caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Maaida, ояти 110

Мадина · тартиби нузул 112 · 5:110

إِذْ قَالَ ٱللَّهُ يَٰعِيسَى ٱبْنَ مَرْيَمَ ٱذْكُرْ نِعْمَتِى عَلَيْكَ وَعَلَىٰ وَٰلِدَتِكَ إِذْ أَيَّدتُّكَ بِرُوحِ ٱلْقُدُسِ تُكَلِّمُ ٱلنَّاسَ فِى ٱلْمَهْدِ وَكَهْلًا وَإِذْ عَلَّمْتُكَ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْحِكْمَةَ وَٱلتَّوْرَىٰةَ وَٱلْإِنجِيلَ وَإِذْ تَخْلُقُ مِنَ ٱلطِّينِ كَهَيْـَٔةِ ٱلطَّيْرِ بِإِذْنِى فَتَنفُخُ فِيهَا فَتَكُونُ طَيْرًۢا بِإِذْنِى وَتُبْرِئُ ٱلْأَكْمَهَ وَٱلْأَبْرَصَ بِإِذْنِى وَإِذْ تُخْرِجُ ٱلْمَوْتَىٰ بِإِذْنِى وَإِذْ كَفَفْتُ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ عَنكَ إِذْ جِئْتَهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ فَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْهُمْ إِنْ هَٰذَآ إِلَّا سِحْرٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки Аллоҳ таоло фармуд: "Эй Исо – писари Марям, неъмати маро бар худ ва бар модарат ба ёд овар, он гоҳ ки туро бо Рӯҳ-ул-қудус [Ҷабраил] таъйид кардам, ки дар гаҳвора [ба эъҷоз] ва дар миёнсолӣ [ба ваҳй] бо мардум сухан мегуфтӣ ва он гоҳ ки ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам ва он гоҳ ки ба фармони Ман аз гил [чизе] ба шакли паранда месохтӣ ва дар он медамидӣ ва ба фармони Ман паррандае мешуд ва кӯри модарзоду бемории мубтало ба песиро ба фармони Ман шифо медодӣ ва он гоҳ ки мурдагонро ба фармони Ман [зинда аз қабр] берун меовардӣ ва он гоҳ ки [озори] Бани Исроилро – он гоҳ ки муъҷизоти ошкор барояшон оварда будӣ – аз ту боздоштам. Пас, касоне аз онон, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: "Ин [корҳо чизе] нест магар афсуни ошкор"
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70