وَءَاتُوا۟ ٱلْيَتَٰمَىٰٓ أَمْوَٰلَهُمْ وَلَا تَتَبَدَّلُوا۟ ٱلْخَبِيثَ بِٱلطَّيِّبِ وَلَا تَأْكُلُوٓا۟ أَمْوَٰلَهُمْ إِلَىٰٓ أَمْوَٰلِكُمْ إِنَّهُۥ كَانَ حُوبًا كَبِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй сарпарастон] амволи ятимонро [пас аз булуғу рушд] ба эшон бозгардонед ва [моли камарзишу] номарғуб [-и худ]-ро бо [моли арзишманду] марғуб [-и онон] иваз накунед ва амволи эшонро ҳамроҳи амволи худ нахӯред. Ба ростӣ, ки ин [кор] гуноҳи бузурге аст