caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Baqara, ояти 247

Мадина · тартиби нузул 87 · 2:247

وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ ٱللَّهَ قَدْ بَعَثَ لَكُمْ طَالُوتَ مَلِكًا قَالُوٓا۟ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ ٱلْمُلْكُ عَلَيْنَا وَنَحْنُ أَحَقُّ بِٱلْمُلْكِ مِنْهُ وَلَمْ يُؤْتَ سَعَةً مِّنَ ٱلْمَالِ قَالَ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصْطَفَىٰهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُۥ بَسْطَةً فِى ٱلْعِلْمِ وَٱلْجِسْمِ وَٱللَّهُ يُؤْتِى مُلْكَهُۥ مَن يَشَآءُ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПаёмбарашон ба онон гуфт: "Аллоҳ таоло Толутро ба фармонравоии шумо баргузидааст". [Онон] гуфтанд: "Чи гуна ӯ бар мо фармонравоӣ мекунад, дар ҳоле ки мо ба фармонравоӣ аз ӯ сазовортарем ва аз мол [-и дунё низ] баҳраи чандоне [ба вай] дода нашудааст"? Ӯ гуфт: "Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ӯро бар шумо баргузида ва донишу неруи ҷисмиашро вусъат бахшидааст; ва Аллоҳ таоло фармонравоии худро ба ҳар ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ таоло кушоишгару доност"
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70