caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Baqara, ояти 229

Мадина · тартиби нузул 87 · 2:229

ٱلطَّلَٰقُ مَرَّتَانِ فَإِمْسَاكٌۢ بِمَعْرُوفٍ أَوْ تَسْرِيحٌۢ بِإِحْسَٰنٍ وَلَا يَحِلُّ لَكُمْ أَن تَأْخُذُوا۟ مِمَّآ ءَاتَيْتُمُوهُنَّ شَيْـًٔا إِلَّآ أَن يَخَافَآ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا فِيمَا ٱفْتَدَتْ بِهِۦ تِلْكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَعْتَدُوهَا وَمَن يَتَعَدَّ حُدُودَ ٱللَّهِ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТалоқ [-и раҷъӣ] ду бор аст; пас, [аз он мард ё бояд ҳамсарашро] ба тарзи шоиста нигоҳ дорад, ё ба некӣ раҳо кунад; ва [эй мардони мусулмон] бароятон ҳалол нест, ки [заррае] аз он чиро ба онон додаед [маҳрия ва монанди он] пас бигиред, магар он ки [зану шавҳар] битарсанд, ки натавонанд [ҳуқуқи заношӯиву] ҳудуди илоҳиро барпо доранд; пас, [ҳалли ихтилофро ба хешовандон ё дӯстони худ месупоранд; ва шумо эй муъминон] агар тарсидед, ки [мумкин аст завҷайн] ҳудуди илоҳиро барпо надоранд, гуноҳе бар он ду нест, ки зан [барои розӣ кардани мард ба талоқ маҳрияашро бибахшад ё ба ӯ] фидяе бипардозад [ва талоқи хулъ бигирад] . Инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст; пас, аз онҳо таҷовуз накунед; ва ҳар ки аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, пас чунин одамон, бешак, ситамгоронанд.
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70