caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Baqara, ояти 177

Мадина · тартиби нузул 87 · 2:177

لَّيْسَ ٱلْبِرَّ أَن تُوَلُّوا۟ وُجُوهَكُمْ قِبَلَ ٱلْمَشْرِقِ وَٱلْمَغْرِبِ وَلَٰكِنَّ ٱلْبِرَّ مَنْ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ وَٱلْمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلْكِتَٰبِ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ وَءَاتَى ٱلْمَالَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ ذَوِى ٱلْقُرْبَىٰ وَٱلْيَتَٰمَىٰ وَٱلْمَسَٰكِينَ وَٱبْنَ ٱلسَّبِيلِ وَٱلسَّآئِلِينَ وَفِى ٱلرِّقَابِ وَأَقَامَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَى ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَٰهَدُوا۟ وَٱلصَّٰبِرِينَ فِى ٱلْبَأْسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَحِينَ ٱلْبَأْسِ أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ صَدَقُوا۟ وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНекӣ [фақат] ин нест, ки [барои намоз] рӯйи худро ба сӯйи машриқ ва [ё] мағриб кунед, балки некӣ [рафтори] он касе аст, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат ва фариштагону китоби [осмонӣ] ва паёмбарон имон оварда бошад ва моли [худ]-ро, бо вуҷуди дӯст доштанаш, ба хешовандону ятимон ва мустамандон ва дар роҳмондагону дархосткунандагон [гадоён] ва дар [роҳи озодии] бардагон бибахшад ва намоз бар пой дорад ва закот бипардозад ва [низ] онон, ки чун аҳд мебанданд, ба паймонашон вафо мекунанд ва [касоне, ки] дар фақру сахтӣ ва зиёну беморӣ ва ба ҳангоми [шиддат гирифтани] набард, [пойдорӣ ва] шикебоӣ мекунанд, онон [ки ба ин вижагиҳо оростаанд], касоне ҳастанд, ки рост гуфтанд ва онон парҳезгоронанд
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70