سَيَقُولُ لَكَ ٱلْمُخَلَّفُونَ مِنَ ٱلْأَعْرَابِ شَغَلَتْنَآ أَمْوَٰلُنَا وَأَهْلُونَا فَٱسْتَغْفِرْ لَنَا يَقُولُونَ بِأَلْسِنَتِهِم مَّا لَيْسَ فِى قُلُوبِهِمْ قُلْ فَمَن يَمْلِكُ لَكُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيْـًٔا إِنْ أَرَادَ بِكُمْ ضَرًّا أَوْ أَرَادَ بِكُمْ نَفْعًۢا بَلْ كَانَ ٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًۢا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБодияшинони мутахаллиф [ки аз ширкат дар сафари Макка ва сулҳи Ҳудайбия худдорӣ кардаанд, барои тавҷеҳи кори худ] хоҳанд гуфт: «[Муҳофизати] Амвол ва хонаводаамон моро гирифтор кард; бароямон омурзиш бихоҳ». Онон чизе, ки дар дилҳояшон нест, бар забон меоваранд. Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло ирода кунад, ки ба шумо зиён ё суде бирасад, кист, ки дар муқобили [хости] Аллоҳ таоло аз шумо дифоъ кунад? Оре, Аллоҳ таоло аз он чӣ мекунед, огоҳ аст»