caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи An-Nisaa, ояти 11

Мадина · тартиби нузул 92 · 4:11

يُوصِيكُمُ ٱللَّهُ فِىٓ أَوْلَٰدِكُمْ لِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ ٱلْأُنثَيَيْنِ فَإِن كُنَّ نِسَآءً فَوْقَ ٱثْنَتَيْنِ فَلَهُنَّ ثُلُثَا مَا تَرَكَ وَإِن كَانَتْ وَٰحِدَةً فَلَهَا ٱلنِّصْفُ وَلِأَبَوَيْهِ لِكُلِّ وَٰحِدٍ مِّنْهُمَا ٱلسُّدُسُ مِمَّا تَرَكَ إِن كَانَ لَهُۥ وَلَدٌ فَإِن لَّمْ يَكُن لَّهُۥ وَلَدٌ وَوَرِثَهُۥٓ أَبَوَاهُ فَلِأُمِّهِ ٱلثُّلُثُ فَإِن كَانَ لَهُۥٓ إِخْوَةٌ فَلِأُمِّهِ ٱلسُّدُسُ مِنۢ بَعْدِ وَصِيَّةٍ يُوصِى بِهَآ أَوْ دَيْنٍ ءَابَآؤُكُمْ وَأَبْنَآؤُكُمْ لَا تَدْرُونَ أَيُّهُمْ أَقْرَبُ لَكُمْ نَفْعًا فَرِيضَةً مِّنَ ٱللَّهِ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад: Саҳми писар монанди саҳми ду духтар аст. Ва агар [ворисон ду духтар ё] бештар аз ду духтар бошад, саҳми онон ду савуми тарака аст. Ва агар фақат як духтар бошад, саҳми ӯ нисфи тарака аст. Агар [майит] фарзанд дошта бошад, барои ҳар як аз падару модараш, як шашуми тарака аст ва агар фарзанд надошта бошад ва [танҳо] падару модараш аз ӯ ирс бибаранд, дар ин сурат, барои модараш як савум [сеяк] аст [ва барои падар ду савум] ва агар ӯ [майит] бародароне дошта бошад, саҳми модараш як шашум [шашяк] аст. [Ин тақсими мерос] Пас аз амал ба васиятест, ки карда ва ё [пардохти] воме [ки дорад анҷом мегирад]. Шумо намедонед, ки падаронатон ва [ё] фарзандонатон, кадом як бароятон судмандтар аст. [Ин аҳком] Фариза [-и муайян ва муқаррар] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70