caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи An-Nisaa, ояти 77

Мадина · тартиби нузул 92 · 4:77

أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ قِيلَ لَهُمْ كُفُّوٓا۟ أَيْدِيَكُمْ وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ ٱلْقِتَالُ إِذَا فَرِيقٌ مِّنْهُمْ يَخْشَوْنَ ٱلنَّاسَ كَخَشْيَةِ ٱللَّهِ أَوْ أَشَدَّ خَشْيَةً وَقَالُوا۟ رَبَّنَا لِمَ كَتَبْتَ عَلَيْنَا ٱلْقِتَالَ لَوْلَآ أَخَّرْتَنَآ إِلَىٰٓ أَجَلٍ قَرِيبٍ قُلْ مَتَٰعُ ٱلدُّنْيَا قَلِيلٌ وَٱلْـَٔاخِرَةُ خَيْرٌ لِّمَنِ ٱتَّقَىٰ وَلَا تُظْلَمُونَ فَتِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Оё касонеро надидӣ, ки [дар Макка] ба онҳо гуфта шуд: "[Акнун] Даст аз ҷанг бардоред ва намоз барпо доред ва закот бипардозед", ва [-ле] чун [дар Мадина] ҷиҳод бар онон муқаррар шуд, он гоҳ гурӯҳе аз эшон аз мардум [-и мушрики Макка] тарсиданд, монанди тарс аз Аллоҳ таоло ё [ҳатто] бештар ва гуфтанд: "Парвардигоро, чаро ҷиҳодро бар мо муқаррар намудӣ? Чаро ба мо то муддати кӯтоҳе муҳлат надодӣ [то аз неъматҳои дунявӣ баҳраманд гардем]"? [Ба онон] Бигӯ: "Бархӯрдорӣ [аз лаззатҳои ин] дунё ночиз аст ва барои касе, ки парҳезкор бошад, сарои охират беҳтар аст ва [дар он ҷо] кучактарин ситаме ба шумо нахоҳад шуд
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70