caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-A'raaf, ояти 176

Макка · тартиби нузул 39 · 7:176

وَلَوْ شِئْنَا لَرَفَعْنَٰهُ بِهَا وَلَٰكِنَّهُۥٓ أَخْلَدَ إِلَى ٱلْأَرْضِ وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ فَمَثَلُهُۥ كَمَثَلِ ٱلْكَلْبِ إِن تَحْمِلْ عَلَيْهِ يَلْهَثْ أَوْ تَتْرُكْهُ يَلْهَث ذَّٰلِكَ مَثَلُ ٱلْقَوْمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا فَٱقْصُصِ ٱلْقَصَصَ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар мехостем, [мақому манзалати] ӯро ба хотири [пойбандӣ ва амал ба] он [оёт] боло мебурдем, вале ӯ ба дунё [ва пастӣ] гароид ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ кард. Пас, масали ӯ [дар дунёдӯстӣ] ҳамчун масали саг аст, ки агар ба он ҳамла кунӣ [ва аз худ дур кунӣ], забон аз даҳон берун меоварад ва агар онро [ба ҳоли худ] вогузорӣ, [боз ҳам] забон аз даҳон берун меоварад [чунин шахсеро низ чи панд бидиҳӣ ё надиҳӣ, тафовуте надорад]. Ин масали гурӯҳест, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд, пас, ин достонро [бар эшон] ҳикоят кун, бошад, ки бияндешанд
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70