وَٱخْتَارَ مُوسَىٰ قَوْمَهُۥ سَبْعِينَ رَجُلًا لِّمِيقَٰتِنَا فَلَمَّآ أَخَذَتْهُمُ ٱلرَّجْفَةُ قَالَ رَبِّ لَوْ شِئْتَ أَهْلَكْتَهُم مِّن قَبْلُ وَإِيَّٰىَ أَتُهْلِكُنَا بِمَا فَعَلَ ٱلسُّفَهَآءُ مِنَّآ إِنْ هِىَ إِلَّا فِتْنَتُكَ تُضِلُّ بِهَا مَن تَشَآءُ وَتَهْدِى مَن تَشَآءُ أَنتَ وَلِيُّنَا فَٱغْفِرْ لَنَا وَٱرْحَمْنَا وَأَنتَ خَيْرُ ٱلْغَٰفِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мӯсо аз қавмаш ҳафтод мардро барои ваъдагоҳи Мо [дар Тӯри Сино] баргузид [то ба хотири ширку гуноҳи қавмашон ба даргоҳи илоҳӣ тавба кунанд]. Пас, ҳангоме ки [ба далели нофармонӣ ва дархости руъяти Аллоҳ таоло] зилзила ононро фаро гирифт [ва ҳамагӣ мурданд, Мӯсо] гуфт: «Парвардигоро, агар мехостӣ, онон ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё моро ба хотири ончи бехирадонамон кардаанд, ҳалок мекунӣ? Ин [азоб чизе] нест, магар озмоиши Ту [аз имони мо], ба [василаи] он ҳаркиро бихоҳӣ, гумроҳ месозӣ ва ҳаркиро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту [дӯсту] корсози моӣ, пас, моро биёмурз ва бар мо раҳм овар ва Ту беҳтарин омурзандаӣ