لَّقَدْ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓا۟ إِنَّ ٱللَّهَ ثَالِثُ ثَلَٰثَةٍ وَمَا مِنْ إِلَٰهٍ إِلَّآ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ وَإِن لَّمْ يَنتَهُوا۟ عَمَّا يَقُولُونَ لَيَمَسَّنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки [маъбуди ҳақиқиро маҷмуаи падар, писар ва Руҳ-ул-қудус донистанд ва] гуфтанд: "Аллоҳ таоло савумин [нафар аз] се [маъбуд] аст", ҳатман, кофир шуданд. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз маъбуди ягона нест. Ва агар аз он чи мегӯянд, бознаистанд, ҳатман, ба афроде аз эшон, ки куфр варзиданд, азоби дардноке хоҳад расид