caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Fath, ояти 29

Мадина · тартиби нузул 111 · 48:29

مُّحَمَّدٌ رَّسُولُ ٱللَّهِ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥٓ أَشِدَّآءُ عَلَى ٱلْكُفَّارِ رُحَمَآءُ بَيْنَهُمْ تَرَىٰهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضْوَٰنًا سِيمَاهُمْ فِى وُجُوهِهِم مِّنْ أَثَرِ ٱلسُّجُودِ ذَٰلِكَ مَثَلُهُمْ فِى ٱلتَّوْرَىٰةِ وَمَثَلُهُمْ فِى ٱلْإِنجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْـَٔهُۥ فَـَٔازَرَهُۥ فَٱسْتَغْلَظَ فَٱسْتَوَىٰ عَلَىٰ سُوقِهِۦ يُعْجِبُ ٱلزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ ٱلْكُفَّارَ وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ مِنْهُم مَّغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًۢا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМуҳаммад расулуллоҳ ва [саҳобаи муъмин ва фидокораш ҳамон] касоне, ки ҳамвора бо ӯ ҳастанд, дар баробари кофирон [-и ситезаҷӯ] муҳкаму сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон; эшонро дар ҳоли рукуъ ва саҷда мебинӣ, ки пайваста фазлу хушнудии Аллоҳро меҷӯянд; нишони [имону парҳезгории] онон дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда ва ибодат ҳувайдост; ин васфи эшон дар Таврот аст; ва тавсифашон дар Инҷил [низ] ҳамчун гиёҳе аст, ки ҷавонаашро бармеоварад ва онро неру мебахшад, то муҳкам гардад ва бар соқаҳояш устувор биистад; чунон ки муҷиби шигифтии кишоварзон шавад; дар натиҷа, Аллоҳ таоло бо [тақвият ва пешрафти] муъминон кофиронро ба хашм дармеоварад. Аллоҳ таоло ба муъминони накукор [саҳоба ва пайравонашон] ваъдаи омурзиш ва подоше бузург додааст
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70