إِنَّ فِى خَلْقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱخْتِلَٰفِ ٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱلْفُلْكِ ٱلَّتِى تَجْرِى فِى ٱلْبَحْرِ بِمَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن مَّآءٍ فَأَحْيَا بِهِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٍ وَتَصْرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ وَٱلسَّحَابِ ٱلْمُسَخَّرِ بَيْنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ дар офариниши осмонҳо ва замину гузари шабу рӯз ва киштиҳое, ки барои баҳрабардории мардум дар дарё равонанд ва обе, ки Аллоҳ таоло аз осмон нозил намудааст, ки бо он заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда карда ва анвои ҷунбандагонро дар он пароканда аст ва [ҳамчунин] дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки дар миёни осмон ва замин ба хидмат [-и инсон] гумошта шудаанд, барои касоне, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст