caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Maaida, ояти 4

Мадина · тартиби нузул 112 · 5:4

يَسْـَٔلُونَكَ مَاذَآ أُحِلَّ لَهُمْ قُلْ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُ وَمَا عَلَّمْتُم مِّنَ ٱلْجَوَارِحِ مُكَلِّبِينَ تُعَلِّمُونَهُنَّ مِمَّا عَلَّمَكُمُ ٱللَّهُ فَكُلُوا۟ مِمَّآ أَمْسَكْنَ عَلَيْكُمْ وَٱذْكُرُوا۟ ٱسْمَ ٱللَّهِ عَلَيْهِ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلْحِسَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, асҳобат] Аз ту мепурсанд, чи чиз барояшон ҳалол шудааст. Бигӯ: "Чизҳои покиза бароятон ҳалол гаштааст ва [ҳамчунин] он чи ба кумаки ҳайвоноти шикорӣ [ба даст меоваред, чаро], ки онҳоро бо он чи Аллоҳ таоло ба шумо омӯхтааст, дастомӯз мекунед. Пас, аз он чи [худ нахӯрдаанд ва] барои шумо гирифтаанд, бихӯред ва [ба ҳангоми забҳ ё фиристодани ҳайвоноти шикорӣ] номи Аллоҳро бар он бибаред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]. Бе гумон, Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст"
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70