caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи At-Tawba, ояти 40

Мадина · тартиби нузул 113 · 9:40

إِلَّا تَنصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ ٱللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ ثَانِىَ ٱثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِى ٱلْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَٰحِبِهِۦ لَا تَحْزَنْ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَنَا فَأَنزَلَ ٱللَّهُ سَكِينَتَهُۥ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُۥ بِجُنُودٍ لَّمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ ٱلسُّفْلَىٰ وَكَلِمَةُ ٱللَّهِ هِىَ ٱلْعُلْيَا وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй асҳоби Паёмбар] Агар шумо ӯро ёрӣ накунед, ҳатман, Аллоҳ таоло ёриаш намуд: ҳангоме ки кофирон ӯро [аз Макка] берун карданд, он гоҳ ки яке аз он ду, ки дар ғор [-и Савр паноҳ гирифта] буданд, ба ҳамроҳи худ [Абубакр] гуфт: «Андуҳгин мабош, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бо мост». Пас, Аллоҳ таоло оромиши худро бар ӯ фурӯ фиристод ва ӯро бо сипоҳиёне, ки онҳоро намедидед, таъйид [-у тақвият] кард ва сухани касонеро, ки куфр варзиданд, пасттар гардонд. Ва сухани Аллоҳ таолост, ки бартар аст ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70