لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَن تَبْتَغُوا۟ فَضْلًا مِّن رَّبِّكُمْ فَإِذَآ أَفَضْتُم مِّنْ عَرَفَٰتٍ فَٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ عِندَ ٱلْمَشْعَرِ ٱلْحَرَامِ وَٱذْكُرُوهُ كَمَا هَدَىٰكُمْ وَإِن كُنتُم مِّن قَبْلِهِۦ لَمِنَ ٱلضَّآلِّينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГуноҳе бар шумо нест, ки [дар айёми ҳаҷ бо хариду фурӯш] аз фазли Парвардигоратон [манфиат ва рӯзӣ] талаб кунед ва ҳангоме ки [рӯзи нуҳум пас аз вуқуф] аз Арафот кӯч кардед, Аллоҳро дар "Машъар-ул-ҳаром" ёд кунед; ва Ӯро ёд кунед, чаро ки шуморо, ки пештар аз гумроҳон будед, [ба адои маносики ҳаҷҷу дигар аъмоли ибодӣ] ҳидоят кард