caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Hajj, ояти 72

Мадина · тартиби нузул 103 · 22:72

وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٍ تَعْرِفُ فِى وُجُوهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ ٱلْمُنكَرَ يَكَادُونَ يَسْطُونَ بِٱلَّذِينَ يَتْلُونَ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتِنَا قُلْ أَفَأُنَبِّئُكُم بِشَرٍّ مِّن ذَٰلِكُمُ ٱلنَّارُ وَعَدَهَا ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи касоне, ки куфр варзидаанд, [осори кароҳат ва] нохушояндӣ мебинӣ. Наздик аст ба касоне, ки оёти Моро барояшон мехонанд, ҳамлавар шаванд. [Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Оё шуморо ба бадтар аз ин [ки дар интизоратон аст] хабар диҳам? Оташ [-и дузах] аст, ки Аллоҳ таоло онро ба касоне, ки куфр варзиданд, ваъда додаст ва чи бад саранҷомест!»
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70