أَمْ تَقُولُونَ إِنَّ إِبْرَٰهِـۧمَ وَإِسْمَٰعِيلَ وَإِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ وَٱلْأَسْبَاطَ كَانُوا۟ هُودًا أَوْ نَصَٰرَىٰ قُلْ ءَأَنتُمْ أَعْلَمُ أَمِ ٱللَّهُ وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن كَتَمَ شَهَٰدَةً عِندَهُۥ مِنَ ٱللَّهِ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Оё] Мегӯед: "Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и ӯ] яҳудӣ ё масеҳӣ буданд [дар ҳоле ки Таврот ва Инҷил пас аз ин паёмбарон нозил шудааст]"? Бигӯ: "Шумо донотаред ё Аллоҳ таоло"? Ва кист ситамгортар аз он, ки шаҳодатеро, ки аз [ҷониби] Аллоҳ таоло [дар китобҳои осмонӣ дар бораи ин паёмбарон омада ва] назди Ӯст, китмон (пинҳон) мекунад? Ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест