لِلْفُقَرَآءِ ٱلَّذِينَ أُحْصِرُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ ضَرْبًا فِى ٱلْأَرْضِ يَحْسَبُهُمُ ٱلْجَاهِلُ أَغْنِيَآءَ مِنَ ٱلتَّعَفُّفِ تَعْرِفُهُم بِسِيمَٰهُمْ لَا يَسْـَٔلُونَ ٱلنَّاسَ إِلْحَافًا وَمَا تُنفِقُوا۟ مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Садақоти шумо] Барои афроди тангдасте аст, ки худро вақф [-и ҷиҳод] дар роҳи Аллоҳ таоло кардаанд ва наметавонанд [барои таъмини харҷҳои зиндагӣ] дар замин сафар кунанд. Аз шиддати [наҷобат ва] хештандорӣ афроди ноогоҳ ононро бениёз мепиндоранд. Эшонро аз нишонаҳояшон [ки дар либосу вазъияти зоҳириашон ошкор аст, ба таври ошкор] мешиносӣ [ва онон ҳаргиз] бо исрор чизе аз мардум намехоҳанд; ва он чи аз мол инфоқ мекунед, ҳатман, Аллоҳ таоло аз он огоҳ аст