caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-A'raaf, ояти 160

Макка · тартиби нузул 39 · 7:160

وَقَطَّعْنَٰهُمُ ٱثْنَتَىْ عَشْرَةَ أَسْبَاطًا أُمَمًا وَأَوْحَيْنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ إِذِ ٱسْتَسْقَىٰهُ قَوْمُهُۥٓ أَنِ ٱضْرِب بِّعَصَاكَ ٱلْحَجَرَ فَٱنۢبَجَسَتْ مِنْهُ ٱثْنَتَا عَشْرَةَ عَيْنًا قَدْ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٍ مَّشْرَبَهُمْ وَظَلَّلْنَا عَلَيْهِمُ ٱلْغَمَٰمَ وَأَنزَلْنَا عَلَيْهِمُ ٱلْمَنَّ وَٱلسَّلْوَىٰ كُلُوا۟ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقْنَٰكُمْ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِن كَانُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ононро ба дувоздаҳ қабила [ки ҳар кадом] шохае аз наводагон [-и Яъқуб] буданд, тақсим кардем ва ба Мӯсо,он гоҳ ки қавмаш аз ӯ об хостанд, ваҳй кардем, ки: «Асоятро бар санг бизан», пас, дувоздаҳ чашмае аз он ҷӯшид [ва] ҳар гурӯҳе чашмаи худро шинохт ва абрро бар [сари] онон соягустар намудем ва бар эшон манну салво фурӯ фиристодем [ва гуфт] «Аз чизҳои покизае, ки рӯзиятон кардаем, бихӯред». Онон [бо нофармонӣ ва мухолифат, дар ҳақиқат] ба Мо ситам накарданд, балки ба хештан ситам менамуданд
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70