وَمَا جَعَلْنَآ أَصْحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَٰٓئِكَةً وَمَا جَعَلْنَا عِدَّتَهُمْ إِلَّا فِتْنَةً لِّلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لِيَسْتَيْقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ وَيَزْدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِيمَٰنًا وَلَا يَرْتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْمُؤْمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِى قُلُوبِهِم مَّرَضٌ وَٱلْكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلًا كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهْدِى مَن يَشَآءُ وَمَا يَعْلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَ وَمَا هِىَ إِلَّا ذِكْرَىٰ لِلْبَشَرِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо маъмурони дузахро фақат аз фариштагон қарор додем ва шумори онҳоро танҳо барои озмоиши кофирон муайян кардаем, то аҳли китоб яқин кунанд ва касоне, ки имон овардаанд, бар имони худ бияфзоянд ва аҳли китоб ва муъминон гирифтори шакку тардид нашаванд ва то касоне, ки дар дилҳояшон мараз аст ва [низ] кофирон бигӯянд: «Аллоҳ таоло аз ин масал [ва тавсиф] чи хостааст?». Бад-ин гуна, Аллоҳ таоло ҳар касро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва [шумори] лашкариёни Парвардигоратро [касе] ҷуз Ӯ намедонад ва ин ҷуз панду андарзе барои инсонҳо нест