وَسْـَٔلْهُمْ عَنِ ٱلْقَرْيَةِ ٱلَّتِى كَانَتْ حَاضِرَةَ ٱلْبَحْرِ إِذْ يَعْدُونَ فِى ٱلسَّبْتِ إِذْ تَأْتِيهِمْ حِيتَانُهُمْ يَوْمَ سَبْتِهِمْ شُرَّعًا وَيَوْمَ لَا يَسْبِتُونَ لَا تَأْتِيهِمْ كَذَٰلِكَ نَبْلُوهُم بِمَا كَانُوا۟ يَفْسُقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] аз онон дар бораи [сокинони] шаҳре, ки наздики дарё буд, бипурс, ҳангоме ки онон аз [ҳукми таҳрими сайд дар рӯзи] шанбе таҷовуз мекарданд, он гоҳ ки моҳиҳои эшон дар рӯзҳои шанбе [ки рӯзи таътилу ибодат буд] рӯйи об зоҳир мешуданд ва рӯзҳои ғайри шанбе бар эшон [ҳеҷ сайде рӯйи об] намеомад. Ононро ба [хотири] он ки нофармонӣ мекарданд, инчунин озмудем