ٱللَّهُ نُورُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ مَثَلُ نُورِهِۦ كَمِشْكَوٰةٍ فِيهَا مِصْبَاحٌ ٱلْمِصْبَاحُ فِى زُجَاجَةٍ ٱلزُّجَاجَةُ كَأَنَّهَا كَوْكَبٌ دُرِّىٌّ يُوقَدُ مِن شَجَرَةٍ مُّبَٰرَكَةٍ زَيْتُونَةٍ لَّا شَرْقِيَّةٍ وَلَا غَرْبِيَّةٍ يَكَادُ زَيْتُهَا يُضِىٓءُ وَلَوْ لَمْ تَمْسَسْهُ نَارٌ نُّورٌ عَلَىٰ نُورٍ يَهْدِى ٱللَّهُ لِنُورِهِۦ مَن يَشَآءُ وَيَضْرِبُ ٱللَّهُ ٱلْأَمْثَٰلَ لِلنَّاسِ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло нури осмонҳо ва замин аст. Масали нури Ӯ ҳаммонанди чароғдонест, ки дарунаш чароғе [афрӯхта] аст [ва] он чароғ дар шишае қарор дорад [ва] он шиша гӯӣ ситорае дурахшон аст. Ин чароғ бо [равғани] дарахти пурбаракати зайтун афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ [ва хуршед ҳамвора бар он метобад]. Равғанаш [чунон зулол аст, ки] наздик аст, бидуни тамос бо оташ шуълавар гардад. Нурест афзун бар нур. [Қалби муъмин низ бо нури ҳидоят ин гуна равшан мешавад] Ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба нури хеш ҳидоят мекунад ва Аллоҳ таоло барои мардум масалҳо мезанад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чиз доност