ ба ӯ бипардозад. Ин [ҳукм] тахфифу раҳмате аст аз сӯйи Парвардигоратон. Пас, агар касе баъд аз он [гузашту қабули дия] таҷовуз кунад, азоби дарднок [дар интизор] дорад
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70