caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-A'raaf, ояти 169

Макка · тартиби нузул 39 · 7:169

فَخَلَفَ مِنۢ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ وَرِثُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ يَأْخُذُونَ عَرَضَ هَٰذَا ٱلْأَدْنَىٰ وَيَقُولُونَ سَيُغْفَرُ لَنَا وَإِن يَأْتِهِمْ عَرَضٌ مِّثْلُهُۥ يَأْخُذُوهُ أَلَمْ يُؤْخَذْ عَلَيْهِم مِّيثَٰقُ ٱلْكِتَٰبِ أَن لَّا يَقُولُوا۟ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلْحَقَّ وَدَرَسُوا۟ مَا فِيهِ وَٱلدَّارُ ٱلْـَٔاخِرَةُ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ يَتَّقُونَ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа пас аз онон ҷонишинон [-и ношоиста]-е омаданд, ки китоб [Таврот]-ро ба ирс бурданд. Онон [сарвату] колои ин [дунёи] пастро мегиранд, [ки суханони Аллоҳ таолоро таҳрифу ба ноҳақ ҳукм кунанд] ва мегӯянд: «Бахшида хоҳем шуд». Ва агар коло [-и дигар]-е ҳаммонанди он барояшон биояд, онро [низ] мегиранд. Оё дар китоб [-и осмонӣ] аз онон паймон гирифта нашудааст, ки дар бораи Аллоҳ таоло ҷуз [сухани] ҳақ нагӯянд? [Пас, нофармонияшон аз рӯйи нодонӣ нест, зеро борҳо Тавротро хондаанд] Ва ончиро, ки дар он аст, омӯхтаанд ва сарои охират барои касоне, ки парво кунанд, беҳтар аст. Оё намеандешед?
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70