لَّيْسَ عَلَى ٱلْأَعْمَىٰ حَرَجٌ وَلَا عَلَى ٱلْأَعْرَجِ حَرَجٌ وَلَا عَلَى ٱلْمَرِيضِ حَرَجٌ وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ يُدْخِلْهُ جَنَّٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ وَمَن يَتَوَلَّ يُعَذِّبْهُ عَذَابًا أَلِيمًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБар нобино ва ланг ва бемор гуноҳе нест [ки дар ҷанг ширкат накунанд]; ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ҳар ки сарпечӣ кунад, ба азобе дарднок муҷозоташ хоҳад кард