caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Anfaal, ояти 42

Мадина · тартиби нузул 88 · 8:42

إِذْ أَنتُم بِٱلْعُدْوَةِ ٱلدُّنْيَا وَهُم بِٱلْعُدْوَةِ ٱلْقُصْوَىٰ وَٱلرَّكْبُ أَسْفَلَ مِنكُمْ وَلَوْ تَوَاعَدتُّمْ لَٱخْتَلَفْتُمْ فِى ٱلْمِيعَٰدِ وَلَٰكِن لِّيَقْضِىَ ٱللَّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا لِّيَهْلِكَ مَنْ هَلَكَ عَنۢ بَيِّنَةٍ وَيَحْيَىٰ مَنْ حَىَّ عَنۢ بَيِّنَةٍ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَسَمِيعٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки шумо [муъминон] бар доманаи наздиктар будед ва онон дар доманаи дуртар қарор доштанд ва корвон [-и тиҷории Курайш] поёнтар аз [майдони ҷанг ва дур аз тиррасии] шумо буд ва агар [шумо ва мушрикон] бо якдигар [дар мавриди маҳалли даргирӣ] ваъда гузошта будед, ҳатман, дар ваъдагоҳи худ ихтилоф мекардед, вале [ба иродаи илоҳӣ дар Бадр ҷамъ шудед], то Аллоҳ таоло кореро, ки ҳатман, [бояд] ба вуқуъ мепайваст, анҷом диҳад, то ҳар [кофире] ки ҳалок мешавад, [бо вуҷуди бартарии низомӣ ва ададӣ дар ширку гумроҳӣ] ҳалок гардад ва ҳар [муъмине] ки зинда мемонад, [ба ҳидоят] зиндагӣ ёбад [ва ин марг ва зиндагӣ] бар асоси далели равшан бошад ва ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70