وَإِن فَاتَكُمْ شَىْءٌ مِّنْ أَزْوَٰجِكُمْ إِلَى ٱلْكُفَّارِ فَعَاقَبْتُمْ فَـَٔاتُوا۟ ٱلَّذِينَ ذَهَبَتْ أَزْوَٰجُهُم مِّثْلَ مَآ أَنفَقُوا۟ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ ٱلَّذِىٓ أَنتُم بِهِۦ مُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар яке аз ҳамсарони шумо ба сӯйи кофирон рафт, он гоҳ шумо [дар ҷанг бар онон пирӯз шудед ва] ба интиқом аз кофирон бархостед, пас, ба касоне, ки ҳамсаронашон [ба сӯйи куффор] рафтаанд, ҳаммонанди он чиро, ки харҷ кардаанд, [аз ғаноим] бипардозед; ва аз Аллоҳе, ки шумо ба Ӯ имон доред, парво кунед