وَوَصَّىٰ بِهَآ إِبْرَٰهِـۧمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَٰبَنِىَّ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصْطَفَىٰ لَكُمُ ٱلدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Иброҳиму Яқуб фарзандони худро ба ин оин супориш карданд [ва ҳар як ба онон мегуфтанд]: "Эй фарзандони ман, Аллоҳ таоло ин оинро барои шумо баргузида аст [пас, ба он бигаравед] ва аз дунё наравед, магар ин ки таслими [фармони Ҳақ] бошед"